Сегодня

Тозаахбор

Мутобиқи Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-июли соли 2005 No АП 1823 барои сохтмон, таъмир ва таҷҳизондани муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як миллиону 610 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҷумла барои мактабҳои ноҳияи Дарвоз 145 ҳазор сомонӣ, барои ноҳияи Рушон 195 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Шуғнон 215 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ишкошим 170 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Мурғоб 160 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Тибқи замима ба Амри Президент маблағҳои мазкур мушаххасан барои сохтмону таъмир ва ҷиҳозонидани мактабҳои ҷудогона пешбинӣ гардида бояд самаранок истифода бурда шаванд.

***

Мактабҳои шаҳри Хоруғ соли нави таҳсилро бо ҷорӣ намудани усулҳои таҷрибавии маблағгузорӣ шурӯъ менамоянд. Бо максади амали гардондани Карори Хукумати Чумхурии Точикистон доир ба накшаи татбики ислохоти сохаи маориф ва бахусус ба маблаггузории сарикасӣ(ба ҳар як хонанда)гузаронидани мактабхои шаҳр чун таҷриба бо ибтикори Барномаи маорифи Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон дар ҳамкори бо идораи маорифи вилоят бо кормандони шуъбаи маориф,роҳбарони муассисаҳои таълимии мактабҳои шаҳри Хоруғ,кормандони соҳаи молияи вилояту шаҳр ва муҳосибини мактабҳо семинари серуза баргузор гардид.
Семинарро дар мавзӯи 'Маблағгузории сарикасӣ- самти муҳими ислоҳот' тренерони Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ ба номи Т. Назришоев қурбонов Ғ,Сарбаландов Н ва Нургулов Ф ., Сардори шуъбаи банақшагирии буҷети идораи молияи вилоят Саидраҳматуллоев С.,ва Хушназаров А.-,сармутахассиси Идораи маорифи вилоят гузарониданд.
-Системаи маорифи вилоят меъёрхои байналмиллалиро бемайлон ба амал мебарорад.
Ин тарзи маблағгузорӣ ба беҳбудии мактаб равона шуда,роҳбарони мактабҳо бо тартиби самарабахш истифода бурдани он шинос гардиданд.
Ҳамчунин ин тарзи маблағгузорӣ ба мустакилияти молиявии мактабҳо,таҳияи воқеии буҷаи мактаб аз тарафи директори мактаб ва баланд бардоштани ҳавасмандии моддии омузгорон мусоидат менамояд,-изҳор намуд дар суҳбат ба рузномаи 'Мӯнис' танзимгари Барномаи маорифи Оғохон дар Бадахшон оид ба маблағгузори и сарикасӣ,мушовири рӯзномаи 'Мӯнис' Хушқадам Асматуллоев

***

Мактабҳои ноҳияи Шуғнон барои қабули толибилмон пурра омодаанд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Шодустмамадов қаноатхон ба рӯзномаи 'Мӯнис' иттилоъ дод. Аз ҷумлаи 55 мактабҳои ноҳия 12- тоаашон аз таъмири асосӣ ва бокимондаашон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда,ба соли нави таҳсил пурра омода карда шуданд.
Имсол дар ноҳияи Шуғнон 660 нафар толибилмон ба синфи якум ва 680 нафар ба синфи тайёрӣ дохил мешаванд. Корҳои таъмин намудани мактабҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва таъмини толибилмон бо китобҳои дарсию дигар ашёҳои таълимӣ дар ноҳия идома доранд.ӯ
Умуман дар соли таҳсили 2005-2006 дар 320 мактаби вилоят бештар аз 53000 хонандагон фаро гирифта шуда, ба онҳо зиёда аз 7000 омӯзгорон дарс медиҳанд.
Дар арафаи соли таҳсил дар тамоми ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ машваратҳои августии муаллимон доир гардида, масъалаҳои муҳимтарини соҳаи маорифи вилоят мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд .
Мутахассисони Донишкадаи маълумоти касбии вилоят дар ин машваратҳо ширкат варзида,талаботҳои рӯзмарра ва нақшаҳои таълимии соли таҳсили 2005-2006-ро ба маълумоти омӯзгорон расонданд.

***

Аксари омузгорони мактабҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва мактабҳои такягоҳии вилояти Хатлону водии Рашт дар арафаи соли нав бо донишҳои нави методӣ мусаллаҳ гардиданд.
Мувофики нақшаи Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ барои омузгорони ноҳияҳои дурдасти вилоят ва мактабҳои такягоҳии вилояти Хатлону водии Рашт курсхои омузишӣ доир гардиданд.
Мушовири Донишкада Парпишоев Карам дар мавзӯи 'Истифодаи усулҳои таълим дар дарсҳои таърих ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ' дар мактаби No 24-и водии Бартанг курси модулӣ гузаронида, омӯзгорони мактабҳои ин водии дурдастро бо дастовардҳои навтарини маориф ва роҳҳои баланд бардоштани масъулият ва ҳавасмандкунии хонандагон ошно намуд Чунин семинарҳои дастурдиҳиро бо роҳбарони Маркази маводҳои таълимӣ ва омӯзгорони мактабҳои ноҳияҳои Шуробод,Муминобод, Ховалинг ва водии Рашт мушовирони Донишкада Н. Саодатсайрова, М. Муборакқадамов ва А.Амадбекова гузарониданд.
Мушовири Донишкада Б. Бурҳонов барои омӯзгорони синфҳои ибтидоии водии Ғунди ноҳияи Шуғнон семинарҳои дастурдиҳӣ доир намуд.

***

Ду нафар кормандони сохаи маорифи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон тахсили дусоларо дар Донишкадаи назди Донишгохи Огохон дар Чумхурии Исломии Покистон бомуваффақият анҷом дода,рисолаи номзадиро дифоъ намуданд. Мушовири ДТМК-и ВМКБ Навбаҳор Мамадюсуфов ва муаллимаи фанни биологияи литсеи Оғохон Шаҳло Элназарова дар баробари таҳсил дар донишкада ҳамчунин корҳои илмӣ-ҷустуҷӯиро ба субут расонданд.
Дар айни замон дар Донишгоҳи қарочӣ боз ду нафар маорифчиёни вилоят- Давлат Худоназаров,собиқ директори литсеи Оғохон ва Гулрухсор Қонунова -муаллимаи литсеи Оғохон таҳсилро натиҷабахш идома дода истодаанд.

2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory