Дирӯз ва фардои маориф

ФазилатФазилат Рустамова фаъолияти меҳнатиашро чуномӯзгори оддӣ шурӯъ намуда, тобадараҷаи ҷонишини Раиси ВМКБ сабзидарасид. Аз моҳи майи соли 2005 вай Сардори Иддораи маориф мебошад .

Оғози некро анҷоми нек аст. Азбаски дар соли таҳсили сипаришуда аҳли маорифи вилоят якдилона ва бо қувваю ғайрати дучанд ба кор шурӯъ намуданд, ҷамъбасти соли таҳсили сипаришуда аён сохт, ки заҳмату ғайраташон барабас нарафтааст. Сол ба сол соҳаи маорифи ВМКБ дар такомулу таҷдиди соҳа қадамҳои устуворе пеш мегузорад. Пешрафту такомули соҳа, қабл аз ҳама ба ҳусни таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғамхории беназири Президенти кишвар мӯҳтарам Э. Ш. Раҳмонов, дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар шахси раиси он, мӯҳтарам А. Ниёзмамадов сахт марбут аст. Ҷои баҳс нест, ки бе таҷдиду ислоҳоти соҳаи маориф таҳаввулу инкишофи минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон душвор аст. Аз ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори давлат,мӯҳтарам Э. Ш. Раҳмонов пешбурди маорифро дар мадди аввал гузоштаанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16. 04. 05 омадааст: 'Рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва умуман ояндаи кишвар аз вазъи соҳаи маориф вобаста аст.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илму маорифро ҳамҷун захираи стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунад ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи ичтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд'.

Бо саъю эҳтимоми раиси вилоят марҳилаи сеюми ислоҳоти соҳаи маорифи вилоят оғоз ёфта, дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят моҳи апрели соли 2004 'Барномаи муосиркунонии соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2004-2007' қабул ва тасдиқ гардид, ки айни ҳол пиёда намудани он идома дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят низ ба рушди маориф таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Буҷаи имсолаи вилоят 27.747. 629- сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 13 533 033 - сомонӣ барои соҳаи маориф ҷудо шудааст, ки аз ин мисоли равшантаре наметавон ёфт.

Соли таҳсили гузашта нишон дод, ки заминаи моддию таълимии муассисаҳои таълимӣ то андозае мустаҳкам гардид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо асбобу анҷоми таълимӣ, монанди 100- курсии роҳат, 89- адад миз, 259- тахтаи синф, 38- рафи китобмонӣ ба маблағи 65872 - сомонӣ тақсим гардид. Бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани заминаи моддию таълимии таълимгоҳҳо баҳри рушди соҳа аз фонди захиравии Президенти мамлакат 1 млн 610 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки асосан барои таъмиру тармим, хариди мизу курсӣ ва хобҷома масраф мегардад.

Барномаи ислоҳоти соҳаи маориф (ПРСО) барои сохтмону таъмири мактабҳои ноҳияи Роштқалъа то 30 - ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Бунёди милли маблағгузории Тоҷикистон таъмиру сохтмони мактабҳои No33,37 - и ноҳияи Роштқалъа, No 22-и ноҳияи Ишкошимро ба маблағи 75- ҳазор доллар, таълимгоҳи рақами 7-и ноҳияи Рушонро ба маблағи 130- ҳазор доллар , мактаби No38 - и ноҳияи Шуғнонро ба маблағи 38- ҳазор доллар ба нақша гирифтааст.
Айни замон Барномаи маорифи ХОХ, Барномаи Ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон дар сохтмону таъмири мактабҳои ноҳияҳо ва шаҳр ҳиссаи арзанда гузашта истодаанд.

Дар соли таҳсили 2004-2005 заминаи моддии мактабҳо то андоза беҳбудӣ ёфт. Масалан, дар 16- муассисаи таълимӣ интернатҳои наздимактабӣ бо фарогирии 951 - тарбиягиранда таъсис ёфтаанд. Дар таълимгоҳҳои вилоят 89- кабинети таълимии физика, 73- химия , 36- биология, 25- география, 35- таърих, 66- омодагии дифоӣ, 28- забонҳои хориҷӣ фаъолият доштанд.

Компютеркунонии мактабҳо идома ёфта, соли таҳсили гузашта 276- компютер дар мактабҳо ба ихтиёри мактабиён дода шуданд. Ҷараёни таълиму тарбия рӯ ба инкишоф оварда натиҷаҳои хубе ба мушоҳида мерасидаанд. Соли таҳсили 2004-2005 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят 52532 - хонанда таҳсил кардаанд, синфи 9- ро 4997 - нафар ва синфи 11- ро 4347 нафар хатм намуданд. Аз хатмкунандагони синфи 9 76 - нафар ба гирифтани шаҳодатномаи аъло мушарраф гаштанд. Аз рӯи 11- фанни таълимӣ озмуни фаннии мактаббачагони вилоят гузаронида шуд, ки дар он 260- нафар иштирок карданд ва 22 - нафарашон ба давраи хотимавии озмун роҳ ёфтанд.

Мактабиёни вилоят дар чорабиниҳои берун аз мактабӣ фаъолияти хуб зоҳир намуданд. Чунончи бахшида ба 80 -солагии ВМКБ аз рӯи мавзӯъҳои 'Асри ХХI - асри Бадахшон', 'Об барои ҳаёт' ва ғайра озмуни иншоҳои беҳтарин гузаронида шуд, ки дар онҳо 28 - нафар хонандагон ширкати фаъолона доштанд.

Муассисаи тобеи идораи маориф - Маркази корҳои тарбиявию беруназмактабӣ дар ташкил ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ ва дигар чорабиниҳо саҳмгир буда, бахшида ба рӯзи Бонувон 8- уми март озмуни ' Канӣ, духтарон?' - ро дар сатҳи баланд анҷом бахшид.

Дар баробари чорабиниҳои мухталиф гузаронидани озмунҳои 'Беҳтарин осорхонаи мактабӣ', 'Беҳтарин мактаби сол' , 'Беҳтарин мураббии сол' ва ҳоказоҳо ҳукми анъанавӣ гирифтааст.

Ба ин тартиб дар озмуни 'Беҳтарин осорхонаи мактабӣ'осорхонаи мактаби No40-и ноҳияи Ванҷ ба ҷои якум, осорхонаи мактаби No12-и ноҳияи Шуғнон ва мактаби No5 шаҳри Хоруғ ба ҷойҳои дуюму сеюм шарафёб шуданд.

Дар маркази корҳои тарбиявию беруназмактабӣ соли гузашта маҳфилҳои техникӣ барои 421-хонанда, 9-маҳфили табиатшиносӣ барои 163-талаба, 21- маҳфили сайёҳӣ - кишваршиносӣ барои 785-хонанда, 197 маҳфили эҷодиёти адабӣ барои 6577-хонанда амал намудаанд. Соли таҳсили сипаришуда дар 71- мактаб таълими тафриқавии самти гуманитарӣ, дар 60 мактаб таълими тамоюли самти риёзӣ-иқтисодӣ, дар 27-мактаб омӯзиши тафриқавии самти табиӣ ба роҳ монда шуда буд.
Танҳо дар нимсолаи соли таҳсили 2004-2005 130 - муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз аттестатсияи навбатӣ гузашта соҳиби иҷозатнома оиди пешбурди таълиму тарбия гардиданд.

Дар пешбурди таълиму тарбия нақши кадрҳои педагогӣ аввалиндараҷа аст. Соли сипаригашта дар муассисаҳои таълимии вилоят 6535-нафар кадрҳои педагогӣ ба таълиму тарбияи мактабиён шуғл доштанд, ки 4250 нафарашон (68%) бо маълумоти олӣ, 376 -нафар (6%) бо маълумоти олии нопурра, 1453-нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ, 456 (6%) нафар бо маълумоти умумӣ ифои вазифа намуданд.

Аз байни 320-нафар директор ва мудирони мактаб 59- нафарро занон ташкил менамоянд. Албатта, бе равнақи корҳои методӣ ва рушди касбии омӯзгорон таҷдиди соҳа сахт душвор мебошад. Хушбахтона, дар вилоят Донишкадаи такмили маълумоти касбӣ фаъолият дорад, ки дар адои ин вазифа нақши хеле муҳим мебозад. Бамаврид аст, бигӯем, ки Донишкадаи мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ низ шӯҳрати зиёде касб кардааст. Ҳамин сол кофист, ки фақат тӯли шаш моҳ донишкада 22-курсу семинарҳо доир намудааст, ки дар он беш аз 479- шунаванда иштирок доштанд. Аз ҷумла, барои омӯзгорони синфҳои ибтидоии ноҳияҳои Нуробод ва Роғун курси 10-рӯза, барои омӯзгорони ноҳияҳои Мӯъминобод, Ховалинг, Шӯрообод, курси 10-рӯзаи омӯзиши усулҳои фаъоли таълим, барои омӯзгорони мактабҳои ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Рашт ва Роғун курси 10-рӯзаи идоракунӣ дар соҳаи маориф сурат гирифтанд, ки дар онҳо 224 нафар такмили касб кардаанд. Таъсиси Маркази маводҳои таълимӣ дар ҷамоатҳо ва мактабҳои такягоҳӣ дар ривоҷи корҳои методию ёрии амалӣ ба омӯзгорон ба таври мусбат арзёбӣ мегардад.
Бо вуҷуди ниҳоят кам будани кормандон идораи маориф назорату роҳбариро ба муассисаҳои тобеъ ва таълимгоҳҳо зиёд намуда, дар рафъ намудани як қатор норасоиҳо нақши муҳим бозид. Ҳангоми соли таҳсили 2004-2005 6-мушовараи идораи маориф баргузор гардиданд, ки масоили муҳиме, аз қабили 'Фаъолияти созмонҳои талабагӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ', 'Ҳолати нигоҳдошт ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Рӯшон', 'Аттестатсияи кадрҳои педагогӣ в а самаранокии он кор бо мутахассисони ҷавон ва ҳолати ҳуҷҷатгузории ҳайати шахсии кормандони педагогӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ', 'Аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва самаранокии он дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа', 'Омодагӣ ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни сафарҳои хизматӣ кормандони идора бо кормандони шӯъбаҳои маориф ва омӯзгорон вохӯрда, аз боби бурду бохти соҳа сӯҳбат мекунанд, баҳри бартараф намудани норасоиҳо тавсияҳои мушаххас пешниҳод мекунанд. Мувофиқи нақша сардори идора дар машваратҳои имсолаи августии омӯзгорон ширкат варзида, ба ҳамаи шӯъбаҳои маориф, омӯзгорони ҷамоатҳо вохӯрию мулоқот доир намуданд. Ҷои қайд аст, ки сардори идораи маориф аз рӯи мавзӯи 'Истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2005' аз тариқи радио баромад карда, бо кормандони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ орост. Пӯшида нест, ки дар соли сипаригашта камбудиҳо низ вуҷуд доштанд. Аз ҷумла, бинои беш аз 180 мактаб таъмирталаб буда, зиёда аз 70 таълимгоҳ дар вазъи садамавӣ қарор доранд. Дар вилоят аз фанҳои мухталиф 831-омӯзгори соҳибихтисос намерасад, теъдоди омӯзгорони ғайриихтисос аз 1000 нафар зиёд аст.

Идораи маориф ният дорад, ки дар соли нави таҳсил камбудиҳоро барҳам дода, дар пешрафту равнақи соҳа саҳми арзанда гузорад. Барои амалӣ гардидани ин нияти хайр саъю ҷадали аҳли ҷомеа, тамоми идораю муассисаҳо зарур аст. Мо мутмаинем, ки ҳар фарди соҳибдил аҳамияту мавқеияти соҳаи маорифро дар ҷомеаи имрӯза хуб дарк хоҳад кард ва ҳаддалимкон дар таҷдиду такмили он кӯмаки хешро дареғ нахоҳад дошт.