Бозиҳои дидактикӣ дар дарси химия
Имомёров Охониёз Омӯзгори мактаби миёнаи рақами 30 н. Роштқалъа
Истифодаи роҳ ва усулҳои гуногун дар дарси химия тақозои замон аст.
Роҳ ва усулҳои замонавии кӯдакмарказ, гурӯҳбандӣ, рафтор бо роҳҳои дискретӣ,
тафриқавӣ, системавию функсионалӣ, истифодаи бозиҳои дидактикӣ, викторинаю
ҳарфёбакҳо ва цайра дарсҳои химияро шавқовар ва аҷоиб мегардонанд.
Ман мехостам чанд сатреро оиди истифодаи бозиҳои дидактикӣ дар дарси химия аз
таҷрибаи худ барои ҳамскасбонам пешниҳод намоям.
I Бозӣ барои гурӯҳбандӣ
Ман пешакӣ 2, 3 ва ё 4 расмро (мувофиқи шумораи хонандагон ) мекашам: Мисол
(колба, спиртовка, штатив). Расмҳои кашидаамро дар шакли фигураҳои геометрӣ
мебурам ва ба хонандагон тақсим мекунам. Ба шогирдонам супориш медиҳам, ки
шаклҳои дар дастдоштаро бо шаклҳои мувофиқи ҳамсинфони худ пайваст намоянд.
Ҳамин тариқ хонандагон аз рӯи шаклҳои бурида 'Колба' 'Спиртовка ' ва ' Штатив '-
ро ҳосил мекунанд ва ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд:
Барои ин бозӣ 2 дақиқа вақт дода мешавад. Баъзан агар ба ҷои расми колба,
спиртовка ва штатив расмҳои дигарро истифода барам, метавонам дар қафои расм
пешаки формула, масъала ва ё ягон супориши дигареро вабаста ба мавзӯъ менависам.
 Хонандагон ба гурӯҳҳо тақсим шуда метавонанд яку якбора ба саволи дар пушти
расми ҳосилшуда навишташудагӣ ҷавоб диҳанд.
II Бозии лотои химиявӣ
Дар баъзе дарсҳои худ, ба хусус дар мавзӯъҳои 'Робитаи генетикии байни
пайвастагиҳои цайриорганикӣ, 'Аломати элементи химиявӣ', 'Системаи даврӣ' ва
цайра ман бозии 'лотои химиявӣ'-ро истифода мебарам .
Мувофиқи шумораи гурӯҳҳо 2, 3 ё 4 варақчаро тайёр Аз қоцази цавс ё картон
доираҳо бурида шудаанд. Дар рӯи ин қоцазҳои бурида шуда формула ва аломати
элементҳоро менависем.
 Пешакӣ доирачаҳои буридашударо дар даруни халтача андохта, ҳангоми бозӣ онҳоро
истифода мебарам. Ҳангоми бозӣ, аввал варақчаҳоро ба гурӯҳҳо тақсим мекунам ва
баъд ман (ё яке аз шогирдон) аз халтача доираҳоро бароварда номи формулаҳои дар
рӯйи онҳо навиштагиро мехонам. Шогирдон бошанд формулаҳои мувофиқ омадаро дар
гурӯҳҳо хат задан мегиранд. Бозиро ҳамон гурӯҳе мебарад, ки аз ҳама пештар
формулаҳои дар 1 қабат навишта шудагиро хат занад.
Бозии ҳарфёбак
Агар шогирдон ҳарфҳои чаппа навиштагиро дуруст ҷо
ба ҷо кунанд, номи элементҳоро
меёбанд ва супориш мегиранд, ки ном ва аломати ин элементҳоро нависанд.
 Ҳамин намуди ҳарфёбакҳоро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, баъд аз 2 ё 3 дақиқа
шогирдон ба онҳо ҷавоб мегардонанд.
|