Сегодня

Истифодаи шаклу воситаҳои нави таълим дар дарси забони тоҷикӣ

Дарвозиева Гуландом, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи рақами 21-и ноҳияи Ишкошим.

Мактаб зинаи аввалин ва асосии таълими забони адабии ҳозираи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Хонандагон аз нахустин рӯзҳои дарс дар мактаб бояд ба меъёрҳои забони адабӣ, қонуну қоидаҳои талаффузу навишти овозҳо ва калимаю таркибҳо (ҷумлаҳо) одат карда, баъд ба маънии аслию маҷозии воҳидҳои луғавӣ, қоидаҳои калимасозию калимабандӣ, иборасозию ҷумлаороӣ сарфаҳм раванд.

Чунки забони модарӣ дар мактаб таҳкурсии омӯзиши ҳамаи фанҳо ба шумор мераванд.

Дар барномаи нави забони тоҷикӣ барои мавзӯи адад дар синфи VI -8 соат ҷудо шудааст. Дар давоми ҳамин 8 соати муқарраршуда хонандагон бояд ба тамоми мавзӯъҳои адад шинос шаванд. Ман шуморо бо таҷрибаи кории худам дар синфи VI шинос мекунам.

Пеш аз сар шудани дарс бо хонандагон дар бораи мавзӯъҳои пешомӯхташуда саволу ҷавоб карда, бо чунин савол ба онҳо муроҷиат мекунам:

- Бачаҳо имрӯз чандум аст?

Муниса - Имрӯз 4 - марти соли 2005.

Офарин.

- Бачаҳо чор чӣ ҳаст?

Сӯҳроб - Чор адад аст.

- Офарин.

Бачаҳо адад чӣ маъно дорад?

Интизор - Адад ин шумора аст.

Офарин Интизор!

Дар синфи шумо чандто мизу курсӣ аст?

Манижа - 10 миз ва 20 курсӣ.

Бисёр нағз, духтарҷон.

Бачаҳо, пас мавзӯи имрӯзаи мо чист?

Хонандагон бо як овоз: Адад

Офарин, бачаҳо.

Адад. Хелҳои адад, ё (Гушаҳои адад)

Аз рӯи нақшаи зерин ададҳоро (гӯшаҳои адад) муайян кардем.

Баъд аз ин ҳамаи хонандагонро ба назди тахтаи синф даъват менамоям. Дар хатчаҳо ададҳои зерин навишта шудаанд, Як, нуҳ, бист, сад, шашяк, сеяк, даҳ - дувоздаҳ, як- ду, ду- се, бистудуюм, як саду панҷоҳ, нахуст, дуюм, сеюм, аввал.
Ҳар як хонанда варақча мегирад. Ана бачаҳо, ҳар кас хешу табори худашро аз рӯи хелҳои адад ёбад.
Бачаҳо каме ба ҳамдигар нигоҳ карда, ҳар кадом ба тарафи хеш худашон мераванд ва ҳамин тавр ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд.

Супориш аз рӯи китоби дарсӣ.

а) Машқи 116 с. Ададҳои аслӣ ва тартибии матнро бигӯед.
б) Машқи 118. Бо истифодаи ададҳои касрӣ чанд порчаи назмӣ мисол биёред.
в) Машқи 120. Ададҳои бо ҳарф ифодаёфтаро бо рақам ва адади бо рақам омадаро бо ҳарф нависед.

Ҳар кадом гурӯҳ ба кор шурӯъ менамояд.
Барои иҷрои фаъолият 5 дақиқа вақт дода мешавад.

Гуруҳи I: Нозанин - ба саволи супориш чунин ҷавоб дод:

Абдуллоҳи Ансорӣ 2-юми шаъбони соли 396 (майи 1006) дар Ҳирот таваллуд шудааст. Дар чор солагӣ ба мактаб рафт. Чор адади аслӣ аст.

Аз гурӯҳи дуюм Нозанини Мирбозхон ҷавоб дода чунин гуфт:

Ҳазору як-з-он, к-ӯ ёфт аз атои мулук,
Ба ман диҳӣ, сухан ояд ҳазор чандонам.
(А. Ҷурҷонӣ)

Ҳазору як - адади касрӣ

Луғатҳо (калимаҳои душворфаҳм )-ро дар тахтаи синф навишт.

ато - бахшиш, инъом
мулук- подшоҳ

Офарин, духтарҷон ва сазовори байрақча шуд. Аз гурӯҳи сеюм Валимуҳаммад чунин ҷавоб дод:

Ду се рӯзе шудам меҳмони Дарвоз,
Намудам сайри ҳар бӯстони Дарвоз,
(А Деҳотӣ)

Ду се адади тахминӣ

Илова ба гурӯҳи якум: Фариза чунин мисол овард ..... 20 нафар аз бузургзодагони ҷавони муҳаллиро ба гарав гирифта, ба тарафи Самарқанд равон гашт....

20-адади аслӣ аст.


-Офарин.

Бачаҳо як қарсак ба гурӯҳи якум, ки ду мисол гуфтанд.

Дар ин вақт гурӯҳҳои дуюму сеюм ҳам ба шавқ омада, мисолҳои зиёдеро гуфтанд. Гурӯҳи сеюм:

Интизор чунин мисол овард:

Чаҳор чиз омад нишони аблаҳӣ,
Бо ту гӯям, то биёбӣ огаҳӣ,
(Ф Аттор)

Гурӯҳи дуюм:

Низомӣ чунин порчаи шеърӣ қироат кард.

Сар то сари шашяки ҷаҳон давр занам,
Бошубҳа, туро дар ҳама ҷо бинам ман.

(Ҳ Юсуфӣ).

Мақсади асосии ин супориш дар он аст, ки хонандагон ба дарс ҷалб мешаванд, нутқашон инкишоф меёбад. Бачаҳои нисбатан сустхон ҳам дар гурӯҳ ба кор кардан, тартиб додани ҷумлаҳо сар мекунад, ва порчаҳои шеъриро қироат мекунанд. Ин тарзи кор қобилияти фикрии хонандагони сустхонро низ инкишоф медиҳад.

Баъд аз ин ба гурӯҳҳо варақчаҳо тақсим карда супориш дода мешавад. Ба ҷои нуқтаҳо адад нависед. (Аз китоби дарсии адабиёт).

1..... гуле аз гулшани боғи ҷаҳон гум кардаам,
Булбули мастам, ки роҳи бӯстон гум кардаам.


2. Рубоӣ калимаи арабӣ буда, маънои ........ -ро ифода мекунад.

3. Шоҳе дидам, ки ..... кишвар дорад, ...... ҳараму.... моҳи анвар дорад. (ҳафта ва ... рӯз)

Барои иҷрои супориш ба гурӯҳҳо 5 дақиқа вақт муаяйн мекунам ва баъди мӯҳлати вақт ба пурсиш шурӯъ мекунам.
Аз ҳар гурӯҳ як нафар хонанда дар тахтаи синф мисолҳо менависанд. Аз гурӯҳи якум.

Суҳроб чунин мисолҳо навишт:

Шоир ду-се поси он шабро бо шабзиндадории пурфикру хаёл гузаронд:
Ду - се адади тахминӣ
Пос -як ҳисса аз чор ҳиссаи шаб
Як, чор - ададҳои аслӣ

Аз гурӯҳи дуюм Гулрух чунин мисол навишт

Саду сӣ сипар гуна- гуна зи зар,
Ғулофаш зи дебо, нигора аз гуҳар,
Саду сӣ - адад аст.
дебо - порчаи абрешим

Аз гурӯҳи сеюм Нозим чунин мисол навишт.

Арбоб Камол 50 сар гӯсфанду буз ва як сар
маркабро ба дасти Одина супурда, ӯро ба
хизмати чӯпонӣ ва ҳезумкашӣ фармуд.
50, як- ададҳои аслӣ
маркаб -хар

Ҳар як гурӯҳ супориши худро иҷро кард; ба ҷои нуқтаҳо ададҳоро гузоштанд ва ададҳоро бо хелҳояшон фаҳмонда доданд. Хонандагон мисолҳои дар тахтаи синф навиштаашонро хонда яко -як бо луғатҳояшон таҳлил карданд.

Офарин, бачаҳо. Ба гурӯҳҳо байрақчаҳо дода шуд.

Акнун дар байни гурӯҳҳо доир ба адад саволу ҷавоб ташкил мекунам. (ҳамагӣ 3 дақиқа вақт дода мешавад)

Муниса савол медиҳад:

Адад чист?

Аз гурӯҳи якум Сабрина ба савол чунин ҷавоб дод:

Адад калимаест, ки шумораи ашёро мефаҳмонад: чор китоб, як қалам, ду - се рӯз.

-Офарин.

Гулрух чунин савол дод?

Гунаҳои ададро номбар кунед?

Аз гурӯҳи дуюм

Масрур ҷавоб дода чунин гуфт:

Адад чор қисм аст: аслӣ, тартибӣ, касрӣ ва тахминӣ.

-Офарин, бачаҳо.

Аз иҷрои чунин супоришҳо бармеояд, ки хонандагон мавзӯи ададу гуноҳои ададро аз худ кардаанд.

Супориши вазифаи хонагӣ машқи 119 саҳ 83

а) Ададҳо 1, 8, 100, 70, 1/2, 3, 9, 4/7.

5-6, 10-14, 200-250 - ро бо ҳарф нависед ва аз китоби дарсии адабиёт (5) ҷумларо барои адад нависед.

в) Бо истифодабарии ададҳо дар бораи мактабатон ҳикояи хурдеро тартиб диҳед. Дар охири дарс муаллим гуруҳҳои ғолибро аз рӯи байрақчаҳо муайян ва эълон менамояд. Баъд барои ҳавасманд намудан ба хонандагон барои иштироки фаъолонаашон баҳои ' аъло ' ва 'чор ' мегузорад.

Мақсади бо (тарзи ) усули нав гузаронидани дарси ҳозиразамон - гурӯҳбандӣ дар он аст, ки ҳар як хонанда озод аст. Ӯ метавонад бо ҳар гуна роҳ фикри хешро баён кунад. Бигузор хато бошад, лекин гап заданро ёд мегирад, муносибати ӯ бо ҳамсинфон, бо омӯзгорон мустаҳкам мешавад. Ӯ оҳиста-оҳиста ба хондан, навиштан ва ҷавоб додани ададҳо малака (ҷуръат) пайдо мекунад. Хонанда боварӣ ҳосил мекунад, ки қобилият дорад, шавқу завқи ӯ ба дарсхонӣ зиёд мешавад. Ҳар муаллим мехоҳад, ки дарсҳои ҳаррӯзаи худро гуногунранг ташкил намуда, шавқу ҳаваси хонандагонро ба фанни забон ва адабиёти тоҷик зиёд намояд, қобилияти эҷодкорӣ, фикрронӣ, саводнокӣ, ҳусни хат, захираи луғавии хонандагонро бой гардонад ва онҳо дониши гирифтаашонро дар амал истифода бурда тавонанд, ҳангоми дар таҳсили минбаъда ба душворӣ рӯ ба рӯ шудан онро паси сар карда тавонанд.

Ин буд як дарси намунавӣ аз фанни забони тоҷикӣ дар синфи 6, ки ба мавзӯи 'Адад ва гунаҳои адад' бахшида шудааст.

2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory