Сегодня

Ҷобир Мулкамонов - мудири бахши мактабшиносии ДТМК-и ВМКБ

ЧобирФайласуф Иммануэл Кант барҳақ фармудааст: 'Ду кашфиёти инсоният аз ҳама душвортаранд; махсусан: санъати идоракуни ва санъати тарбия'.

Бахусус дар даврони кунунии гузариш аз педагогикаи зуроварӣ ба педагогикаи ҳамкории муаллиму хонанда, технологияи таълими инкишофпазир, ворид гардидан ба фазои ягонаи байналмилалии маълумот ' шаклу усули нави мактабдорӣ ва идоракунии системаи маориф'- ро тақозо мекунад. Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон давлат 'демократикунонии идораи маълумотро' вазифаи аввалиндараҷаи ислоҳоти соҳаи маориф мешуморад. Барои амалӣ гардидани ин вазифа сарварони мактабҳо масъулияти беше доранд.

Ҳанӯз ниёгони мо муҳим будани ин масъаларо таъкид намуда буданд. Сухани зерини алломаи машриқзамин чун ҳазор сол қабл имрӯз ҳам хеле муҳим ва замонавӣ мебошад.

Бидон раҳрову он гоҳ раҳбарӣ кун,
Надида роҳ тарки доварӣ кун.
(Н.Хусрав)

Биноан, ҳар як роҳбар, минҷумла роҳбари муассисаи таълим бояд маъсулиятшинос бошад, зероба зиммаи ӯ идораи коллективи калони кӯдакону омӯзгорон, хизматгузорон, коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, ҳисоботҳои омор, буҷаи мактаб, идораи сифати таълим гузошта шудааст.

Идоракунии муосири соҳаи маориф -ин ҷараёни банақшагирӣ, ташкилӣ, далеловарӣ, ҳамоҳангсозӣ , мувофиқгардонӣ, танзим, назорати ҳама гуна меҳнати якҷояи одамонро дар бар мегирад.

Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо Бахши мактабшиносии ДТМК барномаҳои мухталифро таҳия ва амалӣ намуда истодааст. Ҳар як фаъолият натиҷагирӣ (мониторинг) ва арзёбӣ шуда, барои ислоҳи камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Эҳтиёҷоти манфиатгирандагон ҳама вақт дар мадди аввал истода, барномаҳо ва дастурҳо мувофиқи талабот, дархост ва пешниҳодоти Вазорати маориф ва манфиатгирандагон тайёр ва замонавӣ карда мешаванд.

Мақсадҳои асосии барномаҳои Бахши мактабшиносӣ ин баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони роҳбарикунандаи соҳаи маориф, директорони мактабҳо, муовинони директор ва кормандони иҷтимоии ҷомеа мебошад. Аз ин лиҳоз мо аз он қаноатмандем, ки дар муддати чор соли охир бо дастгирии бевоситаи молиявӣ ва кӯмаки беғаразонаи вазорату сохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Шабакаҳои Хазинаи Оғохон, Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд ва дигар маблағгузорон қариб ҳамаи кормандони шӯъбаҳои маориф, хадамотхои методии ноҳияҳою шаҳри вилоят, сарварони мактабҳо, ҷонишинони директорони мактаб, раисони кумитаи падару модар, ташкилотҳои деҳот ва маҳалла аз курсу семинарҳои гуногун гузаштанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки соли сеюм боз ДТМК-и вилоят дар асоси пиёда намудани Барномаи рушди маълумоти ибтидоӣ дар Тоҷикистон, ки бевосита аз тарафи Хазинаи Оғохон ва Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушд дастгирӣ мешавад, дар ноҳияҳои Шӯрообод, Муъминобод, Ховалинг, ДТИМ-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ДТИ-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои Нуробод, Роғун, Рашт ва Тоҷикободи водии Рашт кор ва фаъолият бурда истодааст.

Ташкил намудани гурӯҳҳои ёрирасони ноҳияҳо, ки зиёда аз 100 нафар сарварони мактабҳо, кормандони шӯъбаҳои маориф, раисони Кумитаҳои падару модарро дар бар мегиранд, ки баъди гузаштан аз курсҳои 15 рӯзаи тайёр намудани тренерон оид ба барномаҳои мухталиф бо кӯмаки молиявии ДТМК-и вилоят ва раҳнамоии кормандони бахш тавонистанд чунин курсу семинарҳоро дар ҳудуди деҳотҳои ноҳияҳои худ гузаронанд. Бо ин усули кор мо тавонистем қариб ҳамаи манфиатгирандагони Барномаҳои бахшро фаро гирем.

Инак чанде аз онҳо. Сифати беҳтарини роҳбари муассисаи маорифи ҳозира - ин дарки пешомадҳои ҳар омӯзгору хонанда, аз самими қалб таваҷҷуҳ доштан ба одамон, аз паси худ бурда тавонистани фардиятҳо аст. Бо ҳамин мақсад бахш барномаи 'Менеҷмент ва сарварӣ дар соҳаи маориф'-ро таҳия ва амалӣ гардонида истодааст.

Ислоҳоти соҳаи маориф ва ба ҳалли проблемаҳои маориф ҷалб намудани тамоми ҷомеа, 'иштироки тамоми институтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ва иҷтимоии ҷомеаро дар тарбияи кӯдакон (педагогизатсияи муҳити ҷамъиятӣ) тақозо дорад. Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов борҳо ' тарбияи насли наврас кори тамоми ҷомеа аст' -ро таъкид намудаанд.
Хоҳиши дастгирии мактабу таҳсилот, хайрхоҳию эҳсонкорӣ дар ҳаққи мактаб, ҷалби маблағҳои иловагии ғайрибуҷавӣ кормандони бахшро водор намуд, ки барномаи 'Ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба шабакаи маориф, мактаб маркази ҷомеа'-ро омода ва амалӣ намоянд.

Роҳбари хуб имрӯз он аст, ки тамоми фаъолиятҳои ба маблағ алоқамандро идора карда тавонад: тартиб додани буҷаи мактаб, назорати манбаъҳои даромади иловагӣ, дарёфти сарпараст, ҷалби эҳсонкорӣ яке аз сифатҳои хуби роҳбари имрӯза мебошанд. Идораи хубу хароҷоти самарбахши маблағҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавиро барномаи ' Идоракунии молиявӣ, буҷет ва омор дар мактабҳо' дар бар гирифтааст, ки то имрӯз манфиатгирандагони барнома аз он қаноатманданд.

Падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд), вазифадоранд барои сиҳатии ҷисмонӣ ва рӯҳии кудак пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити заруриро муҳайё созанд. Барои ҳалли ин масъалаҳо онҳо ба таълими педагогӣ муҳтоҷанд.

Бахши идоракунӣ барномаи ' Донишҳои педагогӣ барои волидайн'- ро таҳия намуд, ки аз гузаронидани семинарҳо барои волидон, раисони комитетҳои падару модарон, раисони маҳалла, мураббиёни кудакистонҳои ш. Хоруғ, қаноатманд буда, натиҷаҳои он назаррасанд.

Дигаргуниҳои рӯзмарра, ислоҳоти мунтазами соҳаи маориф, навовариҳо, эҷодкорӣ, ҷасорати амалӣ намудани усулҳои гуногуни муосири таълим омӯзгорони мактабҳо ба раҳнамоию кӯмак эҳтиёҷ доранд. Бо мақсади раҳнамоӣ бахш 'Барномаи менторӣ'-ро кор карда баромада онро амалӣ намуда истодааст, ки имруз 22 мактаби такягоҳӣ аз он бархурдоранд. Ҳадафи асосии он рушди ҳаматарафаи мактаб аз ҳисоби захираҳои инсонии худи мактаб мебошад. Ин ҳамкориҳо таҷрибаи мактаб, бахш ва кормандони шӯъбаи маорифро мустаҳкам ва ғанӣ мегардонанд.

Бо ифодаи Саъдии бузург:

Гар ба яке таҷриба омӯхтӣ,
Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.

Дархосту талабномаҳо оиди гузаронидани курсу семинарҳо ба ДТМК-и вилоят, аз он ҷумла Бахши мактабшиносӣ на факат аз тарафи идора ва муассисаҳои соҳаи маориф, балки дигар муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ рӯз ба рӯз меафзояд. То кунун аз тарафи кормандони бахш якчанд курсу семинарҳо бо дархости Бонки Умумиҷаҳонӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон ва дигар Барномаҳои Шабакаи Хазинаи Оғохон оид ба 'Идоракунӣ ва сарварӣ', 'Ҷалби аҳли ҷомеа ба мактаб, мактаб ҳамчун маркази ҷомеаи маҳал' гузаронида шуданд. Ҳар як курсу семинар аз тарафи шахсони муттассадии муассисаҳои дар боло зикршуда баҳо дода шуда, онро аъло арзёбӣ намуданд, ки ин масъулияти моро дар байни мизоҷон дучанд намуда, дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки талаботҳои манфиатгарони Барномахои Бахшро бо дарназардошти сифат, дархост ва талаботашон ба пуррагӣ қонеъ гардонем.

Норасоиҳои асосие, ки ба натиҷаҳои ниҳоӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ин пеш аз ҳама зуд- зуд иваз шудани кормандони шӯъбаҳои маориф ва сарварони мактабҳо мебошад, ки аз курсу семинарҳо гузашта донишҳои гирифтаашонро пурра дар амал ҷорӣ нанамуданд. Илова бар ин на ҳамаи манфиатгирандагон он донишу малакаҳоеро, ки гирифтаанд, ба пуррагӣ татбиқ менамоянд, зеро пешрафти ҳар як муассиса аз кордонӣ ва коргузории ҳар як роҳбар вобастагии калоне дорад.
Дар баробари ин кормандони бахш дар гузаронидани чорабиниҳои Идораи маориф ва Донишкада ба монанди озмуни 'Муаллими сол','Олимпиадаи вилоятии мактаббачагон', ташкилу гузаронидани конфронсҳо, таҳияи нишонду дастурҳои методӣ иштироки фаъолона доранд.

Кормандон ва ифтихориёни (волонтёр) бахши мактабшиносӣ Бодуренова Мавҷигул, Асалбекова Наҷиба, Мирова Садбарг, Сурма Девлохова, Нисо Шехакова, Манзура Шодмонбекова, Ғуломносир Қурбонов ва Некруз Сарбаландов ҳамеша дар кӯшиши онанд, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро таҳлилу дастраси кормандони соҳаи маорифи вилоят намоянд. Албатта, ҳамаи ин дастовардҳо бе дастгирии бевоситаи Идораи маорифи вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон, сарварони ДТМК, ДТИ-назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва шаҳр ғайримкон мебуд ва минбаъд ҳам ҳамкориҳоро бо тамоми кормандони зинаҳои гуногуни густариш мебахшем.ӯ

2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory