Рушди маориф, бурду дигаргуниҳо

Яъқуб Исмоилов, Ҷонишини директори оид ба синфҳои ибтидоии мактаби такягоҳии No1, ноҳияи Тоҷикобод

Президенти кишвар дар яке аз баромадҳояш соҳаи маорифро дар сиёсати худ дар ҷои аввал гузошт. Ҳаминро дар баробари гуфтаҳои ин сиёсатмадор гуфтаниам, ки ин яке аз иқдомҳои волотарини Сарвари ҷумҳуриамон мебошад. Рушди ҷомеа ва давлат ин саводнокии омма, асосан ҷавонон аст. Бинобар ин мо дар ҳамкории барномаи IBET, Хазинаи Оғохон ба воситаи ДТМК-и ВМКБ, ки зиёда аз яку ним сол шуд, ин гуфтаҳои сарварамонро дар ноҳияи худ амалӣ гардонида истодаем.
Зиёда аз яку ним сол мешавад, ки мактаби таҳсилоти умумии No1-и ноҳияи Тоҷикобод бо яке аз барномаҳои IBET-и, ки ба рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон равона карда шудааст, ҳамкорӣ дорад.

Дар ин муддат муаллимони мактаби мо бо роҳу усулҳои фаъоли таълим, ки ин усулҳо аллакай дар ҷаҳони пешрафта маълуманд, шиносоӣ пайдо карданд. Ин роҳу усулҳои нави таълимро омӯзгорони мактаби мо дар дарсҳои худ истифода мебаранд ва натиҷаҳо ҳам аллакай ба даст омада истодаанд.

Дар давоми 1,5 соли ҳамкорӣ, ки асосан барнома тавассути Донишкадаи такмили маълумоти касбии ба номи Т. Назришоеви ВМКБ сурат мегирад, зиёда аз 6 маротиба муаллимони синфҳои ибтидоӣ, 4 маротиба маъмурияти мактаб ва коркунони шӯъбаи маориф, инчунин 2 маротиба намояндаи кумитаи волидайни мактаб аз курсу семинарҳо гузаштаанд.

Семинарҳо асосан дар мавзӯи роҳу усулҳои нави таълим аз фанҳои забони модарӣ, риёзӣ, барномасозӣ, идоракунӣ дар соҳаи маориф, ҷалби ҷомеа ба мактаб ва ҳисобу ҳасаб дар соҳаи маориф буданд.

Дар ин семинарҳо муаллимони пуртаҷрибаи ДТМК- и ба номи Назришоеви ВМКБ, аз ҷумла Ш. Хоников, А. Аҳмадбекова, Ё. Холиқназаров, У. Отамбекова, Х. Шаболов, Г. Миршакарова, Ф. Нургулов, Ғ. Қурбонов ва дигарон саҳми арзандаи худро дар рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд, ки шоире дар ҳаққи чунин устодон гуфтааст:

Эй муааллим, шахси соҳибэҳтиром,
Нексират, некният, некном.
Аз ту бигрифтам сабақ дар зиндагӣ,
Аз ту миннатдор ҳастам ман мудом.

Инчунин мактаб аз тарафи барномаи IBET- ба маблағи 11 ҳазор доллари амрикоӣ пули бебозгашт, яъне грант гирифта, барои таъмири бинои синфҳои ибтидоӣ ва толори варзиши мактаб равона намуд.

Дар мактаб фонди ғайрибуҷавӣ таъсис ёфт, ки пеш аз ҳама саҳми мушовири хазинаи Оғохон Хашл Тетли ва директори мактаб Ҳуҷумборов И. дар ташкилшавии ин хазина зиёд аст. Ин хазина аллакай зиёда аз 2 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки мо метавонем бо воситаи ин маблағҳо бисёр камбудиҳои ҳаррӯзаи дар мактаб мавҷударо ҳал намоем. Дар мактаб Ассосиатсияи Хатмкунандагони Мактаб (АХМ) ташкил ёфт, ки ин ассосиатсия зиёда аз 100 нафар аъзо дорад ва онҳо ӯҳдадор шудаанд, ки ҳар сол ба маблағи 5 сомонӣ аъзопулӣ ба ФҒБ (фонди ғайрибуҷавӣ) супоранд.

Инчунин дар мактаб ММТ (Маркази маводҳои таълимӣ) бо ибтикори ДТМК-и шаҳри Хоруғ таъсис ёфт, ки дар он маводҳои тайёр ва нотайёр дастраси муаллимони мо гардид. Аз ин марказ инчунин муаллимони мактабҳои гирду атроф, яъне мактабҳои ҳамрадиф ҳам истифода мебаранд.

Хусусан дар амалӣ гардонидани ин барнома дар ҳамаи мактабҳои ноҳия саҳми мудири шӯъбаи маориф А. Ҳуҷумборов хело ҳам арзанда ва назаррас мебошад.

Дар татбиқи усулҳои фаъоли таълим омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактаби мо Ҳ. Ҳисориев, Б. Мухтадоев, Р. Гадоев, М. Маҳмудов, Я. Исмоилов ва дигарон кӯшиши зиёд доранд.. Аз мушоҳида дар дарсҳояшон бармеояд, ки ин муаллимон усулҳои фаъоли таълим аз қабили гурӯҳбандӣ, нақшиҷрокунӣ, озодандешии дутарафа, бозӣ, баҳсро дар ҳар лаҳзаи дарсиашон самаранок истифода мебаранд.

Ҳаминро қайд карданиам, ки аз ҳамин роҳу усулҳо истифода бурда 2 нафар муаллимони мо дар озмунҳои муаллими сол иштирок карда, муаллим Ҳисориев Ҳасан дар соли гузашта дар ноҳия ҷои аввал ва дар байни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол кард. Ба ғайр аз ин 4 нафар муаллимони синфҳои ибтидоии мактабамон аллакай тренери ин усулҳои омӯхташуда гаштаанд. Онҳо ҳанӯз соли гузашта, якумин семинари худро ҳамчун тренер бо муаллимони синфҳои ибтидоии мактабҳои ҳамрадиф мактаби рақами 2, 12, 13 ва муаллимони дигар мактабҳои гирду атроф хеле диққатҷалбкунанда гузаронданд. Ин семинарҳо дар сатҳи баланди педагогӣ гузаштанд, ки дар онҳо зиёда аз 20 нафар муаллимон иштирок доштанд. Семинарҳо дутарафа таассуротбахш буда, фикрҳои хубу судбахш баён гардиданд.

Хулоса, дигаргуниҳои хело ҳам ҷиддӣ ҳам дар фаъолияти мактаб ҳам муаллимон дар дар доми 1,5 соли ҳамкорӣ ба вуқӯъ пайваст.

Мо миннатдории хешро бо кормандони ДТМК-и ба номи Т. Назришоеви ВМКБ аз ҷумла сарвари ин Донишкада Ҷ. Булбулов, директори барномаи IBET, кормандони хазинаи Оғохон хусусан донори ин барнома Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) баён мекунем ва умедворем, ки минбаъд ин ҳамкориҳо густариш меёбанд.