Сегодня

Тарбияи беиллат-қарзи волидон

Азизшо Ёғибеков
Директори мактаби аҳсилоти ҳамагонии рақами 8, ноҳияи Рӯшон

Хурсанди Азизшо
Корманди ДТМК-и ВМКБ

Падарро ақл дону нафс модар,
Маёзор ин ду касро, эй бародар!

Носири Хусрав.

Бале, падару модарро ҳурмату эҳтиром кардан ҳам қарз ҳасту ҳам фарз. Эшон бо нияти шаҳрвандони бовиҷдон, одамони накухислату  накӯрой, давомдиҳандагони кори падарону бобоён ва бузургони миллати худ шудан ба мо ҳаёт мебахшанд. Бо умеде, ки фарзандони сазовори номи падар, созандагони ҷомеаи мутамаддин бошем, моро тарбият менамоянд ва мо бояд ин умеду орзуи онҳоро ҷомаи амал пӯшонем. Чун фарзанд ба дунё ояд Худоро ҳамду санно бигӯ, зеро ин неъмати бузург на ба ҳар кас ато мешавад. Мутаассифона, бо алами зиёд қайд кардан ҷоиз аст, ки фарзандоне ҳастанд ба номи неки падару модар иснод меоранду волидон аз онҳо то безорӣ шикоят мекунанд. Аз фаъолияти педагогии бисёрсола ҳодисаҳои хеле зиёдро мисол овардан мумкин аст, ки ҳангоми даъват намудани волидон ба мактаб эшон аз беинтизомӣ, гапногир будани фарзандонашон изҳори норозигӣ намуда, дар хавотир буданашонро баён менамоянд.

Зиндагӣ аз муносибатҳои оилавӣ ба доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ дохил мешавад. Пас қарзи асосии ҳар як падару модар беиллат тарбия намудани фарзандони  мебошад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф обрӯю эътибори волидон дар назди фарзандон бебадал аст. Волидон устодони аввалин буда, ошкор сохтани олами ниҳоӣ, урфу одат, анъана, асрори сухан гуфтан, нахуст муносибат байни волидону фарзандон, фарзандону хешовандон, пайдо намудани дӯстони аввалин ва рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тавассути онҳо сурат мегирад. Дар ҳамин айём пайванди риштаҳои ахлоқӣ қавӣ гашта, баъдан тавассути муносибат ба одамони гирду атроф, намояндагони миллату халқиятҳои гуногун, дараҷаи пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷамъият, одату анъанаҳои миллӣ, расму оинҳо омезиш ёфта, нерӯманд мегарданд ва гиреҳи ин риштаҳои ахлоқӣ ногусастанӣ мешаванд. Ин аст, ки падару модарро хеле зарур аст, оиди нуқтаҳои ба камол расондани фарзандони худ, ки дар назар оддӣ, назарногиру камтаъсир менамоянд, нозукбинона эҳтиёткорона бо самимияти хос муносибат кунанд.

Нахуст дар иштироки кӯдакон ё дар нисбати онҳо аз амалҳое, ки таъсири манфӣ мерасонанд,  худдорӣ бояд кард. Баъдан ташаккул додани тарбияи худэҳтиромкунӣ дар кӯдак шарти дигари муҳим ба ҳисоб меравад. Агар шумо боварӣ дошта бошед, фарзандатон интизоми хуб дорад, дар мактаб нағз таҳсил мекунад, ӯ низ кӯшиш ба харҷ медиҳад ба боварии шумо сазовор бошад. Ҳангоми таърифи кӯдак вонамуд кунед, ки шумо ӯро надидаед, ин ҳолат таъсири зиёдтар дошта худэҳтиромкунӣ дар вай меафзояд. Тифлон ба муҳаббат ниёз доранд, ҳар рӯз бояд собит сохт, ки чӣ қадар шумо онҳоро дӯст медоред. Инро таври ноаён ташаккул додан хуб аст. Ҳаракат бояд кард, ки кӯдаки бо шумо буда дар сӯҳбат бо калонсолон ҳамроҳ шавад. Агар ҷурми ночизе аз тифл сар занд, на бояд ӯро танбеҳ дод, балки барояш кӯмак бояд кард, ё агар ӯ хоҳад, ки кори иҷрокардаашро ба шумо нишон диҳад ҳатман гӯед олиҷаноб аст. Чун фарзанд шуморо оид ба хондани ҳикоя ё нақли афсона илтимос кунанд, инро беҳтарин хушнудии худ дар тамоми рӯз қабул кунед. Ҳамроҳи кӯдак бисёртар бозӣ кардан даркор аст, ӯро тез тез гуфтан лозим аст, ки 'Ман туро дӯст медорам' ва ба оғӯш кашидан хуб аст. Фарзандро ҳамроҳи худ бо сайру гашт бояд бурд, агар  фаромӯшхотир бошад бо ҷузвдон ё кисааш хатчаро навишта монед ва ҳар шаб барои сӯҳбат бо ӯ вақт бояд ҷудо намуд. Ҳангоми иҷро намудани коре барои ниёзмандону аз по афтодагон ӯро ҳамду сано гӯед. Ин ҳисси эҳтиромро нисбати дигарон дар вай зиёд мекунад. Вақте ки кӯдакон калонтар мешаванд барояшон зиёдтар озодӣ ва масъулиятшиносӣ додан зарур аст, зеро дар  вуҷуди ҳар яки онҳо қобилият ва истеъдоди махсус ниҳон аст.

Ҳар  касеро аз баҳри коре  сохтанд,
Меҳри ӯро дар дилаш андохтанд.

Барои  инкишоф ва ривоҷи истеъдодаш ба ӯ кӯмак кунед. Дар оила бо ҳамаи фарзандон муносибати якхела бояд дошт. Якеро нисбати дигаре на бояд бартарӣ дод. Ҳангоми иҷрои корҳои хона онҳо ба занона ва мардона ҷудо нашуда, барои ҳамагон баробар тақсим шаванд. Ёрдами бемаврид кӯдакро танбал мекунад, вале барои омӯзиши таърихи ниёгон, одамони номдори авлоди худ ба онҳо ёрдам кардан шарт ва зарур аст, то ки онҳо бо ин ифтихор  кунанд.

'Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст', мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Таъсири сухан дар тарбияи бонизоми кӯдак бузург аст. Агар сухан ба рабт гуфта шавад ба манфиати кор ва агар бе рабт бошад бар зарари кор мешавад. Ба кори анҷомдодаи кӯдак баҳо дода, ҳамеша қайд кунед, ки оқибати нек дорад. Қарори қабул кардаи ӯ оид ба иҷрои коре дуруст аст. Ба ҷои он ки ҳар рӯз ба фарзанд пул диҳед, ӯро ёд додан даркор аст, ки пул кор кунад. Бо мақсади сарфи дурусти пул фарзандро ҳамроҳи худ ба бозор бурдан аз фоида  холӣ нест.  Дар интихоб харид кардани ягон чиз ихтиёри кӯдакро озод мондан беҳтар аст. Дар анҷоми корҳои хоҷагӣ бояд ӯро ҷалб намуд ва волидон дар иҷрои ин корҳо намуна бошанд.

Тифоқии волидон дар тарбияи фарзандон намуна ва омили беҳтарин аст. Волидоне, ки ҷиҳати сарбории зиёди кор, сарватмандшавӣ ва ташвиши рӯзгор ба тарбияи фарзанд дақиқае ҳам вақт намеёбанд, то қиёмат ғалати маҳз мекунанд. Тарбия кашфиёти бузурги инсонӣ дар роҳи ба камол расондани атфол буда тавассути ақл, дониш, хирад пиёда мешавад. Натиҷаи он меваи пурсамари ҳаёти сарсабзу хуррам   ва  дурахшони кӯдак дар тамоми умраш мебошад. Шояд тасодуф набошад, ки инсони сараввалро Одам ном ниҳоданд ва аз чаҳор ҳарфи авали калима, ки мазмуни ҳаёти минбаъдаи эшон дар дарки амиқи ғояҳои фалсафии онҳо сахт марбут аст гирифта шуда бошад.

Одоб     Ақл  

Диёнат     Муҳаббат                         

Беҳтарин сармоя ва хуштарин пироя мар авлоди одамро одоб аст.

Беҳуда ҳам нагуфтаанд:

Аз Худо мехоҳем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум гашт аз фазли раб.
Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак,
В-аз адаб маъсуму пок омад малак.

(Ахлоқи Мӯҳсинӣ)

Диёнат-диндорӣ, ростӣ, бовиҷдонӣ, ҳалолкорӣ аст.

Зи  роҳи  нангу номусу диёнат,
Расонид он амонат бе  хиёнат.

Агар инсон тоҷи олами ҳайвонот  бошад, ақл тоҷу зеби ҷаҳони инсонӣ аст. Муҳаббат, меҳрубонӣ, ишқ, самимият пайвандгари тамоми унсурҳои ахлоқӣ дар зиндагӣ ба ҳисоб меравад.

Донишмандон ва олимон аз боби низоми нави зиндагии аҳли башар дар рӯи замин меандешанд. Моро лозим аст, ки худро ба зиндагии ҳамгироӣ омода кунем ва ашхосе, ки худро бо кулли мардум дар як радиф гузошта метавонанд ба дунё  бо чашми хирад менигаранд, аҳли саодат ва тавфиқанд. Қатъи назар аз чигунагии ҷомеа ва раванди инкишофи он, пешрафти кишвар ва осудаҳолии раият ба Одоб, Диёнат, Ақл ва Муҳаббати инсонҳо робитаи ногусастанӣ дорад.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ ба сар,бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory