Нурмамад Файзмамадов
Ҷонишини директори мактаби таҳсилоти умумии ?1 н. Шуғнон, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ.
Коре набувад хубтар аз кори муаллим,
З- ин рӯ, ҳама шоданд зи дидори муаллим,
Мавҷигул Хоникова аз қабили он омӯзгоронест, ки тавассути таълиму тарбияи кӯдакони синни хурди мактабӣ обрӯю эътибори зиёд пайдо намудааст.
Ӯ пайваста ба он мекӯшад, ки толибилмон дар хониш, гуфтору одоб, поквиҷдонию ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ намунаи дигарон бошанд. Агар ташаббусу фаъолияти эҷодии омӯзгор набошад, дарҷ гардидани ҳамагуна барномаҳою китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, маводҳои аёнию таълимӣ, дар баланд бардоштани сифати дониши хонандагон ҳеҷ ҳаст.
Фаъолияти омӯзгории Мавҷигул Хоникова соли 1992 пас аз хатми ДДО-и ш. Душанбе чун муаллимаи синфҳои ибтидои аввалан дар мактаби таҳсилоти умумии ? 61- и ш. Ваҳдат, аз соли 1994 дар мактаби ибтидоии ?5 ва аз соли 2000- ум дар мактаби таҳсилоти умумии ?1-и ноҳияи Шуғнон сар шуда буд. Дар давоми 12 соли фаъолияти пелагогиаш вай бисёр нозукиҳои кори таълиму тарбияро аз худ намуда маҳораташро пайваста сайқал медиҳад.
Муаллима ташаббускору навовар мебошад. Ҳар як машғулияти таълимӣ бо тайёрии ҳаматарафа, дар истифодабарӣ аз васоити аёнию техникӣ, дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои муҳити зист, бо ташкили бозиҳои шавқовар, гузаронида мешавад, то ки шавқу завқи шогирдонашро ба таълим зиёд намуда, мондашавиро дар дарс эҳсос накунанд.
Мавҷигул доимо ба он мекушад, ки дар ҳар як дарс маводи рӯзи гузаштаро такрору мустаҳкам намояд. Таҷрибаи кори муаллима аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ ба таълими ҳамгиро, роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни дарс, кор бо хонандагони қафомонда ва ба корҳои таълимию тарбиявии ҳар як дарс диққати махсус медиҳад. Ҳангоми мушоҳидаи дарси матемагика муаллима дафтарҳои хонандагонро бо диққат аз назар гузаронда, бинобар ба талабот ҷавоб надодани дафтарҳои бархе аз шогирдон, ба хонандагон рӯ оварда, чунин нақл намуд. 'Олими Хитой Чай Лунҷ 2000 сол пеш усули аз латтакӯҳнаҳо ва пӯстлоқи дарахтӣ реза кардашуда усулҳои истеҳсол кардани коғазро ихтироъ намудааст. Дар фабрикаҳои коғазбарорӣ барои тайёр намудани коғаз ҳар сол ҳазорҳо дарахтҳоро мебуранд ва соида реза мекунанд. Бинобар ин муҳофизат ва тоза нигоҳ доштани дафтар вазифаи ҳаррӯзаи шумо хонандагон мебошад' Ба ин восита муаллима диққати хонандагонро ба тарбияи меҳнатӣ ва иқтисодӣ ҷалб менамояд.
Кӯшиши доимии омӯзгор буд, ки хонандагон тарзи бехатонависӣ ва бурро хондан ёд гирифта, дар дарсҳои табиатшиносӣ ҳодисаҳои табиатро дуруст мушоҳида менамоянд, мақолу зарбулмасалҳо, чистону афсона, шеърҳои зиёдро азёд медонанд.
Муаллима Хоникова Мавҷигул андеша дорад, ки синфи аз ҳама ҷиҳат ҷиҳозонидашуда яке аз омилҳои хуби ба дараҷаи талабот гузаронидани дарси имрӯза мебошад. Дар ин дарсгоҳ омӯзгор лабораторияи хуберо ташкил кардааст, ки ҳамаи айёниятҳо барои баланд гузаронидани машғулиятҳо мавҷуд буда, расмҳо, ҳарфҳои бурида, маводи дидактикӣ, варақаҳо барои гузаронидани корҳои мустақилона, санҷиши хонандагон аз фанҳои гуногун гирд оварда шудаанд.
Агар аз ҷиҳати интизом гирем шогирдонаш намунаи дигарон мебошанд. Ин бесабаб нест, зеро омӯзгор дар машғулиятҳои тарбиявӣ шогирдонашро ба ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, меҳнатӯстӣ, поквиҷдонӣ, дӯстии байни одамон, бахусус мактабиён ҳидоят менамояд. Ҳамаи ин бе ҳамкории падару модар ва муаллим ҳеҷ гоҳ ба муваффақият ноил шуда наметавонад.
Натиҷаи кори хуби муаллимаро ба инобат гирифта, ӯро роҳбари иттиҳодияи методии муаллимони синфҳои ибтидоии мактабҳои ? 1, 2, 5 интихоб намудаанд. Бисёр омӯзгорон, бахусус омузгорони ҷавон дар дарсҳои ин муаллима иштирок намуда, нозукиҳои таълиму тарбияро аз таҷрибааш дар кори ҳаррӯзаи худ гардонда истодаанд.
Соли 2002 дар озмуни ноҳиявии 'Муаллими сол' ширкат вазида, аз байни 7 довталаби дар озмун иштирок дошта сазовори ҷои дуюм гардид ва бо тавсияи ҳайати ҳакамон ба гирифтани нишонии сарисинагии 'Аълочии маорифи ҷумҳурӣ' сарфароз гардид.