Сегодня

Алифбо ва тартибу номи ҳарфҳо

Ин калимаҳо бо пасванди калимасоз якҷоя навишта мешаванд: парпирак, фирфирак, шаршара, ғарғара ва ғайра.

В) исмҳои иқтибосии навъи Волга-Дон, Ёшқар-Ола, Коста-Рика, Нию-Ёрк, Порт-Артур, Сан-Марино, Риё-де-Жанейро ва ғайра.

18. Ҷудо навишта мешаванд:

А) таркибҳои ҷуфте, ки бо пайвандаки сурат ёфтаанд: афту андом, гӯшту нохун, молу ҳол, ишқу ҳавас, обу ҳаво, шаъну шараф, саъю кӯшиш ва ғайра.

Вале ҷузъҳои калимаҳои навъи обутоб, сарутан, сарулибос, сарупо, сарукор, якҷоя навишта мешаванд;

Б) ҷузъҳои номҳои таркибии ҷуғрофӣ, ки аз ибораи изофӣ ташкил шуда, маънои луғавӣ ва задаашонро нигоҳ доштаанд: Варзоби Боло, Осиёи Марказӣ, Сари Хосор, Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Дур, Қалъаи Лаби Об, Ростови Дон, Сибири Шарқӣ ва ғайра.

Агар маънои луғавии ҷузъи дуюми ин навъ исмҳо хира ё гум шуда, ҳар ду ҷузъ як зада пайдо карда бошанд, якҷоя навишта мешаванд: Конибодом, Шаҳринав, Шаҳрисабз, Шаҳритус, Мавҷигул, Сарвиноз, Мардихудо, Ҳуснигул ва ғайра.

В) исмҳои таркибии изофии зерин: ангури дили кафтар, аспи гули бодом, атласи абри баҳор, гули ошиқи печон, гули намози шом, зардолуи рухи ҷонон, сатини гули гандум ва ғайра.

Г) исмҳои таркибӣ аз қабили мактаби интернат, вагони ресторан, механики ронанда, муҳандиси сохтмон ва амсоли инҳо.

 19.Баёнияҳо ба таври зайл навишта мешаванд:

А) баёнияҳои изофӣ ва ҳамроҳии унвон, мансаб, лақаб, нисба, ки ба маънои аслии худ корбаст шудаанд, бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд. Амир Темир, мирзо Шариф, шоҳ Аббос, Ризвони подабон, Салими паҳлавон, Шокири муаллим, Набии мироб ва ғайра

Агар баёнияҳо пас аз исми хос бе бандаки изофӣ омада бошанд, бо исм якҷоя навишта мешаванд: Аҳмадмахдум, Юлдошкомандир, Салимпаҳлавон, Шарифмирохӯр ва ғайра.

Б) баёнияҳои хешутаборӣ ва ҳурмату эҳтиром бидуни алоқаи изофӣ бо исми хос якҷоя навишта мешавад: Акашариф, Бобомурод, Бибиоиша, Ҳошимбобо, Шарофатхола, Тамарахонум  ва амсоли инҳо:

В) Баёнияҳои изофии лақаб, ки бо исми хос омадаанд, бо ҳарфи калон ва ҷудо навишта мешаванд:  Акбари Мерган, Баҳроми Гӯр, Махдуми Гов, Муҳаррами Ғарч, Ҳаити Гург ва ғайра.

20. Ному насаб ба таври зайл навишта мешавад:

А) бо бандакҳои изофӣ: Ҷовиди Ораз, Синои Карими Ҳотам, Ҳусайни Воизи Кошифӣ, Маликаи Фатҳуддини Абулкарим ва ғайра.

Исмҳои хос бе бандаки изофӣ ҳам ифода мешаванд: Бозор Собир, Ғаффор Мирзо, Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим ва ғайра.

Б) бо пасвандҳои -ӣ, -зода (-зод, -иён, -пур, -дӯхт) Ансорӣ, Мирзода, Афсаҳзод, Нодириён, Салимпур, Зафардӯхт ва амсоли инҳо.

Пасванди -ӣ тахаллус низ месозад: Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Шукӯҳӣ, Навоӣ ва ғайра.

В) Бо пасвандҳои иқтибосии русии -ов (ев), -ова (ева), -ович (евич), -овна (евна): Каримов, Салимов, Диловар Давлатович, Шарофат Аҳмадовна, Ғаниев, Ғаниева, Каримова Санавбар Набиевна ва ғайра.

21. Бо ҳарфи калон навишта мешавад:                                                 

А) номҳои Худо; Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Яздон, Оллоҳ.

Ном, номи падар, тахаллус ва нисбаву лақаб; Анвари Каримзода, Зафари Назарпур, Нилуфари Ҷамшеддӯхт, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва ғайра.

Калимаҳои ибн, бинт, валад дар байни ному номи падар бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Абӯалӣ ибни Сино, Ёдгор валади Бозор, Нодири бинти Назар ва ғайра.

Калимаи ибн, бинт, валад дар байни ному номи падар бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд. Абӯалӣ ибни Сино, Ёдгор валади Бозор, Нодира бинти Назар ва ғайра.

Калимаи ибн дар аввали исми хос ҷудо ва бо ҳарфи калон навишта мешавад: Ибни Сино, Ибни Ямин, Ибни Мансур ва ғайра.

В) номи сулолаҳои таърихӣ: Ашкониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён ва ғайра.

Г) исмҳои хос пасванди ҷамъбандӣ гиранд ҳам, бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Анварҳо, Одинаевҳо, Шарифҳо, Раҳимзодаҳо ва амсоли инҳо.

Вале исмҳои хос ҳамчун унсури калимасоз воқеъ гарданд, бо ҳарфи хурд навишта мешаванд: саъдисифат, ҳофизшиносӣ, хайёмпарастӣ, анварихонӣ, шоҳномахонӣ ва ғайра.

Ғ) ҳар калимаи номи мақомоти давлатӣ, мансабҳои олӣ, парчам ва нишони миллӣ: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра;

Д)_калимаи аввал ва исми хоси дохили номи таркибии унвонҳои фахрии давлатӣ ва мукофоти олӣ; Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии байналмилалии Нобел ва ғайра.

Аммо номи вазифаву мансаб, унвон, рутбаву дараҷаи илмӣ, ҳарбӣ, ки хусусияти умумӣ доранд, бо ҳарфи хурд навишта мешавад:

Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, вазири маориф, полковники артиши миллӣ ва ғайра.

Е) исмҳои хоси маъмуриву сиёсӣ ва ҷуғрофӣ (номи мамлакат, кишвар, ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, уқёнус, баҳр, дарё, кӯҳҳо, сайёраҳо) ва амсоли инҳо. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Амрико, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Самарқанд, уқёнуси Ором, дарёи Вахш, ноҳияи Ҳисор, Офтоб, Моҳ, Замин, Зӯҳра, Зуҳал ва ғайра.

Ё) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии идора, мақомоти давлатӣ ва фарҳангӣ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илми омӯзгорӣ, Китобхонаи миллии Фирдавсӣ ва амсоли инҳо.

Аммо номи мактабҳои миёна, омӯзишгоҳҳои касбӣ ва амсоли инҳо, ки хусусияти умумӣ дорад, бо ҳарфи хурд ва исми хоси дохилашон бо ҳарфи калон навишта мешавад: мактаби миёнаи рақами 10-и шаҳри Душанбе, омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қурғонтеппа ва ғайра;

Ж) ихтисорҳое, ки аз ҳарфҳои аввали  калимаю ибораҳо сохта шудаанд: ДДМТ (Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон), АИ (Академияи илмҳо) СММ (Созмони Милали Муттаҳид), ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ғайра.

З) ҳар калимаи номи таркибии ҳодиса ва воқеаҳои таърихӣ: Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, Исёни Муқаннаъ, Шӯриши Восеъ ва ғайра;

И) калимаи  нахуст ва исми хоси таркиби қонуну санадҳои воло: Қонуни замин, Эъломияи ҳуқуқи башар, Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Й) калимаи аввал ва исми хоси дохили номи анҷуман ва ҷашнҳо: Анҷумани байналмилалии тоҷикон, Конгресси байналмилалии забоншиносон, Ҷашни 1400-умин солгарди Борбад ва ғайра;

К) калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии асарҳои бадеӣ, илмӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо, суруд, мусиқӣ, филмҳо, асарҳои саҳнавӣ: Духтари оташ, Писари Ватан, Садои Шарқ, Садои Мардум, Чархи гардун,

Сарахбори кӯҳистон, Чӯли Ироқ ва ғайра;

(Давомаш дар шумораи оянда)
2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory