Барномаҳои хидматӣ ва шабакаҳои компютерӣ

Вирусҳои компютерӣ ва барномаҳои антивирусӣ

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Вирусҳои компютерӣ-инҳо барномаҳое мебошанд, ки аз тарафи одамони зараррасон навишта мешаванд. Вирусҳо ба кори дурусти компютер халал расонда, метавонанд ба таври махфӣ ба ягон файл  дохил шуда, барнома ё ҳуҷҷатро дар компютер нест кунанд. Соли 1986 (баъди пайдо шудани вируси Brain, ки дискетаҳои компютерҳои фардиро сироят мекард) вирусҳои компютерӣ ба таври 'оммавӣ' паҳн шудан гирифтанд. Дар давраи ҳозира миқдори зиёди вирусҳо маълум мебошанд. Яке аз хосиятҳои вирусҳои компютерӣ аз он иборат аст, ки онҳо ҳар дафъа нусхаашонро афзун намуда, ба таври махфӣ ба дохили файлҳо ва секторҳои боркунандаи дискҳо ворид шаванд. Аз сабаби худафзуншавӣ  ба онҳо номи 'вирус' гузошта шудааст. Агар вирус дар хотираи компютер ҷойгир бошад, вай метавонад дар шароитҳои муайян фаъол гардида, компютерро ба иҷро намудани ягон амалҳо маҷбур кунад. Фаъолшавии вирус метавонад ба ҳодисаҳои гуногун (фарорасии таърих ё рӯзи муайяни ҳафта, ба кор андохта шудани барномаҳо, кушодани ҳуҷҷат ва ғайра) алоқаманд бошад.

Вирусҳои компютерӣ барномаҳое мебошанд, ки метавонанд 'афзун' гардида, нусхаҳои худашонро ба таври махфӣ ба файлҳо, секторҳои боркунандаи дискҳо ва ҳуҷҷатҳо ворид намоянд.

Оқибатҳои амалҳои вирусҳои компютерӣ низ гуногун мебошанд. Аз рӯи доираи зараррасонӣ онҳо ба қисмҳои зерин ҷудо мешаванд:

  • Вирусҳои безарар. Чунин вирусҳо ба кори компютер таъсир нарасонда, фақат аз ҳисоби афзуншавии худашон хотираи озоди дискро ишғол мекунад.

  • Вирусҳое, ки хатарнок нестанд. Таъсири онҳо бо кам гардидани хотираи озод дар диск ба воситаи графикаҳо, овозҳо ва дигар чизҳои берунӣ, маҳдуд мебошад.

  • Вирусҳои хатарнок. Ин вирусҳо сабабгори бозистодан ва кори нодурусти компютерҳо шуда метавонанд.

  • Вирусҳои бисёр хатарнок. Фаъолшавии чунин вирусҳо ба нест шудани барномаҳо ва додашудаҳо (тағйирдиҳӣ ё нестшавии файлҳо ва директорияҳо), форматкунонии диск ва ғайра оварда мерасонад.

    Аз рӯи 'муҳити ҷойгиршавӣ' вирусҳоро ба вирусҳои файлӣ, боркунанда, макровирусҳо ва шабакавӣ ҷудо кардан мумкин аст.

    Вирусҳои файлӣ. Ин гурӯҳи вирусҳо бо роҳҳои гуногун ба файлҳои иҷрошаванда дохил шуда, одатан дар вақти ба кор андохтани онҳо фаъол мегарданд. Баъди ба кор андохтани барномаи 'сироятшуда' вирусҳо дар хотираи фаврии компютер ҷойгир шуда,  то аз манбаъ ҷудо кардани компютер, фаъол мебошанд. (яъне метавонанд дигар файлҳоро сироят кунанд).

    Дар ин ҳолат вирусҳои файлӣ ба файлҳои додашудаҳо (масалан, файлҳое, ки тасвирҳо ё овозҳоро дар бар мегиранд) зарар расонда наметавонанд. Муҳофизати профилактикӣ аз вирусҳои файлӣ аз он иборат аст, ки ба кор андохтани файлҳое, ки аз сарчашмаи шубҳанок гирифта шудаанд ё пешакӣ ба воситаи барномаҳои зиддииврусӣ (антивирусӣ) тафтиш нашудаад, тавсия дода намешавад.

    Вирусҳои боркунанда. Ин вирусҳо нусхаҳои худро дар сектори боркунанда менависанд. Дар вақти ба кор андохтани системаи омилӣ аз диски вирусдор, вирусҳо ба хотираи фаврии компютер дохил мешаванд. Дар чунин ҳолат вируси боркунанда чуни вируси файлӣ рафтор мекунад, яъне вай метавонад дигар файлҳоро низ сироят кунад. Муҳофизати профилактикӣ аз вирусҳои боркунанда аз он иборат аст, ки системаи омилӣ бо истифодабарии дискҳои магнитӣ ба кор дароварда нашавад.

    Макро-вирусҳо. Макро-вирусҳо файлҳои ҳуҷҷатҳои Word ва таблисаи электронии Excel -ро сироят мекунад. Онҳо ҳамчун макрокомандаҳо (макросҳо) ба ҳисоб мераванд, ки дар ҳуҷҷат ҷойгир мешаванд.

    Баъди кушодани ҳуҷҷати сироятшуда ба воситаи ягон барнома, ин вирусҳо дар хотираи компютер 'саёҳат' намуда, дигар ҳуҷҷатҳоро низ заҳролуд мекунанд. Хатари заҳролудшавӣ танҳо баъди пӯшондани ҳуҷҷат бартараф мешавад.

    Барои муҳофизати профилактикӣ аз микро-вирусҳо зарур аст, ки аввал ин вирусҳо нест карда шаванд. Дар вақти кушодани ҳуҷҷат дар барномаи  Word ва Excel оиди мавҷуд будани вирус маълумот дода мешавад.

    Вирусҳои шабакавӣ. Ба воситаи шабакаи компютерӣ ҳар гуна вирусҳои паҳн шуда метавонанд компютерҳои дигарро сироят кунанд. Чунин ҳодисаҳо ҳангоми гирифтани файлҳои сироятшуда аз  серверҳои   бойгониҳои файлӣ дучор мешаванд. Инчунин, ин вирусҳо метавонанд ба воситаи почтаи электронӣ ва шабакаи ҷаҳонии Интернет паҳн гарданд. Ҳангоми қабул кардани ягон файл, вирус ба компютер дохил мешавад. Чунин ҳолат 5-уми майи соли 2000 ба вуқӯъ пайваст, ки дар ин вақт миллионҳо компютерҳое, ки ба шабакаи Интернет пайваст шуда буданд, маълумоти дорои сарлавҳаи диққатҷалбкунандаи  I Love You-ро гирифтанд. Ин маълумот аз файли вирусдор иборат буд, ки баъди фаъолшавиаш системаи файлии компютерҳоро вайрон намуда қисми иловагии номҳои файлҳоро (расширение) дигаргун кард.

    Барои ин ҳангоми кор бо Интернет ва почтаи электронӣ  бояд эҳтиёткорона муносибат намоем.