Соли нав муборак
Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯзӣ яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии
асри XХI мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷӯҳи хоса ва
масъулияти баланд муносибат намоем.
(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов дар мулоқот бо
кормандони соҳаи маорифи кишвар)
Мутобиқи тақвими шарқӣ соли 2006-соли Саги Сурх аст. Саг бар зидди ҳар гуна
беадолатӣ фаъолона амал мекунад. Саг ҳар гуна ҷамъшавии тударо намеписандад.
Ин соли бисёр фаъол, аз неруи кушиш саршор ва фароҳамоварандаи таъминоти моддӣ
мебошад. Ба ҳодисаҳо ва кайфияти одамон таъсири оташу гармии он хеле зиёд аст.
Дар тақдири бисёр одамон соли Саги Сурх метавонад ҳудуде, дар байни гузаштаи
нисбатан ором ва ояндаи хурӯшон гардад. Ҳодисаҳои ин сол барои намоиш додани
қобилиятҳои эҷодӣ дар соҳаҳои гуногун, дар куҷое, ки қатъият, тоқат ва покии
руҳу неруи ҷисмонӣ талаб карда мешавад, такони тоза мебахшад.
Соли саг бахусус барои ахли маориф, олимону омӯзгорон ва толибилмон дар фатҳи
қуллаҳои нави дониш соли хеле бобарор хоҳад буд.
Умедворем, ки соли 2006- Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 15-умин солгарди
истиқлолияти Тоҷикистон ва 2700-солагии шаҳри Кулоби бостонӣ барои тамоми
сокинони баландиқболи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли густариши ифтихори
ватандориву ватандӯстӣ гардида, ба ин мардуми некандеш пирӯзиву саодат ва барору
комёбиҳои навро ато менамояд.
|