Тозаахбор

3.3.2006 |

Вазифаҳои рӯзмарра

Вазифаҳои кормандони Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ ба номи Назришоев Тутишо барои соли 2006 мушаххасан муайян гардиданд.Директори Донишкада Ҷумъа Булбулов аз фаъолияти пурсамари кормандон дар соли 2005 изҳори қаноатмандӣ намуда,дар айни замон диққати ин коллективи тифоқро ба иҷрои вазифаҳое,ки аз суханронии Президенти мамлакат дар машварати васеъ бо аҳли маориф бармеоянд,ҷалб намуд.

-Донишкадаи мо дар миқёси на танҳо ҷумҳурӣ яке аз беҳтарин муассисаҳои маориф маҳсуб мегардад ва мо бояд дар соли истиқболгирии 15-солагии истиқлолияти Ҷумҳурӣ, соли тамаддуни ориёӣ ва 2700- солагии Кулоби бостонӣ ин мавқеъамонро устувортар гардонем ,- изҳор намуд директори Донишкада Ҷумъа Булбулов.

Дар машварат тамоми самтҳои фаъолияти Донишкада таҳлил гардида,нақшаҳои рӯзмарра ва дурнамои фаъолияти он муайян гардиданд. Кормандони донишкада беҳбудии сифати фаъолиятро чун маҳаки асосӣ ва вазифаи афзалиятноки соли 2006 муайян намуданд.

Маҳаки дониш

Агарчи дар мактабҳои вилоят таътили зимистонӣ ҳукмфармо бошад ҳам, аксари омӯзгорон ва хонандагони фаъол дар олимпиадаи шаҳрию ноҳиявӣ ширкат меварзанд . Дар тамоми ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ аллакай олимпиада аз рӯи фанҳои математика ва химия доир гардида,ғолибон ба олимпиадаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Зинаи минбаъдаи олимпиада дар сатҳи вилоят ва натиҷаи ниҳоиаш дар озмуни умумиҷумҳуриявӣ муайян мегардад. Баъди машварати Президенти мамлакат бо аҳли маориф чунин чорабиниҳо таҳти назорати бевоситаи шуъбаҳои маориф ва идораи маориф доир гардида,ба самарбахшии онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Дар ҷараёни назорату таҳлили натиҷаҳои олимпиада кормандони Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят фаъолона ширкат ме варзанд.

Мубодилаи афкор

Натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои маориф дар соли сипаришуда ҷамъбаст гардиданд. Дар мушовараи васеи Идораи маорифи вилоят сардори идора Фазилат Рустамова фаъолияти серсоҳаи тамоми самтҳои маорифи вилоятро муфассал таҳлил намуд. Дар мушовара доир ба вазифаҳое,ки аз суханронии Президенти кишвар дар машварати васеъ доир ба соҳаи маориф баён намуда буд,мубодилаи афкори судбахш доир гардид. Дар мушовара камбудиҳои зиёди фаъолияти шӯъбаҳои маориф оид ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ошкор ва барои суръатбахшии ислоҳот тавсияҳои муфид баён гардиданд.

Ислоҳот дар амал


Бо ибтикори шӯъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон дар мактабҳои ноҳия барномаи компютеркунонӣ давра ба давра амалӣ гардида истодаст. Соли 2003 мактабҳои рақами 9 ва 24 бо 6-тои компютер: соли 2004 аз ҳисоби хазинаи Оғохон ба мактаби рақами 8-9 адад компютер ва мактаби рақами 17 аз ҳисоби сарпараст 1 адад компютер дода шуд.

Соли 2005 аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат ба муносибати 80- солагии ВМКБ 40-адад компютер ва 7-адад принтер дода шуд, ки ба мактабҳои рақами 4,5,6,7,10,12 ва 17 тақсим карда шуданд. Айни ҳол дар ноҳия 11 синфи компютериӣ бо 63 -адад компютерҳои ҳозиразамон фаъолият доранд.

Дар нақша аст, ки соли равон боз барои бо донишҳои техникӣ мусаллаҳ намудани хонандагон чораҳои амалӣ андешида мешаванд,-изҳор намуд дар сӯҳбат ба рӯзномаи 'Мӯнис' Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон Нурҳаётов Х.

Машварати директорони нав

Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят ба номи Назришоев Тутишо фаъолияташро пайвастаа такмил дода, дар айни замон барои иҷрои амалии супоришхое,ки аз суханронии Сарвари давлат бо ахли маориф бармеоянд, чорабинихои гуногунро рӯи кор овард истодааст. Такмили тахассуси сарварони нави мактабҳо аз қабили он чорабиниҳое мебошанд, ки барои ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонидани сатҳи таълиму тарбия дар мактабҳо мусоидат менамоянд.

Чуноне ки мудири бахши мактабшиносии Донишкада Ҷобир Мулкамонов ба рӯзномаи 'Мӯнис'иттилоъ дод, дар ин курсҳо директорон бо усулҳои навтарини роҳбари ба соҳаи маориф, тарзҳои судбахши ташкил кори самараноки тамоми коллективи педагогӣ ва ҷалби аҳли ҷомеа ба пешрафти мактабу маориф шинос карда мешаванд.

Амали гардонидани вазифаҳои ба миён гузоштаи Президенти мамлакат аз омӯзгорону сарварони мактабҳо на факат масъулияти баланд,балки донишхои чукур ва махоратро низ такозо дорад,- мегуяд иштирокчии курс, директори мактаби No 30 ноҳияи Роштқалъа Охонниёз Имомёров. Чунин курсҳо бошанд, воқеан ба васеъ гардидани маълумоту такмили маҳорату малака мусоидат менамоянд.

Густариши фаъолиятҳо

Донишкадаи такмили маълумоти касбии ба номи Назришоев Тутишо дар соли гузашта як қатор фаъолиятхои навро анҷом дод. Дар ин бора директори Донишкада, номзади илмхои педагогӣ Ҷумъа Булбулов ба хабарнигори радиои ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Вай аз ҷумла қайд намуд, ки соли 2005 барои кормандони Донишкада соли комёбиҳои назарраси эҷоди маҳсуб шуда, доираи фаъолиятҳои он хеле васеъ гардид. Дар ин давра Донишкада чун узви Комиссияи умумиҷумҳуриявии барномасози пазируфта шуда, кормандон барномаи кӯмаки амали расонидан ба сарварон ва омӯзгорони мактабҳо-барномаи менториро амалӣ намуданд. Инчунин кушода шудани саҳифаи махсус дар интернет имконият фароҳам овард, ки ба корҳои анҷом дода ва фаъолиятҳои мутахассисони Донишкада тамоми кормандони системаи маорифи дунё дастраси дошта бошанд. Саҳифаҳои сайт мунтазам нав карда шуда, барои густариши Донишкада бо дигар муассисаҳои маориф мусоидат менамояд. Фаъолият дар соҳаи менторӣ ва гузаронидани семинарҳо бо омӯзгорони дигар кишварҳо, ширкат намудан ва анҷоми фаъолияти тренерӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи фаъолиятхои нави донишкада мебошанд.

- Мо минбаъд ҳам барои ба талаби даврон мувофиқ гардондани фаъолияти серҷабха ва бемайлон иҷро намудани супоришҳои Сарвари давлат имсол чораҳои мушаххас ба амал мебарорем, - афзуд сарвари Донишкада Ҷумъа Булбулов