- мегӯяд мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоева. Арамбегим Маҳтобшоева тӯли чанд сол аст, ки дар сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ софдилона ифои вазифа мекунад. Эҷодкорӣ, ҷустуҷӯ ва масъулиятшиносӣ аз сифатҳои писандидаи ин роҳбари кордон аст. Аз моҳи октябри соли 2005 Арамбегим Маҳтобшоева сарварии шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғро ӯҳдабароёна иҷро мекунад.
Сол аз сол соҳаи маориф пеш рафта истодааст. Рушди маориф омили асосии баланд шудани сатҳи маърифату маънавиёти мардум ва пешравии ҷомеа мебошад. Мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов дар мулоқот бо ҷавонон маорифро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидааст.
Албатта пешрафту такомули соҳа, қабл аз ҳама ба ҳусни таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғамхории беназири Президенти кишвар мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов, дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр сахт марбут аст.
Машварати умумиҷумҳуриявӣ, ки 22. 12. 2005 таҳти раёсати Президенти кишвар Э.Ш. Раҳмонов бо кормандони соҳаи маориф, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо гузашт, бори дигар собит намуд, ки маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷӯҳи хоса ва масъулияти баланд муносибат намоем.
Шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, кормандони он, ҳамаи омӯзгорону маорифчиёни шаҳри Хоруғ аз суханони пурмӯҳтавои Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, аз рӯи он кору фаъолият карда истодаанд.
Шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ дар соли 2005-ум фаъолияти кормандонро баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 'Дар бораи маориф' ва дигар аснодҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, моҳи январи соли 2006 дар шӯ рои шӯъба фаъолияти муассисаҳои таълимию тарбиявии шӯъбаи маориф дар соли 2005 таҳлилу ҷамъбаст гардида, баҳри иҷрои норасогиҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар 12 мактаби таҳсилоти умумӣ, литсейи Оғохон ва маркази касбу ҳунаромӯзӣ 6102 нафар толибилмон (3004 нафар духтарон, 555 нафар омӯзгорон, 411 занон) дарс медиҳанд, ки аз онҳо 489 нафар таҳсилоти олӣ, 49 нафар таҳсилоти миёнаи махсус, 13 нафар таҳсилоти нопурра, 4 нафар маълумоти умумӣ дошта, ба таълиму тарбия машғуланд.
Соли 2005 731 нафар хонандаи синфи 11 мактабро хатм намуданд, ки 509 нафарашон ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуданд. Аз ҷумла 469 нафар ба мактабҳои олӣ 21 нафар, ба мактабҳои махсус,7 нафар курсҳои ҳархела, 12 нафар ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ дохил шудаанд.
Баҳри баланд бардоштани маҳорати методию илмӣ ва назариявии омӯзгорону мураббиён дар соли 2005 шӯъбаи маориф ривоҷ додани сифат ва самаранокии корҳои методӣ, баланд бардоштани сифати усулҳои гузориши дарсҳои ҳозиразамон, фаъолияти муаллимони пешқадам ва ёрӣ ба муаллимони ҷавон, роли чорабиниҳои беруназсинфӣ, ташкилу гузаронидани озмунҳо, омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар ҳамкорӣ бо маъмурияти мактабҳо самаранок ба роҳ монд.
Панҷ намуди машваратҳои доимамалкунандаи сарварон, ҷонишинони сарварони мактабҳо, мудирон ва мушовирони кӯдакистонҳо бо фарогирии 52 шунаванда, шаш намуди иттиҳодияҳои методии байнимактабии омӯзгорони технологияи информатсионӣ (ахбор) касбу ҳунар, хизматрасонӣ, тарбияи ҷисмониву омодагии дифоӣ, китобдорон ва суруду мусиқӣ бо фарогирии 78 шунаванда, иттиҳодияи дохилимактабӣ аз рӯи соҳаҳои филология, ҷамъиятшиносӣ, таббиӣ дар мактабҳои No1,11,3,4 ва иттиҳодияҳои дохилимактаби аз рӯи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, математика, физика, таърих бо фарогирии 390 шунаванда фаъолият намуданд. Дар назди ДТМК-и вилоят 311 нафар омӯзгор аз курси такмили ихтисос, 87 нафар аз семинарҳои шашрӯза гузаронида шуданд.
Баҳри пиёда намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.02 No 502 'Дар бораи тасдиқи барномаи компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003- 2007' бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар, мӯҳтарам Э Раҳмонов, раиси вилоят А Ниёзмамадов, раиси шаҳри Хоруғ У. Абдолбеков, Хазинаи Оғохон ба мактабҳои шаҳри Хоруғ 201 компютер ва принтер дода шуда, мавриди истифода қарор доранд.
Оиди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.04.03 No1047, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.03 No508 'Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004- 2014' дар муассисаҳои таълимӣ рӯзҳои душанбе ва сешанбеи ҳар ҳафта рӯзҳои забони русӣ ва англисӣ дар асоси чорабинӣ эълон шуда, озмуни шеърхонӣ, намоиши саҳначаҳои хурд, гузаронидани викторинаҳо, иншоҳои озмунӣ, байтбарак ба роҳ монда шуда, конференсия дар мавзӯи 'Планета изучает русскҳй язҳк' гузаронида шуд.
Айни ҳол 59 нафар омӯзгорони забони русӣ, ки 55 нафар маълумоти олӣ, 4 нафар маълумоти олии нопурра, 45 нафар омӯзгорони забони англисӣ, 40 нафар бо маълумоти олӣ, 2 нафар бо маълумоти олии нопурра, 2 нафар бо миёнаи махсус, 1 нафар бо маълумоти миёна кору фаъолият карда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки дар амалӣ намудани қарор баҳри пешравии таълими фанҳои мазкур дар аксарияти мактабҳо нарасидани базаи зарурии моддӣ-техникӣ, аз ҷумла, синфҳои лингофонию компютерӣ, мавҷуд набудани адабиётҳои лозимӣ, бахусус дастурҳои таълимӣ халал мерасонанд.
Дар соли 2005 муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ мувофиқи қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2004 No23/2 ба шакли нави идора ва маблағгузорӣ гузаштанд. Мактабҳои рақами 2,5,6,7,8,9, 11,12 мустақил ва дар асоси қарори раиси шаҳри Хоруғ аз 21.08.05 No 345 мактабҳои рақами 1,3,4,10 дар бобати молиявӣ аз ихтиёри шӯ ъбаи маорифи шаҳр гирифта шуда, аз 1-уми сентябри соли 2005 ба филиали мактабҳои рақами 11,5,9 табдилу вобаст карда шуданд. Ҳашт мактаб аз рӯи Низомномаи намунавӣ ва Оинномаи нав мустақилияти маблағгузории сарикасиро соҳиб гардиданд.
Сол аз сол заминаи моддию таълимии муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ то андозае мустаҳкам мегардад. Соли 2004 аз фонди эҳтиётии Президенти кишвар Э.Ш. Раҳмонов барои хариди таҷҳизоти лавозимоти хониш 200,000 сомонӣ ҷудо гардид, ки 150.000 сомонӣ барои хариди тачҳизот, 600 мизи хатнависӣ, 1200 курсии талабагӣ ва дигар маводҳои талабагӣ, 50,000 сомонӣ барои таъмири мактаби рақами 8 сарф гардида, соли 2005 100.000 сомонӣ барои хариди таҷҳизот, 180,000 сомонӣ барои таъмири мактабҳо сарф шуд.
То соли хониши 2004-2005 мактабҳои шаҳр аз 115 номгӯи китобҳои дарсӣ бо 53 номгӯи таъмин ва аз рӯи таҳлили талаботҳои мактаб ба китобҳо дар синфҳои 1-11-и мактабҳои шаҳр 18347 адад китоб намерасид. 34 фоизи маблағи китобҳо дар давоми чор сол пурра пардохт шудааст. Дар соли таҳсили 2005-2006 аз 21 ҳазор сомонӣ 11 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоб гузаронида шуд.
Дар баробари муваффақиятҳо дар кори шӯъба ва коллективҳои педагогӣ камбудиҳо ва норасогиҳо ҷой доранд. Дар аксарияти мактабҳои шаҳр коста будани пояи моддии техникӣ, махсусан базаи таълимии лабораторӣ ҳоло баҳри татбиқи босифати стандартҳои давлатии маълумот мусоидат намекунад.
Сифатнокиитаълиму тарбия барои беҳдоштбасатҳи стандарти давлатӣ ҳанӯ з ҷавобгӯ нест. Инкишофи нутқи хаттӣ аз даҳонӣ қафо мемонад. Ҳодисаҳои авбошӣ дар байни хонандагон ҳанӯз зиёданд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар соли ҷашнгирии 15-солагии Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурӣ ба ин норасогиҳо хотима гузорем.