КОР БО ХОНАНДАГОНИ СУСТХОН

Д Айдимамадов.
омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии No 45 ноҳияи Ишкошим
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таълими ибтидоӣ таҳкурсии нахустини ташаккули шахсият, таҳкурсии минбаъдаи омӯзиш ва парвариш аст. Агар дар синфҳои ибтидоӣ кӯдак хондану навиштан, ҳисоб карданро ёд нагирад, дар синфҳои минбаъда ба ӯ душворӣ меорад.

Муваффақияти хонандагон дар таълим аз бисёр ҷиҳат ба муаллим ва маҳорати педагогииӯ вобаста аст. Яке аз вазифаҳои муҳими муаллимони синфҳои ибтидоӣ аз он иборат аст, ки дар хонандагон бедор намудани шавқу ҳавас ба хондан, дар онҳо ташаккул додани муносибати мусбат ба таълим, парваридани кунҷковӣ, талаботи доимӣ ба дониш, дараҷаи дарсҳазмкунӣ ва дар амал тадбиқ кардани дониш ҳосил карда шавад.

Хонанда бояд дарккунӣ ва мушоҳидакорӣ, муқоиса ва таҳлил, ҷамъбаст ва хулосабарориро аз зинаи аввали таълим ёд гирад ва онро дар амалия тадбиқ карда тавонад.

Албатта ҳар як хонанда дорои хусусиятҳои фардии худ мебошад. Муаллим инро бояд дар навбати аввал донад, баъд кор кунад. На ҳамаи хонандагон истеъдоди якхела доранд. Ман дар раванди дарсҳо қобилияти ҳар як хонандаро ба назар гирифта, аз рӯи фаҳмиши зеҳнӣ ва айнияш дарсҳоро мегузаронам. Дар ҳар лаҳзаи дарс дар баробари пурсидани хонандагони фаъол, кӯшиш мекунам, ки хонандагони сустхон ҳам аз назари ман дур намонда, онҳоро ҳам ба маводи таълимӣ ҷалб намоям. Маводи таълимиро бо забони содда ба онҳо мефаҳмонам. Ба нутқи Президенти кишвар зимни мулоқот бо аҳли маориф вазифаҳои мушаххасу рӯзмарраро муайян намуд. Мо бо масъулияти баланд баҳри иҷрои ин вазифаҳо тамоми қувваи худро баҳри баланд бардоштани дониши шифоҳӣ ва хаттии хонандагон бояд равона созем. Азин рӯ, ман кӯшиш мекунам, ки дар дарсҳои забони модарӣ, табиатшиносӣ, математика ва фанҳои меҳнату эстетикӣ, ҳар машқу мисол ба мушоҳидаи ҳаёти хонанда алоқаманд бошанд.

Ин корҳоро ман бо се роҳ ташкил мекунам

1. Дар ҷараёни дарсҳо ;
2. Ба воситаи корҳои берун аз синф;
3. Ба воситаи сӯҳбатҳои инфиродӣ;

Дар ҷараёни дарс ман ба лаҳзаҳои зерин диққат медиҳам;

1. Хонандагони сустхонро бо хонандагони хубхон вобаста мекунам;
2. Ба нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳо бештар диққат медиҳам;
3. Инкишофи фаъолияти зеҳнӣ, яъне фикрронии онҳо;
4. Аз аёният, яъне расмҳо, карточкаҳо (варақаҳо) ҷумла тартиб додан;
5. Бо саволҳои содда пурсидани мавзӯъ;
6. Ташкили саволу ҷавоб дар байни хонандагон;
7. Санҷиши дафтарҳои хонандагони сустхон дар ҳузури худи онҳо;
8. Дар тахтаи синф бештар кор кардани сустхонҳо;
9. Ташкили дарсҳои иловагӣ аз рӯи хоҳиши онҳо;
10. Ташкили сӯҳбатҳои инфиродӣ;
11. Инкишофи мустақилонаи фикр кардан доир ба супориш аз рӯи мавзӯъ;

Агар дар иҷрои ин супоришҳои дарс хонандагон душворӣ кашанд, ман ба онҳо ёрӣ мерасонам. Агар ба хатоӣ роҳ диҳанд, ман ба онҳо муомилаи хуб зоҳир менамоям, то онҳо аз хатоии худ воқиф шаванд ва онро ислоҳ кунанд.

Он аёният ва мисолҳоро овардан лозим аст, ки хонанда онҳоро бинад ва дар ҳаёти ҳаррӯ зааш мавриди истифода бошанд, чунки аз хотири ӯ намебароянд. Корҳои берун аз синф дар ташаккули шахсияти хонанда низ муҳим аст. Ман аз оғози соли таҳсил барои пешравӣ корҳои зеринро дар синф мегузаронам

1.Баланд бардоштани донишҳои сиёсии хонандагони сустхон;
2. Шарҳи кори хуби хонандагон;
3.Ба дарсҳои эстетикӣ (мусиқӣ, меҳнат, санъати тасвирӣ) бештар ҷалб намудани хонандагон;
4.Гузарондани викторинаҳои фаннӣ;
5.Намоиши кори эҷодии хонандагон;
6.Ҷалб кардан ба корҳои ҷамъияӣ;
7.Ҳавасмандии маънавӣ;
8.Дар рӯзҳои ид аз рӯи нақшҳо баромад кардан;
9.Ташкили экскурсияҳо;
10.Дар аснои дарсҳо аз рӯи қаторҳо ташкил кардани мусобиқа ва эълон кардани ҷои мусобиқа ва ҳавасмандӣ.

Ба тарбияи ахлоқӣ низ эътиборӣ ҷиддӣ дода мешавад. Шогирдон бояд устоди худро эҳтиром намоянд. Байни устоду шогирд ҳамкории педагогӣ низ бошад. Ман ба оила алоқаи доимӣ дорам. Хусусан ба оилаҳои хонандагони сустхон. Ман дар ин ҷода корҳои зеринро ба ҷо меорам:

1.Ба хонаи падару модарони сустхон рафтан;
2.Ба дарс даъват кардани падару модарони сустхон;
3.Дар маҷлиси падару модарон бо лексияҳову сӯҳбатҳо баромад кардан;
4.Санҷиши дарстайёркунии хонандагон ва шароити оилавӣ;
5.Ташкили дафтари мушоҳидаи педагогӣ-психологӣ;
6.Аз тарафи хонандагони синфҳои боло, хонандагони сустхон;

Хулоса, анҷоми чунин корҳои аз тарафи муаллим имкон медиҳанд, ки дар хонандагони сустхон ба пешравӣ муваффақ гардида, малакаҳои аз худ кардани маводи таълимӣ осон мегардад.