Сегодня

ТАРЗИ ТАРТИБ ДОДАНИ МАСЪАЛАИ БАРЪАКС ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Ёрмонов Ҷумъахон
Омӯзгори мактаби миёнаи No30 ноҳияи Рӯшон.

Аз рӯи масъалаи роста тартиб додани масъалаи баръакс яке аз намуди санҷиши дурусти ҳалли масъала ба шумор меравад. Хонандагон метавонанд баъди иҷрои ҳалли масъалаи роста дурустии ҳалли онро дар масъалаи баръакс санҷанд. Пас, тарзи тартиб додани масъалаи баръаксро донистани хонандагон зарур аст.

Ҳангоми ҳалли масъалаи роста ададҳоеро пайдо мекунем, ки онҳо дар шарти масъалаи баръакс ифода мегарданд. Ва ин ададҳои ҳосилшуда дурустии ҳалли масъаларо нишон медиҳанд.

Бо тарзи тартиб додани масъалаи баръакс шогирдон дар синфи сеюм шинос мешаванд.

Пеш аз он ки талабагон аз рӯи масъалаи роста масъалаи баръаксро тартиб дода тавонанд, аввал бояд худи масъалаи ростаро дуруст ҳал карда тавонанд. Баъд ададҳое, ки дар ҳалли масъала пайдо шуданд, онҳоро дар шарти масъалаи баръакс дохил кунанд.

Дар ин кор хонандагонро зарур аст, ки тамоми қоидаҳои ҳалли масъалаи ростаро риоя кунанд. Яъне:

1. Шарт ва талаби масъаларо ба таври кӯ тоҳ нависанд.
2. Аз рӯи шартҳои додашудаи он ифода тартиб дода, онро ҳал кунанд.
3. Ҷавоби масъаларо ба пуррагӣ нависанд.
4. Санҷиши амалҳоро донанд. Зеро масъалаи роста аз рӯи кадом амал кор карда шудааст, дар мавриди масъаларо баръакс гардондан, аввал санҷиши он амалро навишта, баъд аз рӯи он масъаларо тартиб медиҳанд.

Чуноне ки маълум аст, масъалаи роста аз шартҳо ва хулоса (савол) иборат аст. Дар вақти ҳалли он аз шартҳои он ифода тартиб дода, онро ҳал карда ва ҷавоби масъаларо ба пуррагӣ менависанд.

Дар мавриди масъаларо баръакс гардондан ҷавоби масъалаи роста, шарти аввали масъалаи баръакс, яке аз шарти масъалаи роста, шарти дуюми масъалаи баръакс; дигаре аз шарти масъалаи ростаро саволи масъалаи баръакс менависанд.

Ба таври нақша онро нишон медиҳем.

Масъалаи роста
1. Шарти якум
2. Шарти дуюм
3. Саволи масъала

Ҳалли масъала
Шарти 1 + шарти 2 ӣ ҷавоби масъала.

Азбаски масъалаи мазкур бо амали ҷамъ кор карда шуд, бинобар ин санҷиши онро менависем.

Ҷавоби масъала-шарти 2-юм ӣ ? (шарти 1) ё ҷавоби масъала - шарти 1-ум ӣ ? (шарти 2)

Масъалаи баръакси он чунин шакл мегирад.

Масъалаи роста           Масъалаи баръакс

1.Шарти 2-юм - шарти масъалаи баръакс
2.Шарти 1-ум - саволи масъалаи баръакс

Акнун масъалаи зеринро дида мебароем. Масъалаи 4. саҳ. 31 китоби 'Математика'-и синфи 3

'Дар автобус 16 нафар духтар ва 8 нафар писар нишастаанд. Дар автобус чанд нафар писару духтар нишастаанд ? '

Навишти кӯтоҳи масъала

Духтар - 16 н
Писар - 8 н
Ҳамагӣ чанд ?

Ҳалли масъала
Духтар + писар ӣ ҳамагӣ 16 + 8 ӣ24

Ҷавоб: Дар автобус 24 нафар писару духтар нишастаанд.

Масъалаи мазкур аз ду шарт; '16 нафар духтар' ва '8 нафар писар' ва саволи 'Чанд нафар писару духтар нишастаанд?' иборат аст Барои ёфтани ҷавоб ба саволи масъала ифодаро бо амали ҷамъ ҳисоб кардем.

Барои тартиб додани масъалаи баръакс аввал санҷиши ифодаи масъалаи ростаро менависем.

16+8ӣ24
24-8ӣ?

Пас, ҷавоби масъалаи роста 'Дар автобус 24 нафар писару духтар нишастаанд' шарти аввали масъалаи баръакс ва шарти дуюми масъалаи роста '8 нафар писар нишастаанд' шарти дуюми масъалаи баръакс ва шарти аввали масъалаи роста савол дар масъалаи баръакс менависем.

Масъалаи баръакси он чунин аст.

'Дар автобус 24 нафар писару духтар нишастаанд. Аз онҳо 8 нафар писар нишастаанд. Дар автобус чанд нафар духтар нишастаанд?'

Навишти кӯтоҳи масъала

Ҳамагӣ-24 нафар
Писар-8 нафар
Духтар чанд нафар-?
Ҳалли масъала
Ҳамагӣ-духтар ӣ 16 нафар
24-8ӣ16
Ҷавоб Дар автобус 16 нафар духтар

Чунин тарзи кор бо масъала бо шогирдон имконият медиҳад, ки онҳо худашон масъаларо ҳал карда, ба дурустии ҳалли он боварӣ ҳосил карда тавонанд.

Тартиб додани масъалаи баръакс ба хонандагони имконият медиҳад, ки онҳо дар вақти гузаштани мавзӯи 'Периметри бисёркунҷа' аз рӯи периметри он яке аз тарафҳои бисёркунҷаро ёфта тавонанд.

Дар синфи 4-ум шогирдон дар мавриди гузаштани мавзӯи 'Суръат, Вақт, Масофа' аз рӯи формулаи масофа, суръат ва вақти онро муайян мекунанд. Ва инчунини дигар аз рӯи масоҳати бисёркунҷа яке аз тарафҳои онро ёфта метавонанд.

2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory