СОЛИ 2006 - СОЛИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Қурбоналиев Додалӣ. Омӯзгори мактаби асосии No16 ноҳияи Шуғнон
Мувофиқи нақшаи таълимӣ дар синфҳои 7-ум ва 8-ум таълими 'Таърихи Дин' ҷорӣ
гардидааст. Мақсади асосии ин фанн хонандагонро ба таърихи пайдоишу таҳаввули динҳо шинос
намудан аст. Дар рафти ҳар як дарс чӣ дар синфи 7 ва чӣ дар синфи 8 он унсурҳои монанде, ки
дар динҳо вуҷуд доранд, Дар рафти ҳар як дарс чӣ дар синфи 7 ва чӣ дар синфи 8
он унсурҳои монанде, ки дар динҳо вуҷуд доранд, ба хонандагон гуфта ва шарҳ дода
мешаванд. Хонандагони гиромӣ! Соли 2006-соли тамаддуни ориёӣ эълон гардидааст ва
таърихномаи миллати Хонандагони гиромӣ! Соли 2006-соли тамаддуни ориёӣ эълон
гардидааст ва таърихномаи миллати тоҷик аз саҳифаҳои рангин саршор аст: Доир ба
таърихи Зардушту зардуштиён ривоятҳои зиёде боқи тоҷик аз саҳифаҳои рангин
саршор аст: Доир ба таърихи Зардушту зардуштиён ривоятҳои зиёде боқи мондаанд.
Боғев-гаҳвораи Зардушт
Ҳар замон чун менишастем бо падар,
Менамуд бар мо ҳикоят то саҳар.
Гуфт ин ривоятро, ки месозам баён.
Аз ҷаддонам ман шунидам як замон.
Гуфт боре: Дар замонҳои қадим,
Ҷои мо будааст як шаҳри азим.
Қалъае, ки гӯиё аз кофирон,
Ин ақидаро хато карданд баён.
Ҳеҷ як кофир набуд дар шаҳри мо,
Ҳар ки Яздон рад намуд гардид фано.
Қалъаро Баҳман бисохт баҳри дифоъ,
То набинад халқ аз душман ҷафо.
Номи кӯҳ буд як замон кӯҳи 'Нидо',
Ҳам дар он ҷо шуд падид сирри Худо.
Баъди чандин солҳову асрҳо.
Шуд тағайюр ном аз кӯҳи 'Нидо'.
То ба 'ҳиҷрат' номи кӯҳ буд кӯҳи 'Зар',
Зар наҷот дод мардумонро аз хатар.
Чун зи асрори Худову номи Зар,
Мо шунидем андар он рӯз аз падар.
Зорӣ кардем, к-эй падар акнун бигӯ,
Ончӣ бишнидӣ зи ҷаддон кун шурӯъ.
Кард оғоз қиссае аз як расул,
Мо ба дил дар кӯчаки кардем қабул.
Гуфт: надонам даври 'Ведо' кай гузашт,
На нидо ояд зи кӯҳу на зи дашт.
Пардаи ҳикмат фитод ҳангоми шом,
Кард оғоз достони нотамом.
Аз шунида як ба як бинвишта шуд,
Тухми илму маърифат ҳам кишта шуд.
Даври 'Ведо'-даври Иброҳим буд,
Қарн дар он давр сиву ним буд.
Шуд навишта рози пинҳони дигар,
То, ки мардум ҳам биёбанд з-ӯ хабар.
Боз шуд асрори рангоранги нав,
То ба кай дар синаҳо монад гарав.
Ҳикояти Маҳмуд
Санги кох бинмуд рангин ин аҷаб,
Лек ҳаргиз ин набошад бесабаб.
Гуфт: ире баъди чандин қарнҳо,
Омади бар мулки он марди шуҷоъ.
Ҳамнабард бо ӯ набуди ҳеҷ кас,
Кард мусаххар қалъаро дар як нафас.
Ло-илоҳ гуфто:, ки гӯед ҳамраҳам,
Боз иллалоҳ ба ӯ созед зам.
Гуфт: Муҳаммад исми поки он расул,
Ҳар ки оқил мекунад онро қабул.
Исми яздони қадим Аллоҳ бувад,
/ ба ҳар ду Қавн доим шоҳ бувад.
-Гуфт Маҳмуд: Он Худованд дар куҷост?
Дидани ӯ ҳам барои мо равост.
Сар дар иқдомат ниҳодем эй азиз,
Пеши Яздон то нагардем ботамиз.
Ҳар чӣ бар мо гуфтӣ, бешак ҳақ бувад,
Ҳар кӣ нодонӣ кунад аҳмақ бувад.
Гуфт Ҳайдар он Худованди Қадим,
Дар дили ҳар кас бидорад ҷо муқим.
Ҳар ки дар зикру ибодат ҳаст ҳарис.
Мешавад Аллоҳ бар ӯ доим анис.
Пас бигӯед ин чӣ шаҳр асту макон?
Як ба як бар ман бисоз акнун баён.
Гуфт Маҳмуд: Он чи месозам баён,
Ё Алӣ мебинӣ ҷумла ҳаст аён.
Пас кушуд Маҳмуд асрори куҳан,
Гуфт: Бишнидам зи ҷаддон ин сухан.
Деҳи ман кӯчак набуд дар як замон.
Шаҳри зебо буд ҳоло аст нишон.
Бештар аз си ҳазор кас доштӣ,
Тухми некиву хирадро коштӣ.
Меҳтарон карданд бо ҳам қилу қол,
То бидонанд шаҳр доим дар чи ҳол.
Ҳамчунин қарнҳо гузаштанд пай ба пай,
Ҳеҷ кас ҳаргиз намегуфт ину вай.
Лек иблис шуд ҳувайдо дар миён,
Рӯзу шаб мекард бар мардум баён.
Кард сиёҳ дилҳову ҷангу ҳам фасод.
Бар ҷавонон як ба як медод ёд.
Шуд талотум байни мардум он замон,
Рафт аз байн рӯзу шабҳои амон.
Кас намедонист қадри модарон,
Зери по гардид қадри хоҳарон.
Мешикофтанд синаҳои ҳамдигар,
Ҳамчунон гургу палангу шери нар.
Он яке даст зад бар яғмогарӣ,
В-он дигар устод дар иғвогарӣ.
Ҳар чӣ гуфтанд оқилон бар ҷоҳилон,
Н-овард ин гуна фасод дар миён.
Ҷоҳилон кай мешуниданд ин сухан,
Мезаданд минқор чун зоғу заған.
Кас набигрифт лутфи пирони асил,
Гӯиё эшон ҳама ҳастанд бахил.
Ҷумла пирон хаста гаштанд аз хитоб,
Лек аз мардум наёмад як ҷавоб.
Хост Яздон мардумон ёбанд наҷот,
Кард лаҳад бар Ҷобири иблис бисот.
З-он ки мардум бозгарданд аз хато.
Тарсгари доно Худо кардӣ ато.
Буд дар Шасен1 як пири дигар.
К-аз Шаҳи ҳарду саро дошти хабар.
Буд парҳезгору оқил пирамард,
Омада пеши халоиқ ваъз кард.
Ончунон раҳгум буданди мардумон,
Кай ниҳодӣ гӯш ҳам бар ӯ баён.
Пири зоҳид шуд малул аз ҷоҳилон,
Ашкрезон сӯи манзил шуд равон.
Ҷумла пирон назди зоҳид омаданд,
Даст бар дасташ ҳаме бигзоштанд.
Гуфт Орис: Эй азизи мӯътабар,
Пас чӣ бояд кард андар кори шар.
Обиди Шоҳпул монд хамӯш чанд,
Баъд аз он бар дӯстонаш дод панд.
Оби баҳр истод акнун бар сарам,
Хоку Боду Оташ омад бар сарам,
Рӯҳи мо з-онро ба инҷо пас боз пас.
Боз гардад инчунин дар як нафас,
Метавонед бо аёми худ бурун.
З-ин макон гардед, ки хоҳад шуд забун.
Ҷобир иблис халқро бероҳ намуд,
Бими маргу нестии шаҳр ҳам фузуд.
Обиди Шоҳпул бигрист то сабоҳ,
Навҳааш бишнида гардид то ба моҳ.
Нолаш обид шунид Яздони пок,
Дар замон иблис Ҷобир кард ҳалок.
Мардумон буданд раҳгуми сарбасар,
Бар сари иблис гаштанд навҳагар.
1 Шосен-Сучон
|