Фанни химия барои ба донишҳои химиявӣ мусаллаҳ намудани шогирдон, дар онҳо анни химия барои ба донишҳои химиявӣ мусаллаҳ намудани шогирдон, дар онҳо парваридани тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, зебопарастӣ, экологӣ хизмат менамояд. Даврони зудтағйирёбанда тақозо дорад, ки мо муаллимон методҳои нав ба навро ҷустуҷӯ намоем, ки дарси мо диққатҷалбкунанда шавад ва тавонад дар хонандагон қобилияти фикррониро намояд. Зеро хонандаи имрӯза дар ҷомеаи комилан нав фаъолият менамояд. намояд. Зеро хонандаи имрӯза дар ҷомеаи комилан нав фаъолият менамояд. Чун таҷриба як соати дарси химияро, ки дар синфи 10 гузаронида шудааст, ба таваҷҷӯҳи Чун таҷриба як соати дарси химияро, ки дар синфи 10 гузаронида шудааст, ба таваҷҷӯҳи муштариёни рӯзномаи 'Мӯнис' пешниҳод менамоям. Мавзӯъ 'Глюкоза, сохт ва истеъмол' 1. Олими химиядони форсу тоҷики асри ХIII
Дар доска расми иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ Шарипов Иброҳимро овезон мекунам.
Савол:
- Бачаҳо ин шахси мӯътабарро мешиносед? Кист ва чӣ хизмате дорад?
Хонанда Исхоқов: - Ин амаки ман буда, дар ҷанги солҳои 1941- 1945 иштирок намуда, бо якчанд орден ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Савол:
- Дар соли 2005 чанд солагии 'Рӯзи Ғалаба'-ро ҷашн гирифтем?
Хонанда:
- Соли 2005 60-солагии ғалабаи Армияи Советӣ бар Германияи фашистиро ҷашн гирифтем.
Сипас, хонандагонро аз рӯи номҳои шоирону мутафаккирони ҷаҳон, Ломоносов, Гёте, Сино ба гурӯҳҳо ҷудо менамоям.
Ба ҳар гурӯҳ 3 савол пешниҳод мегарданд:
1. Аз собунҳои дар миз мондашуда, собунҳои муқаррарӣ ва синтезиро ҷудо кунед.
2. Равғанҳои моеъ ва сахтро гуфта дода, фарқашонро нишон диҳед.
3. Барои чӣ собунҳо ҳархела ва бӯи гуногун доранд.
Дар доска чунин ребусро овезон мекунам.
Хонандагон мавзӯъро мекушоянд.
1 . Глюкоза дар табиат:
2. Аҳамияти глюкоза.
3. Норасоии глюкоза ё баръакс афзоиши он дар организм кадом касалиҳоро ба вуҷуд меоварад.
1.Реаксияи сифати глюкозаро бо Cu (OH)2 илова карда, маҳлули кабуди баланд пайдо мекунем. Савол ба гурӯҳҳо: Чунин реаксияро дар кадом моддаҳои химиявӣ мушоҳида кардем?
(Спиртҳои сеатома)
2.Бачаҳо, Шумо дар хона кадом реаксияи химиявии глюкозаро мушоҳида кардед? (Аз таъсири микроорганизмҳо туруш мешавад)
С6Н12О6 -2 С2 Н5ОН + 2СО2
(ки ин дар вақти вайрон шудани мураббо, салат, туруш шудани шир)
Дар кори мустақилона чунин чайнвордро пешниҳод менамоям:
2. Файласуф, табиб, табиатшинос ва адиби тоҷик.
3. Олими химия, физика ва нуҷуми рус
4. Элементи химиявӣ
5. Чашмаи минералии шифобахш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо ҳамин дарсро ба охир мерасонам ва ба гурӯ ҳҳо баҳо эълон карда, дарсро ҷамъбаст менамоям ва хулоса мебарорам.
Ин гуна дарсҳо барои фикрронии хонандагон муфид буда, истифодаи чунин методҳои соддаву самарабахш дониши хонандагонро такмил медиҳанд. Инчунин бо чунин усул шавқу ҳаваси хонандагон нисбати фанни химия зиёд мегардад.