УМРЕ ДАР МАОРИФ

Д.Ғуломнабиев
мушовири ДТМК-и ВМКБ

Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар,
Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар


Водии Мурғобро барҳақ водии ҷавонмардон мегӯянд. Агарчи таи солҳои охир бо бунёди роҳи Қулма -Тошкурғон бисёре аз мушкилотҳои сокинони ин водии баландтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаллу фасл гардида бошанд ҳам, мушкилоти табиии он барои ҳама маълум аст.

Бахусус солҳои 50- уми қарни гузашта сокинони ноҳия бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ буданд ва теъдоди хеле ками мутахассисон пайдо мешуданд, ки ҷасорати дар ин водӣ кор кардан дошта бошанд.

Вале охон Карамшо, ки воқеан марди ватандӯ сту маорифчии асил буд, умрашро бо ин водии ҷавонмардон пайваст ва дар бунёду такомули маориф дар ноҳияи Мурғоб хизмати содиқона намуд.

Аслан такдирномаи маорифчии асилу инсони комил Ватаншоев Карамшо бо тақдири аҳли диёру кишвараш ҳамнавост. Вай фаъолияти педагогиашро аз зодгоҳаш мактаби ба номи Маленкови чамоати Ванқалъа соли 1946 шурӯъ намуда, то соли 1950 дар синфҳои ибтидоӣ дарс медод. Сипас вай дар тӯли солҳои 1950-1953 ба ҳайси мудири мактаби ибтидоӣ ва сипас омӯзгори мактаби хафтсолаи дехаи Ванкалъа фаъолият намуд.

Он солҳо омӯзгорони касбӣ дар ноҳияҳои дурдаст намерасиданд ва бо фармони Сардори идораи маорифи вилоят муаллим Ватаншоев Карамшо ба ноҳияи Мургоб фиристонда шуд. Агарчи шароити кор дар ноҳияи Мургоб он солҳо хеле мураккаб бошад ҳам, ин марди асил бо дарки зарурати даврон бе ҳеч нею нестон ба ноҳияи Мурғоб раҳсипор гардид.

-Дар водии Аличур солҳои панчоҳум хануз ягон мактаб барои тоҷикзабонон вуҷуд надошт. Мактаби қирғизӣ низ 12 км дуртар дар деҳаи Оқҷар воқеъ буд ва аксари сокинони тоҷикзабон аз мактаб дар канор буданд..-ба хотир меоварад собиқадори маориф Карамшо Ватаншоев.-Ман аниқтараш на танҳо барои омузгорӣ,балки барои бунёди мактаб ба ин ҷо фиристонда шуда будам. Ва мо бо ҳамроҳии устои роҳсоз Давлат Атобеков ба бунёди мактаб барои фарзандони роҳсозон шурӯъ намуда, бинои нахустмактаби тоҷикиро бунёд намудем.

Ба ҳамин тариқ, дар қишлоқи Аличури ҷамоати Аличур бо ибтикори муаллим Карамшо Ватаншоев нахустмактаби ибтидоӣ кушода шудааст. Мактаб ҳатто мизу курсӣ надошт ва бо кӯмаки омӯз- горони мактабҳои қирғизии деҳаҳои Башгумбезу Оқҷар бо мизу курсӣ таъмин гардид. Мактаб ҳамчунин таҳти сарпарастии роҳсозон, бахусус устои роҳсоз Давлат Атобеков базаи моддӣ- техникиашро сол ба сол мустаҳкам менамуд. Сокинон ва омӯзгорону хонандагони мактаб бо ифтихори бузург аз кишвару миллат ба он номи сардафтари адабиёти тоҷик Садриддин Айниро доданд. Дар тӯли 27 сол сарварии ин мактабро муаллим Карамшо Ватаншоев ба ӯҳда дошта, барои баланд бардоштани сифати таълим ва таъминоти модди-техникии ин мактаб заҳмати зиёде ба харҷ додааст.
Дар маҷмӯъ собиқаи кории муаллим Карамшо Ватаншоев бештар аз 45 сол мебошад. Вай баъдан солҳои тӯлонӣ дар мактаби раками 6 ба номи М . Горкий ба фарзандони ҳамдиёронаш дарс дода,соли 1991 ба нафақаи пиронсолӣ баромадасст.

Заҳматҳои софдилонаи муаллим Карамшо Ватаншоев бо нишонаи 'Аълочии маорифи халқи Точикистон' қадр гардидааст. Вале беҳтарин мукофот барои ин омӯзгори соҳибтаҷриба эҳтирому қадршиносии аҳли диёраш мебошад. Тамоми хурду бузурги ҷамоати Аличур муаллим Карамшо Ватаншоевро бо эҳтироми калон 'охон',яъне муаллим мехонанд. Агарчи синну соли муаллим ба ҷое расида бошад ҳам , вай худро аз кори маориф ва таълиму тарбия дар канор намегирад . Дар тамоми чорабиниҳои таълимиву фарҳангӣ ва сиёсиву тарбиявӣ муаллим Карамшо Ватаншоев гули сари сабади аҳли маърака мебошад. Касби масъулиятноки омӯзгориро бошад фарзандон, набераҳо ва шогирдони муаллим бо ифтихори бузург идома дода истодаанд.