ТАЪЛИМ ВА ИНКИШОФИ ШАХС

Хурсанди Азизшо
Корманди ДТМК-и ВМКБ


(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Ҷои шубҳа нест, ки аз рӯзи ба дунё омадани одам то имрӯз тамоми кашфиётиҳои хурду бузург, тараққиёти илму техника ва хоҷагии халқ ба инкишофи шахсияти инсон сахт марбут аст. Чун дунёи ҷадид бо суръати хеле зиёд тараққӣ ва инкишоф меёбад инкишофи кӯдакро ба он баробар намудан вазифаи мактаб ва муаллим мебошад. Ҷомеае, ки дар он ғамхорӣ дар ҳаққи инсон дар мадди аввал меистад, гулгулшукуфоӣ ва инкишофи босуръати интелекти инсониро таъмин мекунад. Дар консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: 'Гуманизатсияи маълумот ҳамгироӣ ва пайванди таълиму тарбияро таъмин мегардонад ва тафаккури созандагию бунёдкорӣ низ аз он сарчашма мегирад. Дар инсон тарбия намудани малака ва маҳорати дидану шинохтан, шунидану фаҳм кардан, гуфтану амал кардан ниҳоят аҳамият касб мекунад ва дороии ин ҳолатҳо асоси инкишоф буда, феълияти инсонро танзим мебахшад. Такмил додани ин раванди судманд яке аз вазифаҳои мубраму замонавии педагогикаи амалӣ ба ҳисоб меравад.'

Усул ва методҳои нави таълимиеро ба вуҷуд бояд овард, ки инкишофи хислати аз ҳама муҳими инсонӣ интеллект, инкишофи ақлию зеҳнии ӯро таъмин намоянд ва инкишоф ба ривоҷи шахсияти баркамол, ба тамоми умри одамӣ нигаронида шуда бошад. Худ ба худ саволе ба миён меояд: Ба ғайр аз дониш, малакаю маҳорат боз чӣ чиз системаи инкишофёбии кӯдакро мефизояд? Китоб, истифодаи он дар раванди таълим ва берун аз он дар ин самт мавқеи муҳим дорад. Дар дарсҳои анъанавӣ муаллим китобро фақат дар иҷрои ҳалли мисолу масъалаҳо ё кори мустақилона истифода кардан иҷозат медод, дар ҳолатҳои дигар кушодани китоб дар дарс мамнӯъ буд... Ин амали омӯ згор онқадар хуб нест. Аввалан ҳамагон бояд дар синф аз китоб таъмин бошанд ва баъдан китоб дар раванди таълим мудом мавриди истифодаи хонанда қарор гирад. Шогирдон бояд китобро дар дарс мутолиа кунанд, хулоса бароранд, мустақилона дониш гиранд. Агар имконият бошад, аз рӯи зарурият луғат, фарҳанг, маълумотномаҳоро аз ҳар як фан истифода баранд. Ин эҷодкорӣ ва шавқи хонандаро зиёд мекунад, маҳоратро зам мекунад, диққат, хотира ва иродаро ташаккул медиҳад.

Дониш тавассути фикркунӣ ҳосил мешавад. Аз ин лиҳоз, омилҳое, ки ба инкишофи фикркунӣ ва вусъати тафаккури эҷодӣ мусоидат мекунанд дар раванди таълим бо истифодаи шаклҳои гуногуни фаъолиятҳо пиёда мешаванд. Ташкили фаъолиятҳои самараноки хонандагон дар раванди таълим вобаста ба мазмун ва мундариҷаи мавзӯъ хеле зиёд ва гуногун буда, ба истеъдоду лаёқат, донишу маҳорати касбии омӯзгор сахт марбут аст.

Инро аз ибтидои ба мактаб омадани кӯдак ёд бояд дод. Вақте ки ба шогирдон оиди ҳалли ягон масъала супориш медиҳем, онҳо роҳ ва усулҳои ҳалли масъаларо фикр накарда, якбора ба ҳал кардани он шурӯъ мекунанд. Лозим аст, ки нақша тартиб дода шавад ва роҳҳои ҳалли имконпазир ва беҳтарини онҳо таҳлилу интихоб гарданд. Барои ин на фақат ҳавас бояд дошт ва худро маҷбур намуд, балки оқилона ташкил намудани фаъолияти худ, муайян намудани ҳалли дуруст, дар вақти кор худро назорат карда тавонистан хеле муҳим мебошад.

Дар ин инкишофи ақлонию эҷодии шогирдон муносибати байни муаллим ва хонанда, хонанда ва хонанда нақши муҳим мебозад. Хонандагон ҳар қадар худро дар синф озод ҳис намоянд, ба омӯзгор фикрашонро бемалол баён кунанд, аз ӯ кӯмак ва маслиҳат пурсанд ва ба баҳси дилхоҳ дароянд ба манфиати кор мебошад. Кӯдакон дар раванди таълим мавқеи навоварӣ, эҷодкорӣ ва тадқиқотчигӣ ишғол менамоянд. Ҳадафи муаллим бедор намудани ғаризаи тафаккури ҳар як хонанда ва инкишоф додани нерӯи ҳофизаи онҳо мебошад. Дар ин самт ташкил намудани фаъолиятҳои гуногуни хонандагон дар гурӯҳҳо, корҳои дукаса ва фардӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Хонандагон дар иҷрои корҳои гурӯҳӣ, фаъолиятҳои дукаса муносибати хуби инсонӣ пайдо мекунанд. Ҳамзамон ба фаъолияти хонандагон додани равиши эҷодкорӣ ва тадқиқотӣ мувофиқи матлаб мебошад. Ин ҳолатро фаъолияти фикркунии мақсадноки хонанда дар азхудкунии дониш ё фаъолияти таълимӣ номидан мумкин аст, чаро ки ҳаваси хонанда худ ба худ пайдо нашуда, вайро дар вақти фаъолиятҳои мухталиф омӯзгор ташаккул дода, ба самти инкишофи минбаъдаи кӯдак интиқол медиҳад.

Вазъиятеро бояд муҳайё намуд, ки хонанда аз кори иҷро кардаи худ хурсанд шавад. / медонад, ки ин корро пештар иҷро карда натавонист, аз ин рӯ, вай ифтихор мекунад. Дар анҷоми фаъолияти таълимӣ ба худназораткунӣ ва худбаҳодиҳӣ диққати хоса додан даркор аст. Баҳои хонанда ба кори худ ба баҳои муаллим ба кори вай мувофиқ бошад. Технологияе, ки дар раванди таълими инкишофёбанда ё кӯдакмарказ истифода бурда мешавад, принсипҳои фарқкунандаи ташкили маводи таълимӣ ва шакли дигари таъсиррасонии муаллим ба хонандаро тақозо дорад.

Фанҳои таълимӣ аз ду қисмати асосӣ иборат мебошанд, якум, барнома, ки мазмун ва мундариҷаро муайян намуда, усулҳои аз худ намудани онро аз тарафи шогирдон дар бар мегирад. Дуюм методҳои асосии кори омӯзгор дар ҳолати таълими инкишофёбанда мебошанд. Дар ҳалли ин масъалаҳо усули проблемавӣ, ки ба эҷодкорӣ - ҷустуҷӯӣ ҳидоят мекунад, истифода бурдан айни муддаост. Аз ин лиҳоз, хатмкунандагони мактабро низ ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Онҳое, ки хонданро ёд гирифтанд ва онҳое, ки фикрикуниро ёд гирифтанд. Пас, раванди таълим се вазифаро иҷро бояд кунад: таълимӣ, тарбиявӣ, инкишофдиҳӣ. Солҳои тӯлонӣ пешрафти таълими хонандагонро дар сифатҳои арзишмандии омӯзгор ҷустуҷӯ мекарданд, вале тадриҷан маълум шуд, ки масъалаи идоракунии раванди таълим аз тарафи муаллим омили муҳимтари муваффақиятҳо мебошанд. Омӯзгор дар таълими инкишофдиҳанда ё дарси кӯдакмарказ чашмаеро ба назар меорад, ки худ ноаён буда, аз рӯи сабзаи гирду атроф оиди мавҷудияти он маълумот пайдо мешавад. Амали муаллим аз ба вуҷуд овардани фикр то корбаст намудани он, ҷалб намудани хонанда ба кори эҷодӣ хеле муҳим буда, ноаён ташкил карда мешавад. Агар барои муаллим муяссар шавад, ки ӯ хонандагонро ба фаъолияти тадқиқотӣ дароварда бошад, кори эҷодии онҳо дастгирӣ ёбад, ин муваффақияти кори ӯст. Дар маркази диққати муаллим на баёни мавзӯи нав буда, ҷустуҷӯи усулҳои самарабахши ташкили фаъолияти таълимӣ дарккунӣ, тадқиқоткунӣ, эҷодкорӣ ва навоварӣ мебошад. Муаллим дарси пешгузаштаро таҳлил намуда, барои омӯзиши минбаъда мазмуни фаъолияти хонандаро фикр мекунад, мушкилиҳои корро баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро муайян мекунад ва шаклу усулҳои кор бо ҳар як хонандаро интихоб менамояд.

Хулоса, илми равоншиносии муосир собит мекунад, ки фаъолияти хотираи хонандагони синни калони мактабӣ аз рӯи категорияҳои зайл чунин баҳогузорӣ мешавад: Дар вақти хондан 10%, ҳангоми шунидан 26%, дар вақти дидан 30%, ҳангоми шунидан ва дидан 50%, бо муҳокимакунӣ 70%, такя бар таҷриба 80%, гуфта иҷро кардан 90% ва дигаронро ёд додан 95% мавод дар хотир нигоҳ дошта мешаванд. Ба тариқи таҷриба мо дар мактаби рақами 8 ноҳияи Рӯшон, аз соли 2000-ум раванди тадрисро бо ба инобат гирифтани ин дастури илмӣ-равоншиносӣ ва ба талаботҳои дарси кӯдакмарказ моил намуда, натиҷаҳои назаррасро соҳиб шудем. Инро аз ҷадвали зер бараъло мушоҳида кардан мумкин аст

Хонандагон дар истеҳсолот на аз рӯи суст будани дараҷаи дониши худ мемонанд, балки шароити вазнини иқтисодии оилавӣ имконият намедиҳад, ки онҳо таҳсилашонро идома диҳанд.