Сегодня

'МАСНАВИИ МАЪНАВӢ'- И ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Азизи Аҳмадбек
Омӯзгори мактаби миёнаи No11 ноҳияи Роштқалъа.

Ҷалолиддини Румӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун Ҷшоир ва дар таърихи афкори иҷтимоӣ ва фалсафаи Ҷх алқҳои Шарқ ҳамчун мутасаввиф ва мутафаккири намоён мақоми бузург дорад.

Мероси адабӣ-фалсафии Ҷалолиддини Румӣ аз ҷиҳати шумораи асарҳояш бисёр набошад ҳам, аммо ба ҳайси мундариҷаи умумиаш хеле калон аст. Ду асари Румӣ 'Фиҳи-мо фиҳи' ва 'Макотиб' ба наср навишта шудааст.

Дар мероси адабӣ-фалсафии Ҷалолиддини Румӣ 'Маснавӣ'-и ӯ мавқеи ҷудогона дорад ва гуфтан мумкин аст, ки шӯҳрати оламшумули ӯ низ ба ҳамин асар вобастааст. Ин асар на танҳо асосҳои назарии тасаввуф, балки бисёр масъалаҳои муҳими фалсафаи табиӣ ва илоҳӣ, фиқҳ, калом, сиёсати маданӣ ва манзилиро дар бар гирифтааст.

'Маснавӣ' монанди дигар асарҳои фалсафӣ ё достонҳои суфиёнаи Саноӣ ва Аттор сохти композитсионии муайян надорад. Муаллиф масъалаҳои ҷудогонаро ба тартиби муайян ба бобу фаслҳо ҷудо накардааст. Ин маснавиро бо хоҳиши пир Ҳуисомиддини Чалабӣ таълиф намудааст. Ҳисомиддин хоҳиш намуд, ки Мавлоно барои ӯ дар пайравии асари 'Ҳадиқа'-и Саноӣ асаре офарад. Аммо ривояте аст, ки мувофиқи он ҳанӯз пеш аз муроҷиати Ҳисомиддин абётеро таълиф намуда будааст. Ҳаждаҳ байти оғози 'Маснавӣ'-ро Ҷалолиддин бо дасти худ сабт намудааст. Минбаъд Ҷалолиддин мегуфт ва Ҳусомиддин менавишт. Маснавӣ баъдҳо бо номи 'Маснавии маънавӣ' шӯҳрат меёбад.

'Маснавӣ'-и Румӣ аз шаш қисм, ки муаллиф онҳоро шаш 'дафтар' номидааст, иборат аст. Баъзан онро аз ҳафт дафтар иборат медонанд. Худи шоир ба маснавиаш бо забони арабӣ дебочае навиштааст. Дар оғози дебочаи худ муаллиф гуфтааст: 'Ин китоб усули, усули, усули дин аст.'

Ҳар як дафтар ба ғайр матни аслӣ дорои ҳикоятҳои зиёде аст. Забони ҳикоят назар ба матни аслӣ соддатар аст ва тавассути мазмуни ҳикоят шоир мазмуни матни аслиро шарҳ медиҳад. Маснавӣ аз 25685 байт иборат аст ва миқдори ҳар як дафтари Маснавӣ ба ин тартиб аст.

Дафтари якум - 4018 байт
Дафтари дуюм - 3826 байт
Дафтари сеюм - 4813 байт
Дафтари чорум - 3856 байт
Дафтари панҷум - 4241 байт
Дафтари шашум - 4991

Қ исми аввали Маснавӣ 'Найнома' ном дорад

Дар хусуси байти аввали 'Маснавӣ' дар байни шореҳони осори Мавлоно андешаҳои гуногун мавҷуданд Бисёрии онҳо дар ҳамон шакле, ки дар боло оварда шудааст, навиштаанд. Вале муҳаққиқи дигар, Муҳаммад Истеъломӣ дар ин хусус андешаҳои дигар дорад. Вай нахустбайти Маснавиро дар чунин шакл овардааст:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудогиҳо шикоят мекунад.

Истеъломӣ дар бораи сабаби тағйир ёфтани шакли ин байт навиштааст: 'Дар ин чопи Маснавӣ хонандаи ошно дар назари аввал мутаваҷҷеҳ мешавад, ки байти аввал бо он чи дар ҷойҳои дигар мебинем, яксон нест. Нусхаҳои қадим ва мӯътабаре, ки пояи ин кор будааст, нусхаҳои замони Мавлоно ва бисёр наздик ба замони ӯст ва он чӣ дар матн омадааст, сурати дурусти каломи Мавлоност.' Маълум аст, ки каломи ашъораш ҳанӯз дар замони худи Мавлоно, чор сол пеш аз фавти ӯ (вафот 1273-1269) мураттаб шудааст. Истеъломӣ низ ба ин нусха ишора кардааст. 'Ин най ишора ба худи Ҷалолиддини Балхӣ аст, ҳамчун як инсони огоҳ ва ориф' Шарҳнависони Маснавӣ 'най'-ро киноя аз марди комил, киноя аз рӯҳи қудсӣ (пок), киноя аз нафси нотиқа ва киноя аз ҳақиқати Муҳаммадӣ донистанд, яъне ин шарҳнависон чунон вуҷуди маснавии худро бо Мавлоно омехтаанд, ки аз ин омезиш мазмуни навро офаридаанд.

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
В-аз ҷудогиҳо шикоят мекунад.
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шаҳра-шаҳра аз фироқ,
То биҷӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ман ба ҳар ҷамъияте нолон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он нур нест,
Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.
Оташ аст ин бонги ною нест бод,
Ҳар ки з-ин оташ надорад нест бод.
Оташи ишқ аст к-андар ной фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст к-андар май фитод.
Най ҳарифи ҳар ки аз ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.
Ҳамчу най заҳреву тарёке, кӣ дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе, кӣ дид?
Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қ иссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.
Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштари ҷуз гӯш нест.
Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.
Рӯзҳо гар рафт чу рав бок нест,
Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест,
Ҳар ки чун моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар ки берун зист рӯзаш дер шуд.
Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеҷ хом,
Пас сухан кӯтоҳ бояд, вассалам.

2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory