Сегодня

Сохтани диски системавии эҳтиётӣ

Дар вақти ба кор андохтани системаи омилӣ, ё дастрас намудани файлҳои системавӣ ба мушкилиҳо дучор шудан мумкин аст. Дар ин вақт диски системавии эҳтиётиро истифода бурдан лозим меояд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки мо бояд ҳама вақт диски системавии эҳтиётӣ дошта бошем. Чунин дискро вобаста аз системаи омилӣ, бо роҳҳои гуногун сохтан мумкин аст. Мо тарзи сохтани онро барои системаи омилии Windows 98 дида мебароем.

Ҳангоми дар компютер муқаррар (установка) кардани Windows 98 сохтани диски системавии эҳтиётӣ худаш пешниҳод мешавад.
Лекин, ин корро баъдтар низ иҷро кардан мумкин аст. Дар ин диск конфигуратсияи муайян ба кор андохтанро (запуск) ҳам навиштан мумкин аст. Масалан, диски системавӣ метавонад драйверҳои муайяни таҷҳизотҳоро дар бар гирад. Дар диски системавӣ драйверҳои таҷҳизоти хондани компакт- дискҳо мавҷуданд, ки онҳоро дар вақти дучор шудан ба мушкилиҳо ҳангоми муроҷиат намудан ба ин таҷҳизот, истифода мебаранд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳар як версияи Windows (Масалан, Windows 3.1, ва Windows 95 бо версияи Windows 98 ва ғайра) бояд диски системавии худӣ дошта бошад. Барои мисол, дискҳои системавии версияҳои Windows 3.1 ва Windows 95 бо Windows 98 ҳамҷоя шуда наметавонанд.

Акнун, чӣ тавр сохтани диски системавии эҳтиётиро барои яке аз версияҳои Windows, масалан Windows 98 дида мебароем. (Азбаски ҳам версияи русӣ ва ҳам версияи англисии Windows 98 мавҷуданд, мо пеш аз қавсҳо версияи русӣ ва дар дохили қавсҳо версияи англисии номи тугмачаҳо ва фармонҳоро нишон медиҳем).

1.Тугмачаи Пуск (Start)-ро зер карда, аз менюи Настройка (Settings) фармони Панел управления (Сontrol Panel)-ро интихоб намоед.
 

2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory