Ҷашни ватанпарварӣ
Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии ? 3 ба номи Ш Давлатови шаҳри Хоруғ ба ифтихори ҷашни Артиши Миллӣ тантанаи бошукӯҳе доир гардид. Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, собиқ директори ҳамин мактаб Аскаршо Афзалшоев омӯзгорону толибилмони мактабро бо ин иди пуршукӯҳ шодбош гуфта, доир ба роҳи пуршарафи ташаккули Артиши Миллӣ гузориш дод. Инчунин кормандони комиссариати ҳарбии вилоят оид ба вазифаи пуршарафи хизмати ҳарбӣ,дастовардҳои армияи ҷавони тоҷик ва корнамоиҳои хизматчиёни ҳарбӣ мисолҳо оварданд. Дар ин бора директори мактаби номбурда Ҷумъахон Шогуниев иттилоъ дод. Чунин чорабиниҳои муфид ки дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии толибилмон нақши босазо доранд, дар тамоми мактабҳои вилоят доир гардиданд
Маркази нав
Пешниҳоди маъмурияти Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ дар бобати ташкили маркази илмию методӣ дар шаҳри Хоруғ аз тарафи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба таври мусбӣ ҳал гардид. Дар асоси сохтори Академияи илмҳои педагогии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки мушовараи Вазорат тасдиқ кардааст,дар назди Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ маркази илмию методӣ таъсис дода мешавад. Дар назар аст,ки ин марказ фаъолияти олимон ва пажӯҳишгарони соҳаи педагогика, психологияи педагогӣ ва методикаи таълимро дар чорчубаи Оиннома ва сохтори Академияи илмҳои педагогӣ ташкил мекунад ва ҳамоҳанг месозад. Таъсиси ин марказ ба пешравии илму маориф ва баланд гардидани сифати таълиму тарбия,ки онро Президенти кишвар зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилоят чун вазифаи афзалиятноки на танҳо омӯзгорон,балки тамоми ҷомеа муайян намудааст,мусоидат менамояд. Дар ин бора директори Донишкадаи маълумоти касбии ВМКБ,номзади илмҳои педагогӣ Ҷумъа Булбулов ба хабарннигори рӯзномаи 'Мӯнис' маълумот гирифтем.
Аввалин дар ҷумҳурӣ
Гурӯҳи кории ВМКБ оид ба таҳияи нақшаҳои таълими мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2006-2007 ва то соли хониши 2008-2009 аввалин дар ҷумҳурӣ таҳияи лоиҳаи нақшаро ба анҷом расониданд. Ин гурӯҳи корӣ мутобиқи Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъ овардан ва таҳлилу омӯзиши фикру мулоҳизаҳои омӯзгорон,дигар кормандони соҳаи маориф ,падару модарон оид ба нақшаҳои таълими амалкунандаи мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар вилоятҳо дар назди идораи маорифи вилоят сомон дода шудааст. Чуноне ки роҳбари гурӯҳи корӣ,директори Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят Ҷумъа Булбулов ба рӯзномаи 'Мӯнис' изҳор кард, ба ҳайати гурӯҳ маорифчиёни варзидаи вилоят шомил буда,дар тули се моҳ 150 дархосту пешниҳодоти мутахассисони соҳаро таҳлилу баррасӣ намуда,лоиҳаи нақшаро таҳия намуданд. Лоиҳаи Нақшаҳои таълими мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2006-2007 ва то соли хониши 2008-2009 дар рӯзномаи 'Омӯзгор' чоп шуда,баррасии умумихалқӣ пешниҳод гардидааст.
Чунин тарзи қабули Нақшаҳои таълимӣ шароит фароҳам меоварад, ки нақшаи самарабахш қабул гардида,аз тағйиротҳои ҳарсолаи бенатиҷа эмин гарданд.
Такмили маҳорати касбӣ
Дар Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ курси 15-рӯзаи такмили ихтисоси омӯзгорони математикаи ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ, дар мавзӯи 'Методикаи умумии таълими математика' доир гардид.
Мавзӯъҳои дар барномаи курс пешниҳодшуда аз масъалаҳои умумии таълимӣ, аз ҷумла 'Аснодҳои меъёрии соҳаи маориф', 'Педагогика', 'Психология' ва 'Методика' иборат буда, барои пешбурди таълиму тарбия дар кори ҳаррӯзаи омӯзгорон хеле ба маврид мебошанд.-изҳор дошт шунавандаи курси мазкур Раҷабмамадов Назришо омӯзгори мактаби миёнаи ? 9-и шаҳри Хоруғ.
'Мо шунавандагон усул ва методҳои ташкили омӯзиш дар курсро пурра ҷонибдорӣ мекунем, чунки ин усулҳои таълим пешқадам буда, барои баланд бардоштани дониш ва маҳорати педагогии муаллимони математика ёрии калон мерасонанд. Ҷиҳати мусбии ин курс боз дар он аст, ки мо барномаи ин курсро дар маҳалҳо, дар мактаби худ тадбиқ намуда, инчунин бо муаллимони мактабҳои дигар дастрас мегардонем, то ки муаллимони дигар низ аз он бархурдор шаванд ' -изҳор намуд иштирокчии курс Азизмамадов Мирзо омӯзгори мактаби миёнаи ? 7-и ноҳияи Рушон.
Бахшида ба ҷашн
Ба ифтихори ташкилёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Дарвоз чорабиниҳои варзишӣ сурат гирифтанд. Дар мусобиқа варзиши сабуки дастаҳои яккачинӣ қисмҳои ҳарбии сарҳадчиён, қисми ҳарбии мудофиаи назди Вазорати мудофиа мактабҳои рақами 1,4,8,40 қувваозмоиҳои тезу тунд барпо гашт. Ҳамаи варзишчиён маҳорати баланд нишон доданд, вале варзишчиёни мактаби миёнаи рақами 40 нисбати ҳамаи иштирокчиён бартарӣ дошта, дар ҳамаи масофаҳо ҷойҳои 1,2-ро соҳиб гаштанд ва маҷмӯъ соҳиби ҷои аввал гирифт. Варзишчиён Искандаров Ш, Назаров Б, Ғайратов М, Холгонов Ф, Саидқадами Ю, Раҳимов ва Суфиев Х мактаби 8, Муҳаббатов Б, аз мактаби ?4 варзишгарони беҳтарин дониста шуданд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.