Ислоҳоти маориф амал+ мегардад
Б. Ватаниев.
Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа
Маориф дар тули қарнҳои зиёд барои пойдории ҷомеа, равнақу ривоҷи тамаддун ва умуман инсон хизматҳои шоистаеро анҷом додааст. Фаъолияти шӯъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, низомномаҳои муассисаҳои таълимӣ, қарорҳо ва дастуру тавсияҳо мақомоти болоӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа 41 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 8 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ бо фарогирии 5614 нафар хонандагон 1 интернати назди мактабӣ бо фарогирии 55-нафар тарбиятгирандагон ва 1 ясли боғча бо фарогирии 25 нафар кӯдакон фаъолият доранд. Ба таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимии номбаршуда 844 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 421 нафар занон машғуланд. Дар давоми соли 2005 165 нафар омӯзгорон дар курсу семинарҳои назди ДТМК-и вилоят такмили маҳорат намуда, 6 нафар муаллимон ба нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-нафар бо мукофоти пулӣ, 15 нафар бо ифтихорномаи шӯъбаи маориф қадр карда шуданд. Бо мақсади берун намондани насли наврас аз таҳсил шӯъбаи маъориф дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо ҷавонон, шӯъбаи корҳои дохилӣ, комитети кор бо ноболиғон ва кумитаи занон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро бо наврасону волидон мегузаронанд. Ин аст, ки тамоми кӯдакони синни мактабӣ, аз ҷумла духтарон пурра ба мактаб фаро гирифта шудаанд. Соли таҳсили 2005-2006 омӯзгорониу хонандагони мактабҳои ноҳия дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзидаанд. Дар олимпиадаи ноҳиявӣ мактаббачагон дар фанҳои таълимӣ 33 - нафар хонандагони мактабҳои ?? 1,5,6,9,10,14,18,22,26,30,32,35 ғолиб баромада, дар олимпиадаи вилояти фаъолияти хуб нишон доданд ва 4 нафарашон дар озмуни ҷумҳуриявии мактаббачагон фаъолона ширкат варзиданд. Дар озмуни ноҳиявии 'Муаллими сол' омӯзгори фанни химияи мактаби ? 30 Имомёров Охонниёз ғолиб донита шуда, дар озмуни вилояти сазовори ҷои дуюм гардид. Озмуни иншоҳои беҳтарин дар мавзӯъҳои 'Мактуб ба қаҳрамони дӯстдоштаи ман', 'Эй Ватан, обод мону, Эй Ватан, озод мон' гузаронида шуда, иншоҳои хонандаи мактаби ? 6 Назаралиев дар озмуни вилоятӣ соҳиби ҷои якум ва хонандаи мактаби ? 14 Мирзоев сазовори ҷои дуюм гардиданд. Дар озмуни расмҳои беҳтарин дар мавзӯъҳои 'Диёри зебои ман', 'Даҳсолаи об барои ҳаёт', расмҳои эҷодкардаи хонандагони мактабҳои ? 34,35 беҳтарин дониста шуданд. Дар давоми таътили тобистона 952 нафар хонандагони мактабҳои ноҳия дар майдончаҳои солимгардонии назди мактабҳо ва лагерҳо истироҳат намуданд. Яке аз вазифаҳои асосие, ки ислоҳоти соҳаи маориф ба миён гузоштааст, ин барои такмили ҷараёни таълиму тарбияи мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро бо китобҳои дарсӣ таъмин намудан аст. Дар ин ҷода дар 5 соли охир корҳои зиёд анҷом ёфтанд. Бо кӯмаки бонки умумичаҳонӣ ба воситаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои ноҳия бо 51 номгӯй ба миқдори 26356 адад китобҳои дарсӣ ва инчунин барномаҳои таълимӣ таъмин карда шудаанд. Бо кӯмаки амалии раиси ноҳия Пайкармо Алиёрова муассисаҳои таълимии ноҳия барои зимистонгузаронӣ бо 372 тонна ангиштсанг, 972м 3 ҳезум, 523 м3 пору 2 тонна солярка таъмин гардиданд. Аз ин рӯ сохтори соли таҳсил таъғир дода нашуда, хонандагон дар фасли зимистон низ таҳсилро идома доданд. Ба мақсади амалӣ гардонидани 'Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русию англисӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014' дар назди 2 мактаб бо дастгирии ДДХ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ва кумитаи занони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон курсҳои омӯзиши забони англисӣ амал мекунад. Аз тариқи маркази шуғли аҳолӣ бо ҷавонон 2 маротиба курси бозомӯзии забони англисӣ гузаронида шуд. 25 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ дар мурури 3 сол, яъне ҳар сол 2 маротиба дар назди ДТМК-и ВМКБ такмили маҳорат мекунанд. Дар қатори духтарони ноҳияҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон духтарони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Роштқалъа низ ҳар сол бо квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Аз соли 1997 то ҳозир 112 нафар духтарони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Роштқалъа ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. То ҳоло 57 нафарашон мактабҳои олиро хатм намуда, 26 нафарашон ба ноҳия ба кор баргаштанд. Дар давоми се соли охир шӯъбаи маориф ва 8 мактаби ноҳия бо 52 адад компютер таъмин карда шуданд. Аз ин миқдор 42-тоаш аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар, 9-тоаш аз ҳисоби бахши маорифи Хазинаи Оғохон ва яктоаш аз ҳисоби Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ дастрас гардиданд. Имрӯз мардуми ноҳияи Роштқалъа, бахусус зиёиён чун кулли мардуми ҷумҳуриамон аз тамоми ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов нисбати соҳаи иҷтимоӣ хеле миннатпазиранд. Зеро ҳар сол ба мақсади таъмири муассисаҳои таълимӣ ва таҷҳизондани мактабҳо аз ҳисоби фонди захиравии Президенти мамлакат маблағҳои калон ҷудо карда мешаванд. Барои ноҳияи Роштқалъа соли 2004-ум аз ҳисоби ин маблағҳо 1500000-сомонӣ ва соли 2005-ум 145000-сомонӣ ҷудо гардида, мақсаднок истифода карда шуд. Дар давоми ин солҳо ба маблағи 195000 сомонӣ 869 адад миз, 1800 адад курси барои муассисаҳои таълимӣ ба маблағӣ 15000 сомонӣ кату хобҷома барои интернати назди мактаби ? 22 харидорӣ карда шуда маблағи 85000 сомонӣ барои таъмири мактаби ?6 ва мактаби ? 25 сарф гардид. Инчунин имсол аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳои ноҳия 50-адад мизу курсӣ дастрас карда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар давоми 5 соли охир бо кӯмаки ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, яъне ФОКУС, ТАСИФ, НСИФТ, Хазинаи Оғохон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар нохия 3 мактаб аз нав сохта шуда, 7 мактаб таъмир карда шуданд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои ? 33 ба маблағи 21000-сомонӣ ва ? 37 ба маблағи 213000-сомонӣ аз тариқи НСИФТ ҳоло давом дорад. Тибқи нақшаи Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Осиёгии Рушд оид ба барқарорсозии мактабҳои ноҳияҳои таҷрибави корҳои омӯзиш ва тадқиқотии вазъи мактабҳои таҷрибавӣ анҷом дода шуданд. Гурӯҳи кории дар маркази таъсисдодашуда дар қатори ноҳияҳои Рашт, Кӯлоб, Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ вазъи модди-техникии мактабҳои ноҳияи Роштқалъаро низ мавриди омӯзиши қарор дода, 6-мактаби ноҳия аз ҷиҳати баҳодиҳии воқеӣ ба маблағи 194000-доллари амрикоӣ барои барқарорсозӣ интихоб карда шудаанд. Аз ҷумла 5-мактаб барои барқарорсозии калон ба маблағи 164000-доллар ва як мактаб барои васеъкунии хурд ба маблағи 30000-доллар интихоб гардиданд. Баъди баргузор гардидани тендерҳо корҳои сохтмонӣ дар ин мактабҳо оғоз мегардад. Бо вуҷуди ин ҳам ҳоло дар масъалаи сохтмон, таъмиру таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёдро анҷом додан лозим аст. Аз ҷумла, сохтмони биноҳои нотамоми мактабҳои ?1,2,21 деҳаҳои Хабост, Шод, Бидизи поён, азнавсозии бинои мактабҳои ?5,16,17,32 деҳаҳои Сумчев, Себзор, Миденшарв, Синдев, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, сохтмони бинои нави мактаби асосии ? 24-и деҳаи Дашт, ки дар натиҷаи сел нобуд гардид ва бинои МКТБ-и ноҳия-анҷом дода шаванд Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои амалкунандаи ? 19, 28, 36 деҳаҳои Парзудҷ, Миденвед, Табарсем, ба таври фаврӣ таъмир намудани бинои мактабҳои ? 26, 34, 35, 39-и деҳаҳои Рошқалъа, Чандин, Сежд, Шошбувад ва бинои шӯъбаи маорифи ноҳия низ бояд ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл гарданд. Дар навбати дуюм таъмир намудани мактабҳои ¹ 7,8,15,18,20,22,30-и деҳаҳои Бодом, Риҷист, Делох, Барҷангал, Занинс, Видоҷ, Бидизи боло ба мақсад мувофиқ аст. Дар навбати сеюм таъмир кардани мактабҳои ¹ 9,12,13,27,29,31,38,40,41-и деҳаҳои Хидорҷев, Тусён, Намадроҷ, Пастарез, Вездара, Занудҷ, Нимос, Рубот, Ҷавшангоз аз қабили чунин таъмир гарданд. Вале баробари ин мушкилотҳои фаъолияти шӯъбаи маориф ҳанӯз зиёданд.Нарасидани китоби дарсӣ ва омӯзгорони соҳибихтисос, асбобҳои аёнӣ, баъзаи номӯътадили моддӣ-техникии баъзе манбаҳо аз ҷумла чунин камбудиҳо мебошанд, ки ҳайъати кормандони шӯъбаи маориф ва тамоми сарварону омӯзгорони мактабҳо баҳри ислоҳи онҳо чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифтанд. Маорифчиёни ноҳия вазифаҳои ба миёнгузоштаи Президенти кишвар ба аҳли маорифи Ҷумҳуриро сармавқеи кори худ намуда, тамоми кӯшишашонро ба амалӣ намудани барномаи ислоҳоти соҳаи маориф сафарбар менамояд.
|