Барномаи менторӣ-ҷавобгӯи талаби айём
Садбарг Мирова - роҳбари барномаи ментории Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ
Менторҳо ҳамчун муаллим, маслиҳатдиҳанда, машваратчӣ ва раҳнамо фаъолият мекунанд ва баҳри рушди вазъи воқеии мактаб таҷрибаи худро равона месозанд.- мегӯяд Садбарг Мирова роҳбари барномаи ментории Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ Яке аз дурнамоҳои фаъолияти Донишкадаи такмили маҳорати касбии ВМКБ беҳтар намудани сифати таълим, беҳбудӣ бахшидани фаъолияти мактабҳои такягоҳӣ дар Хатлон, Рашт ва ВМКБ, мувофиқи талаби даврон такмили тахассусу маҳорати омӯзгорон мебошад. Бо мақсади фароҳам овардани ёрии доимӣ ба мактабҳо, ДТМК-и ВМКБ барномаи менториро таҳия кардааст. Ҳадафи барномаи менторӣ ин беҳтар ба роҳ мондани раванди ҳамкорӣ ва таҷрибаивазкунии байни ҳамдигарии муаллимон аст, ки онҳоро барои аз худ кардани таҷ рибаи пешқадами натиҷабахш водор месозад. Менторҳо ҳамчун муаллим, маслиҳатдиҳанда, машваратчӣ ва раҳнамо фаъолият мекунанд ва баҳри рушди вазъи воқеии мактаб таҷрибаи худро равона месозанд. Ин барнома ҳамкории якоҷояи донишкадаҳои такмили ихтисос,шӯъбаҳои маориф ва мактабҳои такягоҳиро дар рушди мактаб инъикос мекунад. Бо мақсади иҷрои бемайлону устувори ин барнома кормандони ДТМК-и ВМКБ ҳамчун ментор барои ҳар як мактаби такягоҳӣ таъин гардиданд. Ин корманд дар якҷоягӣ бо дигар ҳамкорон, ки онҳо дар айни замон корманди Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,корманди Донишкадаи такмили ихтисоси шаҳри Кӯлоб, мушовири шӯъбаи маориф ва роҳбари иттиҳоди методии синфҳои ибтидоии мактаби такягоҳӣ дар мактаби номбурда мебошанд,барои пешбурди фаъолияти мактаб якҷоя саҳми худро мегузоранд. Амалӣ гардидани фаъолиятҳои менторӣ аз соли 2005 шурӯъ шуда, чор маротиба менторон ба мактабҳои такягоҳӣ кӯмаки амалӣ расонданд. Дар соли 2006 бошад ду маротиба расонидани хизмати менторӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар солҳои минбаъда идомаи барномаи менторӣ пурра ба дӯши менторҳои шӯъбаҳои маориф ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии мактабҳои такягоҳӣ гузошта мешавад. Дар соли 2005 мувофиқи барномаи Рушди таълими ибтидоӣ дар Тоҷикистон, барномаи менторӣ дар 17 мактаби такягоҳии водии Рашт, вилояти Хатлон ва ВМБК амалӣ гардида,соли равон идома меёбад. Таърихи пайдоиши барномаи менторӣ Калимаи 'Ментор' номи одам буда, вай аз ҷазираи Итака писари Алкима, рафиқи Одиссея буд, ки дар вақти ба ҷанг рафтани Одиссей писари 10 солаи ӯ Телемахро парасторӣ кард. Мафҳуми 'Ментор' ҳамчун мураббӣ, сарпараст ва ғамхор хеле маъмул аст. Аз ҳамин лиҳоз, ин мафҳумро дар системаи маорифи мамолики Ғарб ба таври васеъ истифода мебаранд. Аксари маорифчиён, ки таи чандин солҳо дар соҳаи менторӣ таҳқиқотҳо гузарондаанд, боварии комил доранд, ки дар ҳақиқат ҳам муносибати самимӣ, дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва боварӣ ба ҳамдигар байни одамон аст, ки онҳоро ба пешравиҳо ҳидоят мекунад. Ҳоло дар соҳаи маориф ду мафҳум серистеъмол мебошанд,ки инҳо мониторинг ва менторинг мебошанд. Агарчи ин калимаҳо аз рӯи талаффуз хеле наздик бошанд ҳам,онҳо ҳамаъно нестанд. Маънои 'мониторинг' натиҷагирӣ ва 'менторинг' кӯмакрасонии амалӣ мебошад. Мафҳумҳоро муфассалтар шарҳ медиҳем. Менторинг чист? Менторинг ин системаи истифодабарии одамони дорои таҷрибаи кофӣ ва дониши мукаммал бо мақсади маслиҳатдиҳӣ ба дигарон барои беҳбудии кор ва муассиса мебошад. Менторинг ин қисмат кардани ақидаҳо байни ментор ва кормандони ба ёрӣ эҳтиёҷманд мебошад, ки барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва худомӯзӣ равона карда шудааст. Менторинг ба мутахассисони ботаҷриба имконият медиҳад, ки дониш ва таҷрибаашонро ба навкорон омӯзонанд. Ба мафҳуми фалсафии 'менторинг' - муносибати хуби ҳамкорӣ, боварӣ ва эҳтироми тарафайн хос аст. Ментор кист? Ментор шахсест, ки дорои маҳорати баланди касбӣ буда, навкорро дар муассиса оид ба ихтисос, усули таълим маслиҳат дода, роҳнамоӣ мекунад ва барои инкишофаш саҳм мегирад. Ментор ин шахсест, ки пешравии касбии навкорро пешбинӣ карда, метавонад рушди ихтисос, маҳорат ва малакаи омӯзгоронро ба воситаи таълимдиҳӣ, маслиҳатдиҳӣ, ёрии маънавӣ, мусоидаткунӣ ва тавсиякунӣ назорат кунад. Ментор ин шахси лаёқатмандест, ки барои шахси ба ёрӣ эҳтиёҷманд ҳамчун муаллим, маслиҳатгар ва тавсиядиҳанда хизмат мерасонад. Ментор метавонад дониш ва таҷрибае, ки дорад, ба дигарон расонда, ақида ва усулҳои навро интихоб карда, инкишоф диҳад. Ментор ба навкорон ва шахси ба ёрӣ эҳтиёҷманд барои амалӣ намудани фаъолиятҳояшон кӯмак мерасонад. Ментори хуб касест, ки: Мақсадашро ба дигарон фаҳмонда тавонад, мушкилотро паси сар карда, навкорро чун мутахассиси кордон тарбия кунад. Таҷрибаи худро дастраси дигарон гардонда, бомаъсул бошад, ба ҳамкоронаш кӯмак расонда, онҳоро бовар кунонда тавонад. Кор ва ҳамкоронашро қадру эҳтиром карда, нисбати навкорон эҳтироми хос дошта бошад. Нисбат ба эҳтиёҷоти ҳамкорони худ ҳассос, меҳрубон, дилсӯз бошад. Нисбати такмили ихтисоси ҳамкорони худ ҳисси маъсулият зоҳир карда, ба онҳо намунаи ибрат бошад. Навкоронро бо роҳу усулҳои нави таълим шинос карда, барои пешкаш кардани фикру ақидаашон ҳавасманд гардонад. Навкоронро таълиму тарбия намуда, дар рушди шахсӣ ва касбии онҳо саҳмгузор буда, ба онҳо ёрии маънавӣ расонад ва роҳнамову маслиҳатгари онҳо бошад. Вазифаю сифатҳои ментор: Маслиҳат медиҳад ва таҷрибаи пешқадами омӯзгориро бо ҳамроҳии омӯзгорон амалӣ мегардонад. Эҷодкор, мураббӣ, кӯмакрасон ва намуна барои дигарон намуна мебошад. Инкишофдиҳандаи маҳоратҳои касбӣ ва раҳнамои фаъолиятҳои тадқиқотӣ. Исботкор - бо далелҳо аниқ ақидаҳои худро исбот кардан Ҳавасмандкунандаю рӯҳбаландкунанда бошад. Мушоҳидакору машваратчӣ аст. Инкишофдиҳандаи маҳоратҳои худомӯзӣ. Фаъолиятҳои амалигардидаи барномаи менторӣ Усулҳои фаъоли таълим (ҳуҷумҳои фикрӣ, кори фардӣ, дукаса ва гурӯҳӣ, саволгузорӣ, бозиҳои дамгирӣ ва саҳначаҳо) дар ҳама мактабҳои такягоҳӣ истифода бурда мешаванд. Омӯзгорон ва хонандгон аз маводҳои Маркази маводи таълимӣ фаъолона истифода мебаранд. Системаи доду гирифти маводҳои Маркази маводи таълимӣ ба як тартиби муайн гузошта шудааст. Модели силсилавӣ(каскад) ва сохтори байни мактабҳо (мактаби такягоҳӣ ва мактабҳои ҳамрадиф) рушд меёбанд. Маъмурият (шӯъбаҳои маориф ва мактабҳо) барномаи менториро қобили қабул донистанд. Гурӯҳи корӣ мувофиқи талаботҳои ислоҳоти соҳаи маориф, талабот -фазои байналмилалиии соҳаи маориф дурнамои рушди ҳаматарафаи мактабро муайян ва амалӣ менамояд. Мувофиқи шароитҳою имкониятҳо мактабҳои ҳамрадифро дасгирӣ намуда, барои рушди онҳо низ мусоидат менамаояд. Роҳбари гурӯҳ директори мактаб бошад.
|