Мавзӯъ: Иди модарон-муборак!
Дар аввал хонандагони синфро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунам. Гурӯҳи якум 'Лола' ва гуруҳи дуюм 'Наргис' ном мегирад.
Аз байни муаллимаҳо ду нафар ҳамчун доварон интихоб карда мешаванд.
Шарти аввали бозӣ-Табрикоти хонандагон ба иди Модарон-8 Март.
Аз ҳар ду гурӯҳ як нафарӣ хонанда; аз гурӯҳи 'Лола' - Шукрона ва аз гурӯҳи 'Наргис' - Фитрат иштироккунандагонро бо ин иди пуршукӯҳ табрик менамоянд.
Баъд аз табрикоти Шукрона ва Фитрат доварон ба чунин хулоса меоянд.
Гурӯҳи 'Лола' - 5 хол.
Гурӯҳи 'Наргис' - 4 хол мегиранд ва гурӯҳи 'Лола' соҳиби як калидча мегардад (калидчаҳоро аз картон ё қоғази ранга тайёр мекунем).
Шарти дуюми бозӣ-ин қироати шеърҳо ва гуфтаҳо дар васфи Зан-Модар.
Аз гурӯҳи 'Лола' дар ин шарти бозӣ: Фариза,Руслан,Мансур,Амид ва Маҳфуза иштирок намуда шеърҳои хуберо қироат карданд ва доварон ба онҳо 5-хол доданд.
Аз гурӯҳи 'Наргис' дар ин бозӣ-Иқбол, Мавзуна,Насиба,Муяссар ва Фуруд шеърҳоро қироат намуда соҳиби 4-хол гардиданд. Дар ин шарти бозӣ низ гурӯҳи 'Лола' соҳиби калидча гардид.
Шарти сеюми бозӣ-сароидани сурудҳо бо мусиқӣ дар васфи модарон.
Дар ин шарти бозӣ Шукрона ва Амид аз гурӯҳи 'Лола', Фуруд ва Насиба аз гурӯҳи 'Наргис' дар васфи модар бо мусиқӣ сурудҳои дилангезеро сароиданд ва ҳар ду гурӯҳ 5-холӣ ва яктогӣ калидча гирифтанд.
Шарти чоруми бозӣ-ин рақси миллӣ мебошад.
Аз гурӯҳи 'Лола'-Насиба рақси миллиро бо маҳорати зиёде нишон дода, соҳиби 5-хол мегардад.
Аз гурӯҳи 'Наргис'-Шукрона рақси миллиро иҷро намуда, соҳиби 4-хол мегардад.
Гурӯҳи 'Лола'-як калидчаи дигар мегирад.
Шарти панҷуми бозӣ- ин нишон додани саҳначае мебошад.
Гурӯҳи 'Лола' як саҳначаи бисёр шавқовареро нишон медиҳанд,ки боиси хурсандии тамоми иштироккунандагон мегардад ва сазовори 5-хол мегарданд.
Гурӯҳи 'Наргис' низ як саҳначаи хуберо нишон медиҳанд ва соҳиби 5-хол мегардад. Ҳар ду гурӯҳ ҳам яктогӣ калидча мегиранд.
Дар охир доварон ҳисоб карда ба чунин хулоса меоянд.
Гурӯҳи 'Лола'-25 хол ва 5-калидча.
Гурӯҳи 'Наргис'-22 хол ва 2-калидча .
Ба ҳамин таиқ, гурӯҳи 'Лола' ғолиб шинохта шуда, соҳиби 'Калидчаи заррин' мегардад.
Ин намуди соати синфӣ ба хонандагон бисёр шавқовар мебошад. Ман чунин тарзи соати синфиро дар синфи 2 'а' гузарондам ва он натиҷаи хуб дод.