Сегодня

Роҳҳои ташкили иттиҳодияи методӣ

Имомназаров Шоинбек роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои табиии мактабҳои ? 54,43,44-и ноҳияи Шуғнон.

Ядрои асосии бозсозии системаи маорифи ҳар як давлатро муаллим ташкил медиҳад. Пас, суръати бозсозии системаи маориф аз мавқеи ӯ дар ҷомеа, роҳҳои ташкил намудани протсесси таълиму тарбия ва сифати кори амалии ҳар як омӯзгор вобаста мебошад. Таҷрибаҳои корӣ тасдиқ менамоянд, ки аксарияти омӯзгорон дигаргуниҳои соҳаи маорифро мехоҳанд тарафдорӣ намоянд, аммо қисмашон-хусусан омӯзгорони ҷавону камтаҷриба намедонанд, ки чӣ тавр онро амалӣ гардонанд. Аз ин рӯ, танҳо як омӯзгор бори вазнини бозсозии системаи маорифро бар дӯши худ гирифта наметавонад ва ёрию дастгирии аҳли ҷомеа хеле зарур хоҳад буд.
 Бояд қайд намуд, ки дастгирии фаъолияти эҷодкории омӯзгорон ва ҷустуҷӯи эҷодӣ сафарбар намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи иттиҳодияи методии фаннӣ ба ҳисоб меравад
 Иттиҳодияи методии фаннӣ барои омӯхтан, таҳлил намудан ва дастраси дигар омӯз- горон гардондани фаъолияти педагогии ин ё он омӯзгор нақши басо муҳим ва ҳалкунандаро мебозад. Ташкили иттиҳодияи омӯзгорони фаннӣ ё сикли фанҳо дар миқёси вилоят, ноҳия ё деҳот барои омӯхтани таҷрибаи пешқадами педагогӣ ёрӣ мерасонад, яъне омӯзгори варзида ба шогирдон асосҳои илмро то чӣ андоза ва бо кадом роҳҳо омӯзонда метавонад.
 Ҳоло дар мактабҳои деҳот ду роҳи ташкили иттиҳодияи методӣ истифода карда мешаванд: а) Дохилимактабӣ ; б) Байнимактабӣ.
 Иттиҳодияи методии дохилимактабӣ чунин шакли иттиҳодияи методиест, ки агар дар мактаб аз се нафар омӯзгорони фаннӣ кам набошанд ва ҳамаи онҳо дорои собиқаи корӣ зиёда аз панҷсола буда, маълумоти олии фаннӣ дошта бошанд.Дар ин ҳол сарвари мактаб дар шӯрои педагогии моҳи август бо фармон иттиҳодияи методиро ташкил намуда, роҳбарии онро ба яке аз омӯзгорони кордону серталаб вогузор менамояд ва дар давоми соли натиҷаи фаъолияти онро дар шӯрои педагогӣ ё шӯрои методию машварати назди сарвар таҳлил намуда, баҳри рафъи камбудию норасоиҳо чораҳои амалиро меандешад. Нақшаи кории ин иттиҳодия аз тарафи сарвари мактаб тасдиқ карда мешавад.
 Иттиҳодияи методии байнимактабӣ чунин шакли иттиҳодияи методиест, ки дар байни якчанд мактаб ташкил карда мешавад. Онро шӯъбаи маорифи шаҳр ё ноҳия ташкил намуда, аз байни омӯзгорони фаннӣ ягон омӯзгори соҳибтаҷриба ва дорои тахассуси фаннии олидоштаро сарвари он таъин менамояд. Нақшаи кории ин шакли иттиҳодияи методиро дар кабинети методии шаҳрӣ ё ноҳиявӣ тасдиқ менамоянд.
 Ҳоло барои фаъолияти иттиҳодияи методиро пеш бурдан ба роҳбари он 10%-и ставкаи корӣ маош дода мешавад, ки ин барои аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд намудани омӯзгорон ва ба дараҷаи баланд ташкил намудани фаъолияти иттиҳодия кӯмаки зиёде хоҳад расонид.
 Тафовути ҷамъомадҳои иттиҳодияи методӣ дар шароити ҳозира аз давраи пеш дар он аст, ки ҳоло бештар ба ташкил ва гузаронидани дарсҳо, дарсҳои фаъол диққат дода мешавад. Ба ҷумлаи онҳо: дарсҳои ҷамъбасткунонӣ, хулосавӣ, семинарӣ, проблемагузорӣ,намоишдиҳӣ, таҷрибавӣ,мубоҳисавӣ,гурӯҳбандӣ ва дигарҳо дохил шуда метавонанд. Ин дарсҳоро бо ибораи дигар дарсҳои кӯдакмарказ низ ном мебаранд, яъне дар давоми дарс омӯзгор бо роҳҳо,тарзҳо ва усулҳои гуногун бо иштироки худи хонандагон мавзӯи навро дастраси шогирдон мегардонад. Дар аз худкунии дарс фаъолияти амалии шогирдон нисбатан зиёдтар мебошад.
 Омӯзгори ҳар як фан вобаста ба характери мавзӯъ аз шаклҳои гуногуни фаъолгардонии шогирдон истифода бурда, дар лаҳзаҳои дарс муаммоҳо, КВН, саволу ҷавоб, чайнворд,таҳлили шеър,чистонҳо,истифодаи расму схемаҳо,навиштани ҳикоя ва ғайраҳоро ба роҳ мегузорад,ки барои ба дараҷаи баланд гузаронидани фаъолияти иттиҳоди методии фаннӣ дар мисоли ташкили иттиҳодияи методии фанҳои химияю биология онро дар мисоли таҷрибаи худӣ таҳлил менамоем.
 Нақшаи кории иттиҳодияи методии фанҳои номбурда аз қисмҳои зерин иборат аст:
 1. Маълумот оид ба аъзоёни иттиҳоди методӣ(мактаб ё мактабҳо);
 2. Проблемаи интихобшудаи иттиҳодияи методӣ дар соли таҳсили ҷорӣ;
 3. Муқаддимаи нақшаи корӣ оиди ҷамъбасти корҳои методӣ дар соли таҳсили сипаришуда;
 4. Вазифаҳо ва нақшаи корҳои методӣ дар соли ҷорӣ;
 5. Баҳисобгирии фикру дархостҳои аъзоёни иттиҳодияи методии фаннӣ.
 Оид ба аъзоёни иттиҳодияи фаннӣ дар шакли чунин схема маълумот додан мумкин аст:


 


 Проблемаи интихобшудаи иттиҳодияи методӣ ба маълумотнокӣ, дараҷаи тахассус ва собиқаи кории аъзоёни иттиҳодияи методӣ алоқамандии зич дорад. Мисол: Агар аксарияти аъзоёни иттиҳодияи методӣ муаллимони ҷавону навкор (3-5 сол собиқаи коридошта) бошанд, чунин проблемаро гирифтан мумкин аст:-'Расондани ёрии методӣ ва амалӣ ба муаллимони ҷавону навкор'.
 Ҳангоми ҷамъбасти корҳои методии дар соли таҳсили сипаришуда оид ба муваффақиятҳо ва камбудиҳои ҷойдошта мухтасар маълумот додан ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар ин вақт рӯихати муаллимони навкору эҷодкорро ба маъмуриятҳои мактабҳо ва кабинети методии ноҳиявӣ ё шаҳрӣ пешкаш намудан зарур аст.
 Дар қисми вазифаҳо ва нақшаи корӣ дар соли таҳсили ҷорӣ баҳри беҳтар намудани фаъолияти иттиҳодияи методии фаннӣ ҷиҳатҳои зеринро бояд ба инобат гирифт:
 --- Корҳои методӣ бояд мувофиқи барномаҳои фаннӣ пай дар пай ва системанок гузаронида шаванд;
 --- Таъмин ва ташкил намудани ёрии илмию методӣ ба омӯзгорону ҷавону навкор оиди роҳҳои гуногуни фаъолгардонии шогирдон дар лаҳзаҳои дарсӣ;
 --- Такмили кори таҷрибаивазкунии байни аъзоён оид ба тарзу усулҳои ба роҳ монондани дарсҳои кӯдакмарказ дар шароити деҳот ё шаҳр;
 --- Ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушоду намунавӣ, лексияҳои методӣ ва илмӣ,
 сӯҳбатҳои методӣ ва таҷрибаивазкунӣ бо мақсади расондани ёрии методию илмӣ ба
 омӯзгорону ҷавону навкор собиқаи кории педагогии камдошта;
 --- Тавсия намудани мутолиаи матбуоти даврагии педагогӣ оиди роҳҳо ва усулҳои ба роҳ мондани дарсҳо бо усули кӯдакмарказ;
 --- Роҳҳои дар дарсҳо ва корҳои берун аз синфӣ вобаста ба мазмуни мавзӯҳо ба роҳ мондани тарбияи ҳисси ватандӯстӣ,ахлоқӣ,иқтисодӣ,меҳнатӣ,экологӣ ва касбинтихобкунии шогирдон;
 --- Такмилдиҳии эҷодкорию навоварии омӯзгорони пешқадам бо роҳи гирд овардани материалҳо (навиштани рефератҳо, баромадҳо, схемаҳо ва ғайраҳо)
 Дар қисми нақшаи кори иттиҳодияи методӣ дар соли таҳсили ҷорӣ роҳбарон пеш аз ҳама диққати аъзоёни худро баҳри рафъи камбудиҳою нуқсонҳои дар соли таҳсили сипаригардида ҷойдошта равона месозанд.
 Схемаи намунавии корҳои методӣ дар соли таҳсили ҷорӣ чунин аст:

 

 Дар вақти тартиб додани схема ҳар як чорабинии методӣ конкретӣ ва шахси масъули он бояд аниқ муайян бошад. Ҳангоми ба нақшагирии дарсҳои кушоду намунавӣ мақсади мушоҳидаи дарс дар нақшаи моҳонаро мушахассан нишон додан ба мақсад мувофиқ аст.
 Иштироки аъзоёни иттиҳодияи методӣ ба ҷамъомадҳо аз рӯи журнали ба ҳисобгирии иштирок ва иҷрои корҳои методӣ ба роҳ гузошта мешавад. Журнали иштирок чунин схема дошта метавонад:

 

 Дар қисми ба ҳисобгирии фикру дархостҳо ва таклифҳои пешниҳодшуда баъди гузаронидани ҳамаи чорабиниҳои дар ҳар як ҷамъомади методӣ пешбинишуда пур карда мешавад. Бо мақсади барҳам додани заҳмати иловагии омӯзгор ва кам сарф намудани вақту қоғаз мо зарур шуморидем,ки шакли нави қайдкунии чорабиниҳоро пешкашатон гардонем ва бо салоҳдиди худатон метавонед дар фаъолияти кории худ аз он истифода баред.
 Схемаи қайди иҷрои корҳои методӣ чунин шуда метавонад:
 Таҷрибаи кории 20-солаи методӣ нишон медиҳад,ки пайдарҳамии ҷамъомадҳо ва иштироки фаъолона дар онҳо ба такмили дарс ва кӯдакмарказкуноноии он кӯмаки зиёде мерасонад.Дар ин схема тарафҳои мусбати кори муаллим дар ҷамъомади методӣ (дарс, лексияи илмӣ ё методӣ, сӯҳбати методӣ...) бо аломати мусбат ( ) аз ва баръакс бо аломати манфӣ (-) аз пеш нишон дода мешавад. Агар муаллим ба мақсад мувофиқ шуморад, дар ин сурат протоколи иттиҳодияи методӣ навиштан шарт ва зарур нест.
 Хулоса, иттиҳодияи методии фаннӣ як шакли асосии омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар байни аъзоёни он мебошад. Дар консепсияи мактаби миллӣ чунин : ----'Муаллим дар интихоби роҳу тарзҳои таълим, шаклҳои ташкили таълим озод аст.Талаба дар ин сурат на чун объекти педагогӣ, балки ҳамчун иштироккунандаи баробарҳуқуқи ҷараёни педагогӣ амал менамояд. Ҷои ҳукмро ҳамкории педагогӣ амалӣ мекунад'. Аз ин ҷо ба омӯзгор зарур аст, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва такмили маҳорати касбии худ бошад. Беҳтарин заминаи маҳорати касбӣ иттиҳодияи методӣ мебошад.

2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory