Истифодаи бозиҳо дар дарси адабиёт
Хатмсурат Шукрисоҳибова
Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи рақами 17, ноҳияи Рушон.
Роҳу усулҳои зиёди фаъолгардонии хонандагон ҳастанд, ки яке аз онҳо бозӣ мебошад. Бозӣ на танҳо барои шавқовар гузаронидани дарс зарурият дорад, балки яке аз воситахои баланд бардоштани қобилияти фикрронии хонандагон ва нигоҳ доштани асноду далелҳо мебошад. Бозии дуруст ташкил кардаи омӯзгор дар дарсҳо манбаи ташкил додани дониш, нутқ ва тафаккури хонанда, тарбия намудани малакаҳои дониш ва сифатҳои он бой гардондани захираи донишомӯзии хонандагон ба шумор меравад. Ман низ дар дарсҳои адабиёт пайваста бозиҳои гуногун истифода мебарам, ки аз аҳамият холӣ нестанд. Яке аз ин бозиҳо 'Оё маро шинохтед' ном дошта, онро дар ҳар синф мувофиқи мавзӯъ гузаронидан мумкин аст. Дар ин бозӣ ду ё чор гурӯҳ иштирок карда метавонанд. Бозӣ чунин шурӯъ мешавад:Гурӯҳи якум дар бораи ягон шоир, ё ягон асар каме маълумот медиҳад. Мисол: 'Ман дар асри 15 зиндагӣ кардаам. Яке аз асарҳоям 'Баҳористон' мебошад. Бачаҳо оё маро шинохтед? Гурӯҳи дуюм фикр карда, баъди вақти муайяншуда ба савол ҷавоб медиҳанд ва боз аз онҳо мепурсад: 'Ин байт ба қалами ман таалуқ дорад: Беадаб танҳо на худро дошт бад, Балки оташ бар ҳама офоқ зад. Ҳамин хел бозӣ давом ёфта, ғолибият ба гурӯҳе дода мешавад, ки зиёдтар ҷавобҳои аниқ медиҳанд. Бозии дигар 'Кӣ донотар?' ном дошта, истифодаи он дар дарси адабиёт хеле манфиатнок аст. Бозӣ чунин аст: Дар варақи калон лиффофаҳо часпонида шудаанд ва дар лиффофаҳо номи ягон шоир ё ягон асари ӯ навишта шудааст ва дар як лиффофа аломати савол гузошта шудааст. Дар варақчаҳои алоҳида асари шоир ё порча аз ин ё он асар, ё байти шоир навишта шудааст. Дар баъзе варақчаҳо бошад, маълумотҳои нодуруст оварда шудаанд. Хонандагон ҳамон маълумоти нодурустро бояд дар лиффофае, ки аломати савол дорад гузоранд. Як нафарӣ аз ҳар гурӯҳ омада, варақча мегиранд ва онро бояд дар лиффофае, ки ин ҷавоб ба он мувофиқ аст гузоранд. Кадом гурӯҳе, ки варақчаро дар ҷойи мувофиқ мегузорад, ғолиби бозӣ мегардад. Ҳангоми иҷрои ин бозӣ хонандагон зираку ҳушёр мешаванд ва қобилияти дарккуниашон инкишоф меёбад. Умуман, бозиҳо хеле зиёданд ва истифодаи онҳо мувофиқи мақсад бояд бошад. Аҳамияти чунин бозиҳо хеле зиёд буда, хонандагон мондашавиро ҳис намекунанд, дарс шавқовар мегузарад ва қобилияти фикрӣ, маҳорати ақлонӣ, эҷодкории хонандагон инкишоф меёбад.
|