Сегодня

Таълими ҳаёт ва фаъолияти адабии Маликшшуаро Баҳор дар синфи 11

Назаралиев Иқбол омӯзгори мактаби миёнаи ? 6 ноҳияи Роштқалъа Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо дархости гурӯҳи омӯзгорони мактабҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рушону Роштқалъа маводеро оид ба зиндагиномаи Маликшуаро Баҳор ва эҷодиёти ӯ пешкаши Шумо муштариёни рӯзнома мегардад.

Дар барномаи адабиёти тоҷик барои синфи 11 ба омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти адабии Маликушшуаро Баҳор чаҳор соат ҷудо карда шудааст, аммо аз сабаби набудани китоби дарсӣ ва маводи лозимӣ омӯзгорони фанни адабиёти тоҷик ҳангоми гузаронидани мавзӯи мазкур ба душворӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти адабии Маликушшуаро Баҳор дар китоби дарсии синфи 7 маълумот дода шуда, се шеъри ӯ 'Эй зан', 'Чашма ва санг', 'Варзиш' таҳлил карда шудаанд. Ғайр аз ин дар китоби 'Адабиёти ҷаҳон', ки соли 2001 аз тарафи Муртазо Зайниддинов ва Аъзам Худойдов мураттаб гардонида шудааст, оид ба ҳаёти Маликшуаро Баҳор мавод ба табъ расидааст ва аз ашъораш ду ғазал оварда шудааст, аммо барои ҳаматарфа омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти адабии Баҳор дар синфи 11 зарур аст, ки мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии назми шоирро хонандагон пурра омӯзанд. Аз ин ҷиҳат хостем, ки то ҳадулимкон оид ба ҳаёту эҷодиёти Баҳор маълумоти иловагие тавассути ин мақола ба омӯзгорон пешкаш карда шавад.

Зиндагиномаи Маликушшуаро Баҳор ва фаъолияти адабии ӯ.

Маликушшуаро Тақии Баҳор аз зумраи он шоирони Эрон аст, ки адабиётшиносон ӯро яке аз ситорагони тобноки осмони адаби Эрон мешуморанд. Албатта ин баҳои муҳаққиқон нисбати осори пурмазмуни ӯ арзанда аст. Худи шоир дар шеъри 'Бинои ёдгор' дар хусуси мақоми волои худ дар офариниши шеър ва хизмати барои халқ анҷомдодааш чунин гуфтааст:
Дар даҳр бузург ёдгоре,
Кардам зи барои хеш бунёд.
Бунёди бинои пойдоре,
Бо ёрии дасти ман шуд эҷод.
Бо барбати худ ба ҷунбиш орам,
Ҳар шаш ҷиҳату чаҳор сӯро.
В-андар дили халқ зинда дорам,
Ахлоқу авотифи накӯро.
Эй табъи сухансарои ман хез,
То дар раҳи ҳақ шавӣ сухансоз!
Андеша макун зи ханҷари тез,
Мағрур машав ба тоҷи эъҷоз!

Баҳор тамоми умри худро барои дифои манфиати халқ, озодӣ, сулҳу амонӣ бахшидааст. / аз фишори душманон дар як ҷо осуда зиста наметавонист. Бо вуҷуди ин аз мубориза баҳри озодии халқаш низ даст намекашид:

Аз нақмати душманони озодӣ,
Гоҳ дар Райю гоҳ дар Хуросонам.
Дар арсаи гирудори озодӣ,
Фарсуд ба тан дурушт хафтонам.
Теғи ҳадасон гусаст пайвандам,
Пайкони бало бисуфт сутхонам.
Эй озодӣ, хуҷаста озодӣ,
Аз васли ту рӯй барнагардонам.

Маликушшуаро Баҳор бо вуҷуди шоири оламшумул будан асарҳои зиёди илмӣ низ навиштааст, ки дар онҳо дар хусуси душвории забони қадим, омӯзиши забони форсӣ фикрҳои ҷолиби диққатро ба миён гузоштааст.
Маликушшуаро Тақии Баҳор соли 1886 дар шаҳри Машҳад, дар хонадони шоири бузург Маликушшуаро Муҳаммад Қозими Сабурӣ таваллуд ёфтааст. Баҳор аз падараш нозукиҳои касби шоириро омӯхта аз синни 10-солагӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ намудааст. Баъди вафоти падараш ӯ барои гирифтани лақаби 'Маликушшуароӣ' кӯшиш мекунад.
Аммо нотавонбинон истеъдоди баланди шоирӣ доштани ӯро инкор мекунанд. Вай дар мусоҳибаҳои адабӣ ғолиб мебарояд ва ба гирифтани лақаби 'Маликушшуаро' сазовор мегардад. Дар солҳои сар шудани ҳаракатҳои инқилобӣ дар Эрон Баҳор ба навиштани қасидаҳои мазмуну ғояи инқилобдошта шурӯъ мекунад. / робитаи худро аз дарбор канда, дар ашъори худ идеяҳои ватандӯстӣ, озодӣ ва сулҳу дӯстиро васф мекард. Барои афкори ватан-
дӯстона ва озодихоҳонааш чанд маротиба зиндонӣ гардид. Вале ӯ то охири умр аз гуфтани сухани ҳақ, афкору ақидаҳои пешқадам даст накашид. / соли 1910 ба нашр намудани рӯзномаҳои 'Тозабаҳор' ва 'Навбаҳор' сар карда, дар саҳифаи онҳо мақолаҳои мазмуни инқилобӣ доштаашро ҷо медод. Баҳор дар мақолаҳои худ ба муқобили империалистони хориҷӣ садои эътироз баланд карда, хиёнати онҳоро фош кардааст. Баҳор дар шеъри 'Нафрин ба Инглистон' ниятҳои империалистонро, ки барои ба даст даровардани конҳои нефти Ироқу Эрон, Судону Миср талош менамуданд, фош кардааст:

Англисо, дар ҷаҳон бечораву расво шавӣ,
З-Осиё овара гардӣ, в-аз Урупо по шавӣ.
Ҳар куҷо дидӣ ҷавонмарде ватанхоҳу ғаюр,
Аз миён бурдӣ, то худ дар ҷаҳон оқо шавӣ.
Ҳинду Афғонро тиҳӣ кардӣ зи мардони фахур,
То ту худ танҳо дар он маъмура мулкоро шавӣ.
Ҳар куҷо ганҷи ниҳон ё сарвате дидӣ аён,
Ҳилаҳо кардӣ, ки худ он ганҷро доро шавӣ.

Дар давраи подшоҳии Ризохон ӯ наметавонист, ки зиндагии осударо паси сар кунад. /ро таъқибу озор медоданд. Дар ин давра вай натавонист, ки куллиёти ашъорашро ба табъ расонад.
Қуллиёти ашъораш баъди вафоташ, соли 1956 нашр гардид. Баҳор муддате дар Донишгоҳи Теҳрон ба тадриси забони форсӣ ва сабкшиносӣ машғул гардида, асареро бо номи 'Сабкшиносӣ ё татаввури насри форсӣ'-ро менависад.
Ин асар дар соҳаи тадқиқи забони форсӣ сарчашмаи муфиде буда, барои пурра омӯхтани таърихи адабиёти форсу тоҷик аҳамияти калоне дорад.
Баҳор асари дигареро бо номи 'Таърихи аҳзоби сиёсии Эрон'-ро нашр мекунад, ки дар он дар хусуси сарфу наҳви забони форсӣ, омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Фирдавсӣ, Монӣ, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ маълумоти муфассал додааст. / дар ашъори худ шоирони бузурги форс - тоҷик: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Камол, Дақиқӣ ва дигаронро қадршиносӣ намудааст: Дар шеъри 'Фирдавсӣ' ӯ маҳорати баланди шоирии Фирдавсиро ситоиш карда, ӯро ҳамчун пайғамбар ном мебарад:

Ба сад нишон ҳунар андеша карда Фирдавсӣ,
Наузубиллоҳ, пайғамбар аст, агар на Худост!
Бузургворо, Фирдавсиё, ба ҷои ту ман,
Як аз ҳазор наёраст гуфт аз он чи равост!
Сано кунем туро, то ки зиндаем ба даҳр,
Ки 'Шоҳнома'-ат, эй шӯҳрамард мӯҳини нест!

Мусаддасе, ки Баҳор бар як ғазали Саъдӣ бастааст мазмунаш олӣ буда, аз меҳру муҳаббати бепоёнӣ' ӯ ба Саъдии нодирагуфтор гувоҳӣ медиҳад:

Саъдиё, чун ту куҷо нодирагуфторе ҳаст?
Ё чу Ширин суханат нахли шакарборе ҳаст?
Ё чу 'Бӯстону' 'Гулистон'-и ту гулзоре ҳаст?
Ҳеҷам ар нест, таманнои туам боре ҳаст?
Машав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст,
Ё шабу рӯз ба ҷуз фикри туам коре ҳаст!
Ростӣ, дафтари Саъдӣ ба гулистон монад,
Тайиботаш ба гулу лолаву райҳон монад,
/ст пайғамбару он нома ба Фурқон монад,
В-он ки ӯро кунад инкор ба шайтон монад,
Ишқи Саъдӣ на ҳадисест, ки пинҳон монад,
Достонест, ки бар сари ҳар бозоре ҳаст.

Баҳор дар Донишгоҳи Теҳрон аввалин анҷуман адабӣ 'Донишкада'-ро таъсис кард. Маҷаллаи адабии 'Донишкада'-ро нашр дода, ки дар саҳифаҳои он беҳтарин мақолаҳои аъзоёни ин анҷуманро чоп мекард. Охирин рӯзҳои умри ин шоири сулҳпарвар дар бистари беморӣ гузаштанд. / ҳамчун роҳбари ҷамъиятӣ тарафдорони сулҳ байрақбардори сулҳ буданро барои худ шарафи бузурге мешуморад. / қасидаи машҳури худ 'Ҷуғзи ҷанг'-ро навишт. Ин қасида охирин қасидаи ӯ мебошад, ки дар бистари беморӣ бо хоҳиши дӯстони сулҳталаби хеш ба риштаи назм кашид. Шоир дар қасида аз дасти ҷуғзи ҷанг доду фарёд мекунад, ки ёру дӯстонашро аз ӯ ҷудо кардааст. Вай ба фиғон омада, гуфтааст, ки то абад нойи ӯ бурида бод ва парру боли ӯ шикаста бод:

Фиғон зи ҷуғзи ҷангу мурғвои ӯ,
Ки то абад бурида бод нои ӯ.
Зи ман бурида ёру ошноям,
К-аз ӯ бурида бод ошнои ӯ.

Баҳор фанои ҷангро хоста, ҷовидонии кабӯтари сафедро, ки рамзи сулҳу амонист, орзу мекунад:

Фанои ҷанг хоҳам аз Худо, ки шуд,
Бақои халқ баста дар фанои ӯ.
Зиҳӣ кабӯтари сафеди оштӣ,
Ки дин барад суруди ҷонфазои ту.
Баҳор, табъи ман шукуфта шуд, чу ман,
Мадеҳи сулҳ гуфтаму санои ӯ.

Шоир ба ҷавонони ватандӯст умед баста, онҳоро даъват кардаааст, ки ватанашонро аз гургони дағо, одамхӯр пок намоянд:

Эй ҷавонони ғаюри фардо,
Пурдилу бошарафу зираксор.
Пок созед зи гургони дағо,
Ҳароми поки ватанро як бор!

Баҳор дар шеъри 'Шуҷоати адабӣ' дар зери сипеҳр беҳтарин сифатҳои одамиро шуҷоатмандӣ, росткорӣ дониста сухани ростро аз сесад намози нимишабӣ афзалтар мешуморад ва таъкид кардааст, ки шахс бояд боадабу ростгӯй ва ҳақҷӯй бошад:

Ман бар онам, ки нест зери сипеҳр,
Сифате чун шуҷоати адабӣ.
Сухани росто ба мазҳаби ман,
Беҳ зи сесад намози нимишабӣ.
Ёрӣ аҳримананд макру дуруғ,
Инчунин гуфт Зардуҳушти набӣ.
Боадаб бошу рост бошу сареҳ,
Раҳи ҳақ ҷӯй аз он чӣ металабӣ.

Шоир соли 1995 ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ омада, ба диёри Озарбойҷон ва зиндагии мардуми ин сарзамин шеъри 'Ҳадяи Боку'-ро менависад. Ин қасида бо мисраъҳои:

Рӯзи одина бибастем зи Рай рахти сафар.
Бисипардем раҳи Дайламу дарёи Ҳазар.
Ба бисоте бинишастем Сулаймон кирдор,
Ки сабо ходими ӯ буду шамолаш чокар.

оғоз гардида, шоир дар мисраъҳои дигари қасида халқи Эронро бо мардуми озар аз як наслу табор мешуморад. / қайд кардааст, ки дар он мамлакат аз дарбадарию гуруснагӣ ному нишоне нест:

Хоки Боку азиз асту гиромӣ мо,
Ки зи як наслу таборему зи як аслу гуҳар
Андар он ноҳият аз гуруснагӣ нест асар.
Инчунин қоидаву назм ман андар Боку,
Дидаму ёфтам аз гумшудаи хеш асар.

Баҳор зинати одамиро на дар либосу пӯшоки зебо, балки дар маърифату донишмандӣ, ақлу заковат донистааст:

Зинати мардум ба ақл асту ҳунар,
Не ба пӯшоку ҷалолу фараҳӣ.
Дидаам донишвароне бохирад,
Дар либоси жанда чун абду раҳӣ.
Низ дидам сифлагоне бекамол,
Карда бар тан ҷомаи шоҳаншоҳӣ.

Шоир тундию мардумозориро, ки хислатҳои бади инсонианд, хоси ҷавонмардони асил намедонад. Ба ҷавонон панд медиҳад, ки мардони боирода бошанд, дили касеро наозоранд, нармгуфтор бошанд:

(давом дорад).

2005 © Copyright ИУПО Хорог. Все права защишеныДизайн и поддержка  Sarez Design Laroratory