Тарбияи зебопарастии кӯдакон
Сафаралиев Сафаралӣ -
омӯзгори мактаби миёаи рақами 37 ноҳияи Роштқалъа
Тарбияи зебопарастӣ ба тарбияи олами маънавии бачагон узван алоқаманд аст. Дар давраи ҳозира он яке аз омилҳои ҳаётан муҳими ҷамъият гардидааст ва барои фаъолияти одам зарур аст. Яке аз васоити асосии ташаккулёбии тасаввуроти эстетикӣ дар хонандагон ин шиносоӣ бо санъат, инкишоф додани маҳорат ба фаъолияти бадеӣ мебошад. Махсусан, таъсири идеявӣ-эстетики асарҳои барҷастаи адабиёт, мусиқӣ, рассомӣ, кино ва жанр ба наврасон бағоят калон аст. Вазифаи оила аз он иборат аст, ки якҷоя бо мактаб дар хонандагон намудҳои гуногуни санъатро чуқур дарк намоянд. Хонандагонро аз хурдсолӣ бо китоб аз рӯи афсонаҳо, ҳикоя, шеър ва таърихи гуногуни инсоният шинос намудан лозим аст. Аз ин рӯ шавқу ҳаваси бачагон ба китобхонию кмтобдӯстӣ хело барвақт бедор мешавад. Ҳар чанд падару модар аз кор монда шуда меоянд ҳафтае як-ду бор метавонанд, вақт ёфта ба бачагон пеш аз хоб ё дар вақтҳои холӣ ҳикоя ё афсона гӯянд, ё китобҳои шавқовар хонанд. Чунин муносибати падару модар ба тарбияи бачагон кӯмаки калон мерасонад. Ҳамин тариқ дар ташаккулёбии эстетикии бачагон ва ҷаҳонбинии онҳо ёрдамчии беҳамто ба ҳисоб меравад. Хуб мешуд, агар падару модар ба бачагоне,ки расмкаширо дӯст медоранд шароитро омода карда, ба онҳо рангу қоғаз ва дигар асбобҳои расмкаширо муҳайё созанд. Агар расмҳои кашидагии кӯдакро падару модар ҷамъ намуда дар рӯзи таваллуди ӯ ба намоиш гузоранд, он гоҳ кӯдакон дар он намоиш ҳисиёту тасаввури худро мебинанд. Дар тарбияи эстетикӣ, тарбияи мусиқӣ дар бачагон бештар роли радио ва телевизион калон аст. Бисёр падару модар дар тарбияи ин соҳаи санъат мактабро вазифадор мешуморанд, ки ин нодуруст аст. Мусиқӣ ва дигар намудҳои санъат дар ҳаёти ҷамъиятии мо хеле мустаҳкам ва алоқамандона ҷой гирифтааст. Дар бисёр оилаҳо бачагон ба асбобҳои мусиқӣ шавқу ҳавас доранд, ин кори ниҳоят мушкилу нозук аст. Дар ин ҳолат ба меҳнати бачагон бояд эътибори ҷиддӣ дод. Бештар падару модарон аз ҳад зиёд баҳо додан ба фарзандаш ва ӯро дар байни меҳмонон,ёру дӯстон хондан ва навохтан маҷбур карда, шавқи ӯро паст мекунад. Ин гуна кӯдакон вақти холии худро на дар сари китоб, мусиқӣ, расмкашӣ, балки вақти дамгирии онҳо бемақсад дар кӯчаҳо, дар бозиҳои бемаънӣ мегузорад. Дар натиҷа оҳиста-оҳиста ин гуна хонандагон аз хондан, кор кардан дар канор монда, ба ҳар гуна мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Ин гуна майл ба 'маданияти пасти дамгирӣ' аввало аз оила сар мешавад. Вақте ки кӯдак аз мутоилаи китоб дилхаста намешавад, ё худ албоми суратҳои устодони санъати тасвириро бодиққат варақ мезанад, ҳеҷ гоҳ ба 'маданияти пасти дамгирӣ' майл намекунад, нисбат ба одамони гирду атроф дағалона муносибат намекунад. Ин гуна наврасон на танҳо худ хубу зебо ва оқилона ба камол мерасанд, балки онҳо тасаввуроти худро ба ҳамсолон қисмат намуда, онҳоро ба атрофи завқу шавқи худ ҷалб мекунанд. Педагогҳо ва олимон тавсия медиҳанд, ки кӯдаконро на бо як намуди санъат, балки ба якчанд намуди он дар якҷоягӣ шинос намоянд.
|