Дониш талабу бузургӣ омӯз!

Дар тоқчаи пайдошуда ду маротиба нишонаи Установка и удаление программ (Add Remove Programs)-ро зер кунед. Тоқчаи (тирезаи) диалогии Установка и удаление программ (Add Reomve Programs) кушода мешавад.

Дар ин тоқча Загрузочнҳй диск (Start Disk)-ро интихоб намуда, тугмачаи Создатҷ диск (Greate Disk)-ро пахш намоед.
Флоппи-дискро дар дисковод ҷойгир карда, тугмача ОК-ро зер кунед.
Баъди ин ҳамаи файлҳое, ки барои кор даровардани компютер заруранд, дар диск навишта мешаванд.
Ба кор андохтани компютер бо ёрии диски системавӣ.
1. Диски системавиро дар дисковод ҷойгир кунед.
2. Компютерро ба кор дароред.
3. Менюи ба кор даровардани Windows 98 пайдо мешавад.
4. Яке аз рақамҳои пешниҳодшударо дохил карда тугмачаи ENTER-ро зер кунед.
5. Аз рӯи нишондодҳои дар экран пайдошуда амал намоед.
Баъди як қатор санҷишҳо сатри фармонҳои MS-DOS пайдо мешавад ва шумо метавонед файлҳои системавиро, ки дар диски системавӣ мавҷуданд, дастрас намоед.
Маълумот оиди телекоммуникатсия.
Шабакаи компютерӣ-яке аз усулҳои доду гирифти информатсия дар байни компютерҳо мебошад. Телекоммуникатсияро ҳам барои ҳамин мақсад истифода бурдан мумкин аст.
Шабакаҳои локалиро одатан барои ташкил намудани алоқаи байни компютерҳое, ки дар як бино ҷойгиранд, ташкил мекунанд. Телекоммуникатсия додугирифти информатсияро дар шабакаҳои глобалӣ таъмин менамояд. Шумо метавонед компютерро ба хати телефон пайваст намуда, бо компютери дигаре, ки вай ҳам ба хати телефон пайваст шудааст, робитаро ташкил намоед.
(давом дорад)

Биёед забони англисӣ меомӯзем!
Lets learn English!

jam     ҷэм
jar       ҷа
job      ҷоб
jug      ҷаг
juice   ҷу:с
jump  ҷамп

Супориш
Қоидаҳои дар дарсҳои пеш овардашударо такрор кунед.
Луғатҳои овардашударо аз ёд карда, бо калимаҳои овардашуда ҳикоячаҳои хурд тартиб диҳед ва онро тарҷима кунед.