Имрӯз

Донишкадаи такмили маълумоти касбии ба номи Тутишо Назришоевич Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Таърих

1957  Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон

                 Курсҳои такмили ихтисос барои ҳамаи омӯзгорони ВМКБ;
                 Маркази илмӣ-тадқиқотӣ, омӯзишу паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ.

1996  Маркази методӣ
                 Ёрии амалӣ ба омӯзгорон бе гузаронидани курсҳои анъанавӣ.

1998  Маркази рушди касбии омӯзгорон (МРКО)
                 Бо ташаббуси ҳукумати вилоят таъсис ёфт;
                 Ҳукумати вилоят барои ҳамкорӣ бо Хазинаи Оғохон мусоидат намуд;
                 Расонидани ёрии касбӣ-методӣ ба омӯзгорон шурӯъ шуд.

1999 Донишкадаи такмили маълумоти касбии омӯзгорон (ДТМК)
                 Қарори раиси ВМКБ аз 29.12.1999 ?246;
                 Ташкили курсу семинарҳо барои омӯзгорон дар ДТМК ва мактабҳо;
                 Курси такмили ихтисос барои сарварони мактабҳо;
                 Тадқиқоти илмӣ;
                 Дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф дар ВМКБ.

2001  Густариши ҳамкориҳои ҳукумати вилоят бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ислоҳоти соҳаи маориф

2003 Ба тасвиб расидани шартномаи ҳукумати вилоят ва Хазинаи Оғохон
                 Соҳиби грант гардидани Донишкада

2004 Ба номи Муаллими шоистаи Тоҷикистон Тутишо Назришоев номгузорӣ шудани Донишкада.

Ҳадаф
Ба амал баровардани сиёсати давлат доир ба соҳаи маориф, такмили сифати таълиму тарбия тавассути баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон, сифати таҳсилот барои ҳамагон, таҳияи дастур, нишондодҳо, барномаҳо, китобҳои дарсию маводи таълим ва пешбурди тадқиқотҳои илмӣ

Фаъолиятҳо
             Инкишофи дохилидонишкадавӣ ва такмили тахассусу маҳорати кормандон;
             Такмили маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф;
             Таҳия ва нашри нақшаҳои таълим, дастурҳои методӣ, барномаҳо ва китобҳои дарсӣ;
             Рушди ҳамаҷонибаи мактаб;
             Пешбурди тадқиқотҳои илмӣ.

Бахшҳои Донишкада

Мактабшиносӣ
Мақсад:
     Баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони роҳбарикунандаи соҳаи маориф ва аҳли ҷомеа
Фаъолиятҳо:
     Идоракунӣ ва сарварӣ дар соҳаи маориф
     Идоракунии молиявӣ,буҷа ва ҳисоботҳои оморӣ дар мактаб
     Ҷалби аҳли ҷомеа ба мактаб - мактаб ҳамчун маркази ҷомеаи маҳал
     Рушди ҳаматарафаи мактаб Барномаи менторӣ
Синфҳои ибтидоӣ
Мақсад:
      Баланд бардоштани сифати таълим ва омӯзиш дар зинаи ибтидоии таҳсилот
Фаъолиятҳо:
      Рушди маҳорати касбии омӯзгорон
     Таҳияи маводҳои таълимӣ ва методӣ
Синфҳои болоӣ
Мақсад:
     Ташаккул додани маҳорати касбии омӯзгорони соҳибмаълумот ва бемаълумот бо мақсади таъмин намудани сифати таълим ва омӯзиш бо роҳи истифода аз усулҳои навтарини таълим ва чорӣ намудани муносибати нави педагогии байни омӯзгор ва шогирд.
Фаъолиятҳо:
     Ташкил намудани курсу семинарҳо барои омӯзгорон ва мушовирони шӯъбаҳои маориф;
     Таҳия намудани китобҳои дарсӣ, дастурамали методӣ, маводҳои иловагӣ ва тавсияномаҳо;
     Бозомӯзӣ, кӯмак ва назорат ба фаъолияти роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ;
     Нашр ва дастраси омӯзгорон гардондани моҳномаи 'МӮНИС'
     Кӯмаки амалӣ расонидан ба мактабҳо тавассути барномаҳои 'Омӯзиши Сайёр', Маркази маводҳои таълим ва Таълиму тарбияи тандурустӣ.

Озмунҳо
Таҳти роҳбарии Идораи маорифи вилоят кормандони ДТМК дар соли 2005:
             'Озмуни вилоятии мактаббачагон'
             'Мураббии сол'
             'Муаллими сол'

Конференсияҳо
Дар давоми сол 5-нафар кормандони ДТМК дар конференсияи миллӣ барои муаллимон забони англисии Осиёи Миёна, ки аз тарафи Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон ташкил шудааст, фасилитатор-тренери конференсия буданд.
Кормандони ДТМК дар гузаронидани конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи 'Рушди мактаб: қадамҳои нахустин, пешомадҳо ва нақшаҳои оянда' бо ҳамкории Хадамоти Оғохон оид ба маориф саҳми арзанда гузоштанд.
Конференсия дар ш. Кулоб дар мавзӯи 'Таълими ибтидоӣ - пояи таҳсилоти умумӣ - чун шакли инкишофи мактаб. Нақшаҳо ва пешниҳодҳо'.



2005 © Copyright ДТМК Хоруғ. Ҳама ҳуқуқҳо дар зери амният.  Ороиш ва дастгирӣ аз тариқи  Sarez Design Laroratory