Рӯзи ҷаҳонии муаллимон 
Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ ҳамаи омӯзгорони макотиб ва аҳли маорифи вилоятро ба хотири фарорасии Рӯзи ҷаҳонии муаллимон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар зиндагӣ тансиҳативу хонаободӣ ва дар омӯзишу парвариши толибони илму маърифат тавфиқу пирӯзӣ таманно дорад.
Соли 1994 аз ҷониби ЮНЕСКО рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр расман ҳамчун рӯзи касбии муаллимон шинохта ва тасдиқ карда шуд. Соли 1996 дар ин рӯз конфронси муштараки ЮНЕСКО ва Созмони Байналмилалии Меҳнат қатънома ё тавсеаномаеро 'Дар бораи вазъи муаллимон' ба тасвиб расонд. Ин нахустин ҳуҷҷати байналмилалӣ буд, ки шароити меҳнати муаллимонро мушаххас кард. Рӯзи ҷаҳонии муаллимон ба рӯйхат ва системи рӯзҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид шомил шудааст. Ин рӯз таваҷҷӯҳи мардуми ҷаҳонро ба чигунагии вазъи муаллим дар ҷомеа ҷалб карда ва нақши муассир ва бузурги муаллимро дар рушди парваришу омӯзиши башар таъкид ва таъйид мекунад. Бештар аз 100-кишвари ҷаҳон дар ин рӯз иди касбии муаллимонро ҷашн мегиранд.
Муаллим гар набудӣ, ин қадар илм аз куҷо мешуд? Ба алфозу ба маънӣ толибон чун ошно мешуд? Агар устод дар таълими шогирдон намекӯшид, Чӣ гуна аз ғубори ҷаҳл ин дилҳо сафо мешуд? Хавоси ҷумла ашё дар ҷаҳон мемонд пӯшида, Чӣ чора буд, агар шахсе ба дарде мубтало мешуд? Зи файзи илм бошад интизоми ҳар чиро бинӣ, Бидуни илм кори халқ кай бо муддао мешуд? Муаллим гар чароғи илму ирфонро намеафрӯхт, Чӣ сон махлуқи олам воқиф аз зоти Худо мешуд? Чаро, ай арҷманди ман, накӯшидӣ ба дарси худ, Кунун ҳар шакли муғлақ пеши афкори ту во мешуд? Ту аз шони муаллим бехабар мондӣ, ҳазор афсӯс, Барои дидаат хоки қудумаш тӯтиё мешуд. Агар илму камоле, Ашқарӣ медоштӣ аз худ, Ба ҳар ҷо нохуни саъйи ту ҳам уқдакушо мешуд.
|