Бархурди Мавлоно бо Шамс бархурдест, ки бар асари он маснаднишини бовиқоре, ки то чиҳилсолагии худ байте насуруда буд, бадал ба офаришгари бебадале шуд, ки осори дараҷаи аввали адаби форсӣ монанди 'Маснавӣ' ва 'Куллиёти Шамс' аз ӯ падидор шуд. Ин аз файзу баракати шогирдии Мавлоно дар назди Шамс буд, ки ӯ ба чунин макоми баланде расид.             

Ҳеҷ касро аз худ ангезе нашуд,
Ҳеҷ кас аз хештан чизе нашуд,
То бурун н-оранд оҳанро зи санг,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ ҳалвогар нашуд устоди кор,
То ки шогирди шакаррезе нашуд.
Ҳеҷ мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.


Copyright © ДТМК Хоруғ. Ҳама ҳуқуқҳо дар зери амният
Email: info@ipd-gbao.org