|
|
|
|
|
Амалисозии лоиҳа оид ба такмили мактаб ва ҷалби ҷомеаМаркази идораи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон (МИЛИСМТ) дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Рушди Осиё ва Хазинаи Оғохон ба амалисозии лоиҳаи такмили мактаб ва ҷалби ҷомеа дар ноҳияи Роштқалъа шурӯъ намуд.Мутахассиси Фонди Оғохон оид ба омӯзиш ва сафарбаркунии ҷомеа дар ноҳияи зикршуда Ғуломносир Қурбонов иттилоъ дод, ки дар доираи ин чорабинӣ 33 лоиҳа доир ба таъмир ва таҷҳизонидани мактабҳои ноҳия мавриди амал қарор дода мешаванд. Аз ҷумла 7 лоиҳа оид ба бомпӯш кардани мактабҳо, 4 лоиҳа оид ба таъмири фарш, яктогӣ лоиҳа доир ба сохтмони хатти обгузар, ҳоҷатхона, майдончаи варзишӣ, 5-то лоиҳа оиди таъмини мизу курсии талабагӣ, 6 лоиҳа оид ба маҳкам кардани гирду атрофи мактаб ва 2 лоиҳа доир ба таъмири мактабҳо ба амал бароварда мешаванд. Ба гуфти ӯ, барои 8 лоиҳа аллакай маблағҳо ҷудо гардидаанд ва лоиҳаҳои боқимонда ба муҳокимаи Бонки Рушди Осиё гузошта шудаанд. Маблағҳо барои иҷрои лоиҳаҳо аз ҷониби Фонди ҷопонии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҷудо карда мешаванд. 10 фоизи арзиши лоиҳаҳои ба амал татбиқшавандаро Ассотсиатсияҳои волидайн ва омӯзгорон, ки дар ҳамкории МИЛИСМТ ва Хазинаи Оғохон соле кабл дар ноҳия созмон дода шудаанд, ҷудо менамоянд. Чунин лоиҳаҳо дар ноҳияҳои Рашт, Кӯлоб, Мастчоҳ ва Айнӣ низ амалӣ шуда истодаанд. |
|
Copyright © ДТМК Хоруғ. Ҳама ҳуқуқҳо дар зери амният Email: info@ipd-gbao.org | |