Имрӯз

Давраҳои омӯзишии такмили маҳорат

Аз 14 то 26-уми апрели соли 2008 Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ барои ҷонишинони директорон оид ба корҳои таълимии мактабҳои гурӯҳи омӯзишии вилоят дар мавзӯи 'Рушди мактаб ва банақшагирии он' курси 12 рӯза доир намуд.
Тавре мушовири бахши мактабшиносии Донишкада Қаноатшо Шорустамов иттилоъ дод, барномаи курс мувофиқи ниёзи маъмурияти мактабҳо, махсусан ниёзи ҷонишинони директорон оид ба корҳои таълимӣ тартиб дода шуда, дар он асосан мавзӯъҳои 'Мафҳуми рушди мактаб чист?', 'Захираҳои рушди мактаб', 'Рушди мактаб чун ҷараёни инноватсионӣ', 'Барномаи рушди мактаб, вазифаҳои он, таҳияи сохтор ва мазмуни он', 'Таҳлили вазъияти таълиму тарбия, муҳити беруна, инфраструктураи мактаб', 'Асосҳои умумии технологияи идоракунии мактаб, мафҳумҳои асосии фаъолияти идоракунӣ, усули демократии идоракунӣ ва хусусиятҳои он', 'Мактаби самарабахш чист ва онро чӣ тавр месозанд?', 'Аз мактаби амалкунанда ба мактаби инкишофёбанда', 'Технологияи муосири таълим', 'Усули фаъоли таълим', 'Мушоҳидаи дарс ва таҳлили он', 'Нақши фаъолияти шаклҳои коллективонаи корҳои методӣ дар такмили маҳорати касбию методии омӯзгорон', 'Иттиҳоди методии омӯзгорон ва аҳамияти он дар пешрафти кори таълиму тарбия', 'Омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва тарғиби он', 'Ташкили кори кабинети методии мактаб', 'Маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) - самти асосии ислоҳоти мактабу маориф барои имрӯзу фардо', 'Захираҳои инсонӣ, маданияти муассиса - омилҳои пешбарандаи рушди мактаб' баррасӣ шуданд.
Мушовири бахши мактабшиносии ДТМК Наҷиба Асалбекова изҳор дошт, ки дар курс 21 нафар ҷонишинони директорон оид ба корҳои таълимӣ иштирок дошта, он аз рӯи методҳои гуногуни тадрис ба монанди лексия, презентатсия, корҳои индивидуалву гурӯҳӣ ва баҳсу проблемагузорӣ пешкаши шунавандагон гардид. Шунавандагон бо таҷрибаи кории ҳамдигар аз наздик ошноӣ пайдо карда, инчунин дар поёни давраи омӯзишӣ ба манзури таҷрибаомӯзӣ аз мактаби ? 5-и ки яке аз мактабҳои беҳтарини шаҳр маҳсуб мешавад, дидан карданд.

 

2005 © Copyright ДТМК Хоруғ. Ҳама ҳуқуқҳо дар зери амният.  Ороиш ва дастгирӣ аз тариқи  Sarez Design Laroratory