Давраи омӯзишии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ

Давраи омӯзишии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ

Дар моҳи апрел мувофиқи нақшаи кории ДТМК курси 12-рӯзаи омӯзгорони забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва олмонӣ) баргузор гардид. Дар ин курс 14-нафар омӯзгорон аз ноҳияҳои ВМКБ ширкат варзиданд.
Мақсад аз гузаронидани курс, иттилоъ дод роҳбарии курс - мудири бахши синфҳои болоии ДТМК Навбаҳор Мамадюсуфов, бо методҳои замонавии муосири таълими ин фан шинос намудани омӯзгороне буд, ки аз моҳи сентябр ҳамчун роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанни забонҳои хориҷӣ дар мактаб фаъолият хоҳанд кард. Барномаи курс аз 72 соат иборат буда, мавзӯъҳои 'Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф', 'Барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди инкишофи омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ', 'Назарияи омӯзиш', 'Инкишофи маҳоратҳои забономӯзӣ', 'Омӯзиши забон тавассути методи муошират', 'Омӯзиши забон бе истифода аз грамматика, фонетика ва синтаксис', 'Ислоҳи хатогиҳо', 'Ғанӣ гардонидани барномаи таълимӣ' ва дигар мавзӯъҳои муосири методикаи таълими фанро баррасӣ намуд.

Copyright © ДТМК Хоруғ. Ҳама ҳуқуқҳо дар зери амният
Email: info@ipd-gbao.org