|
|
|
|
|
Омӯзиши технологияи информатсионӣАз 14-ум то 26-уми апрел Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ дар мактаби рақами 12-и шаҳри Хоруғ барои 10 нафар омӯзгорони фанни технологияи информатсионии мактабҳои шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим давраи омӯзишӣ баргузор кард.Ба гуфтаи Фарид Ғуломҷонов, мушовири фанни технологияи информатсионии ДТМК омӯзгорон таи 72 соат бо мафҳуми иттилоъ (информатсия), системи оператсионӣ (низоми амалкард) ва компютери фардӣ ошно шуда, асосҳои кор бо барномаҳои Microsoft Word, Microsoft Excel ва Microsoft PowerPoint-ро омӯхтаанд. Он гуна ки мушовири донишкада изҳор дошт, ин дафъа дар давраи омӯзишӣ муаллимони фанни технологияи информатсионии мактабҳое ширкат варзидаанд, ки то ҳол чунин давраҳои омӯзиширо пушти сар накардаанд. Дар давраи омӯзишӣ сардори Раёсати маорифи ВМКБ Давлат Худоназаров ва ҷойнишини директори ДТМК Анзурат Акобиршоева ширкат варзида, дар мавриди компютеркунонии мактабҳои вилоят ва фаъолиятҳои дарпешистода дар ин росто суханронӣ карданд. |
|
Copyright © ДТМК Хоруғ. Ҳама ҳуқуқҳо дар зери амният Email: info@ipd-gbao.org | |