Имрӯз

Гузориш аз нишасти хабарӣ

Ба мактаб бояд  ҳама кӯмак расонанд

     Нимаи моҳи апрел дар идораи маорифи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон бо роҳбарият ва зерсохторҳои он нишасти матбуотӣ баргузор  гардид. Сӯҳбат бо намояндагони васоити ахбор дар фазои гуфтугӯи  ошкоро сурат гирифта, сардори раёсати маориф Давлат Худоназаров  диққати ҳозиринро ба бурду бохти фаъолияти семоҳаи муассисаҳои таълимии минтақа ҷалб намуд . 
       / аз ҷумла қайд  кард, ки имсол дар таҳкими заминаи моддӣ-  таълимии муассисаҳои маориф баъзе пешравиҳо ба чашм мерасанд. Номгӯи 46 мактаби садамавии вилоят ва дурнамои сохтмону таъмири 50  муассисаи таълимӣ барои солҳои 2008-2009 ва то соли 2010 аниқ муайян  карда шуд ва ин рӯйхат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати маорифи Ҷумҳурӣ пешниҳод шуд. Аз буҷаи вилоят ба соҳаи маориф зиёда аз 24 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Агарчӣ соли гузашта дар мактабҳои таълимӣ 430 утоқи фаннӣ вуҷуд дошт, имсол шумораи онҳо ба 468 адад расид. Бо мурури замон  фонди буҷавии мактабҳо меафзояд. Таввасути фаъолияти оқилонаи  ассотсиатсияи волидону омӯзгорон ва таҳия намудани барномаҳо барои гирифтани грантҳои хурд роҳбарони 33 мактаби ноҳияи  Рошқалъа саъю талош ба харҷ дода, 8 мактаб имконияти ба даст овардани грант пайдо намуданд. Масъалаи таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ  торафт ҳаллу фасл мешавад. Муассисаҳои таълимӣ нисбат ба соли пеш ба  зимистон беҳтар омодагӣ диданд. Муҳим он аст, ки имсол  шаффофияти гузарондани олимипиадаи фаннии мактаббачагон таъмин карда шуд. Бори аввал толибилмони мактабҳои ҷамоати Сағирдашт дар озмунҳои фаннӣ ширкат варзиданд. Ин имкон дод, ки мо истеъдодҳои  навро ошкор намоем.  
Сардори раёсат Давлат Худоназаров бо ёдрас кардани баъзе муваффақиятҳо ба камбудию монеъаҳое, ки садди роҳи пешрафти кор гардидаанд мароқи бештар зоҳир намуда, аз ин хусус  изҳори  нигаронӣ намуд, ки дар маҳалҳо ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои  мутахассисони ҷавон аз паси панҷара нигоҳ мекунанд. Бинобар ин, агар онҳо нияти кор кардан дошта бошанд ҳам, ба ҷойҳои муқарраршуда рафтан намехоҳанд. Тавре дар рафти санҷиши гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят аён гашт, сифати дониши хонандагон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рошқалъа қаноатбахш нест. Бояд таъкид кард, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар мустаҳкам кардани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои маориф фаъолияти суст нишон медиҳанд. То ҳол аз ҳисоби онҳо ба мактабҳо ягон компютер ҳам дохил нагардидааст. Аз мушоҳида маълум шуд, ки интернатҳои наздимактабӣ  низ дар маҳалҳо аз мадди назари роҳбарон дур мондаанд.
Бо вуҷуди он ки дар самти таъсис додани мактаб ва муассисаҳои томактабӣ раёсати маориф фармон бароварда бошад ҳам, аз маҳалҳо оид ба ин масъала ягон дархосту пешниҳод ворид намегардад. Шаклу усули тарбиявии ягонаи ороиши мактабҳо дар ноҳияҳо риоя намешавад. Айни ҳол дар вилоят 133 таълимгоҳ ба таъмиру азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд ва дар ин кор натанҳо соҳа, балки ҳама бояд ба мактаб дасти кӯмак дароз намоянд, гуфт сардори раёсат. 
     Ба саволҳои  рӯзноманигорон  ҳамчунин  директори литсеи техникии  шаҳри Хоруғ  С. Саидазалов,  мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Б. Ҷумъаева, директори Донишкадаи такмили маҳорати касбии вилоят Ҷ. Булбулов, директори Маркази эҷодии наврасону кӯдакон Н. Қодирова посухҳои муфассал ва мушаххас доданд. Қайд гардид, ки системаи маориф соҳаи асосии пешбаранда ва таҳкурсии воқеъии ҷомеаи бофарҳанг аст, ки эъмору ислоҳи он амре муҳим ба шумор меравад.  

 

                                Шакарбек Қурбонбеков

2005 © Copyright ДТМК Хоруғ. Ҳама ҳуқуқҳо дар зери амният.  Ороиш ва дастгирӣ аз тариқи  Sarez Design Laroratory