Файзулло Хушвахтов - Муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ман бо фаъолияти Донишкада шинос гардида, аз кӯшишҳои мутахассисон хеле шод гардидам. Муассиса дар тайёр кардани мутахассисон ва такмили тахассуси омӯзгорон қадамҳои устувор мегузорад. Кӯшишу ҷустуҷӯ, эҷодкорӣ ва навовариҳо дар фаъолияти мутахассисони Донишкада хеле зиёданд. Донишкада дастурҳои ҷолиби таваҷҷӯҳро таҳия ва нашр карда, дастраси омӯзгорон гардондааст. Дар машварати августии омӯзгорони вилоят дар ҳаққи кормандони Донишкада бисёр суханони нек гуфтанд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки Донишкада ҳадаф ва вазифаҳояшро пурра дарк намудааст ва таҷрибаи пешқадамро дастраси омӯзгорон мегардонад. Ҷорӣ намудани он ба худи омӯзгорон вобаста аст. Вале он ҳамкорие, ки ман байни Идораи маориф, Донишкада ва мактабҳо мушоҳида намудам, фаъолияти онҳоро хеле натиҷабахш мегардонад ва ман умедворам, ки минбаъд дастовардҳо бештар мегарданд.***
Академик Маҳмадулло Лутфуллоев - Президенти Академияи Илмҳои Педагогӣ
Аз 21 то 30 июли соли 2004 дар Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ ҳузур доштам. Таасуроти банда аз фаъолияти Донишкада ва кормандони он басо хуб аст.
Донишкада баробари ҳаёт қадам мегузорад. Ҳамин тавр бошед, ҳамкасбони арҷманд.
30 апрели соли 2004
***
Ричард Хоугленд - Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон
Ман аз тахассуси баланди кормандон ва фаъолияти мақсадноку натиҷабахши Донишкада хеле хушҳолам. Месазад, ки аз ин таҷрибаи пешқадам тамоми омӯзгорони ҷумҳурӣ баҳрабардорӣ намоянд.
Ноябри соли 2004
***
Ганс Олссон - Сафири Шветсия дар Тоҷикистон
Маро кордонӣ ва дониши aз забони англисӣ доштаи кормандони ДТМК бисёр ба ҳайрат овард. Фаъолиятҳои онҳо аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудаанд ва дар шинос намудани омӯзгорон бо методҳои нави ҳозиразамон, ки такя ба усули кӯдак марказ дорад, роҳҳои истифодабарии технологияи нав ва таъсис додани мактабҳои такягоҳӣ барои паҳн намудани таҷрибаи пешқадам қадамҳои устуворро гузошта истодаанд.
Хурсандиовар аст, ки на фақат дар марказ, балкидар чунин минтақаи дурдаст таъғиротҳои куллӣ дар соҳаи маориф арзи вуҷуд доранд.
Ба замми ин, Донишкада ба мақсади иҷрои барномаҳои гуногун ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ёрии амалӣ-методии худро ба мактабҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт расонида истодааст. Таҷрибаи донишкада дар таҳия ва интишори китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ бояд боиси омӯзиш ва паҳншавӣ қарор гирад.
Июни соли 2005
***
Ҷон Эванс - Мушовири мустақил
Ташаккури зиёд барои тарафдорӣ, дастгирӣ ва меҳмоннавозии шумо. Ман муддати тӯлонии вақтро дар донишгоҳҳои гуногун мегузаронам, ки дар он ҷо сабабҳои зиёди тараққӣ накарданро ҳама вақт таъкид мекарданд. Аммо навовариеро, ки ман аз Донишкада интизор будам, Шумо онро аз будаш зиёдтар нишон додед.
Каролина ва ман аз сифати кордонии Донишкада ва инчунин ӯҳдадориҳои ҳар яки онҳо дар мактаб ва маъмурияти ноҳияҳо бениҳоят дар тааҷуб мондем. Ман аз ташрифи худ ба ин ҷо бисёр қаноатмандам ва кӯшиш ба харҷ медиҳам, то дар давоми сол боз як бори дигар биёям.
9 июли соли 2005
***
Том Киссинҷер- Хазинаи Оғохон
Бисёр хурсандам, ки билохира ба ин Донишкада ташриф овардам. Гарчанде ки вақти ҷудокардашуда бисёр кӯтоҳ буд, аммо раванди кор дар Донишкада, идоракунии он ва кордонии худи кормандон баръало намоёнанд. Муборак бошад ва ҳамин кори хубро давом додан гиред.
29 октябри соли 2005
***
Абдуназар Соибов - Номзади илм, мутахассиси Институти "Ҷомеаи кушода" Бунёди Мадади Тоҷикистон (Хазинаи Сорос)
Дар ин ҷода, таҷрибаи кори Донишкадаи такмили маҳорати касбии ш. Хоруғ (директораш Булбулов Ҷумъа) қобили қайд аст. Бо дастгирии ХАзинаи Оғохон онҳо тавонистанд ба донишкада ҷавонони лаёқатмандро ҷалб созанд ва дар як муддати кӯтоҳ аксари онҳо технологияҳою усулҳои навтарину замонавии тахлимро Омӯхта, дар рафти курсу семинарҳо истифодаи ин усулҳоро ба роҳ монданд. Илова бар ин, онҳо ҳемаш дар талоши такмил донишу малакаи касбии худ буд, дар ичрои корҳои илмӣ фаъолона ширкат меварзанд, дар аспирантура ва курсҳои Омӯзиши забонҳои хориҷӣ таҳсилро идома медиҳанд.