Имрӯз

Андешаҳо

Хонум Светлана Шакирова - Докторанти кафедраи педагогикаи институти Бошқирдистони Русия
Боиси хушҳолист, ки сокинони вилояти Бадахшон ба омӯзишу парвариш майлу рағбати фаровон дошта ва барои гирифтани маълумот талошҳои муассире ба харҷ медиҳанд. Дар ин кор саҳми бузурги Донишкадаи шумо ба хубӣ эҳсос мешавад. Донишкада барои ба стандартҳои муосири маълумотдиҳӣ баровардани мактабҳои вилоят корҳои назаррасеро анҷом додааст. Ҳамзамон, набояд фаромуш кард, ки ҳар гуна маълумот аз усулу воситаҳои қарнҳо ташаккулёфтаи мардум сарчашма мегирад. Ман дар соҳаи маориф аз рӯи таълими ҳунарҳои анъанавии мардумӣ кори илмӣ-амалӣ мебарам. Фикр мекунам, ки барои инкишофи маҳорати ақлонӣ ва ҳам касбӣ истифодаи таълими ҳунарҳои мардумӣ аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Хуб аст, ки имрӯз Донишкада бо истифода аз кӯмаку дастгирии давлативу кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолияти нисбатан мӯътадил дорад. Вале набояд аз ёд бурд, ки ин кӯмакҳо абадӣ нестанд. Пешниҳоди ман ин аст, ки бо истифода аз фурсат сохторҳои дигари давлативу ҷамъиятӣ, бавижа соҳибкоронро ба ҳамкории иҷтимоӣ, ки ба рушди Донишкада мусоидат мекунад, ҷалб намоед. Бо ин истифодаи ин усул шумо метавонед ба ояндаи боварибахш ва дурахшони маориф дар минтақа заминаи устувор гузоред.
Оғои Вайс Аҳмад - ҳамоҳангсози барномаҳои имдод ва инкишофи байналмилалӣ дар Афғонистон.
Бадахшони Тоҷикистон дорои табобатгоҳҳову макотиби таҳсилоти умумӣ ва махсусу олӣ ва роҳҳову пулҳост, ки онро бо кулли манотиқи кишвар ва хориҷ мепайванданд ва ин ба мардуми ин ҷо имкон медиҳад, ки ҳар рӯз мушкилоти зиндагиашонро то андозае ҳаллу фасл кунанд.
Аммо Бадахшони Афғонистон чун тамоми кишвар дар марҳилаи бозсозӣ қарор дорад ва ҳоло мо дар фикри бунёди роҳҳову пулҳо ва бемористону мадорис ҳастем. Дар анҷоми ин корҳо мамолики хайрхоҳи хориҷӣ, аз ҷумла кишвари шумо-Тоҷикистон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба мо кумак мерасонанд. Дар ҷодаи маориф Донишкадаи такмили тахассуси муаллимони вилояти Бадахшон бо мо ҳамкорӣ хоҳад кард, зеро он таи солҳои фаъолияташ таҷрибаи бузург ва ғанӣ касб кардааст.
Вячеслав Святличний - муовини сафири Русия дар Тоҷикистон
Аз ошноӣ бо фаъолияти Донишкадаи шумо таассуроти амиқ ва бузурге бардоштам. Кормандони Донишкада дорои таҷрибаи ғанӣ ва масъулиятшинос ҳастанд. Солҳои зиёд мо як системаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва донишомӯзӣ доштем, ки ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасад. Аз шиносоӣ бо фаъолияти дигар марказҳои илму донишомӯзӣ, аз ҷумла Литсейи Оғохон, Мактаби маълумоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва Донишкадаи шумо шахсан итминон ҳосил кардам, ки маориф дар кишвари шумо дар мадди аввал гузошта шудааст. Ин нишонаи он аст, ки кишвари шумо дар ояндаи наздик пешрафти чашмгир ва беқиёсе хоҳад кард. Федератсияи Русия чун шарики стратегии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо дар ҷодаи маориф низ бо кишвари шумо ҳамкорӣ дорад. Донишгоҳи Тоҷикӣ-Русии Славянӣ, литсей дар Душанбе, қабули донишҷӯёни тоҷикистонӣ ба донишгоҳҳои гуногуни Русия, такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон дар кишвари мо, фаъолиятҳои унвонҷӯёни тоҷикистонӣ дар марказҳои илмии мо аз мисолҳои соддаи ҳамкории мо дар соҳаи маорифу илманд. Мо омодаем, ҳар гуна пешниҳодоти манфиатбахши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла Донишкадаи шуморо бипазирем ва дар амалӣ сохтани он ба шумо кӯмак расонем.
Хонум Трейси Ҷекебсон- сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон
Ин нахустин сафари ман ба Бадахшон аст. Кишвари шумо хеле зебост. Сафари мо ба ин ҷо бо ибтикори Хазинаи Оғохон сурат гирифт. Мо бо чанд барномаи он, аз ҷумла Литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ, Мактаби маълумоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят ошноӣ пайдо кардем.
Донишкадаи шумо дар назари ман, гоме ҷадид ва нигоҳе нигоҳи ҷадид дар такмил ва рушди маориф ва маълумот аст. Таҷрибаи хуби кор ва қобили дастгириву омӯзиш дар соҳаи таълиму тарбия дорад. То ҷое, ки иттилоъ дорам, кишвари мо тавассути Ожонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) бо Донишкадаи шумо ҳамкорӣ дорад. Хонандагони шумо барои шиносоӣ бо Амрико ва мардуми он, барои таҳсил ва зиндагӣ ҳамасола ба кишвари мо фиристода мешаванд. Бо ҳадафи ҳамкорӣ дар оянда, мо тасмим гирифтаем, чун дар дигар манотиқи кишвари шумо, дар Хоруғ низ гӯшаи амрикоӣ таъсис диҳем. Тавассути он мехоҳем сокинони ин диёри зебоманзарро бо кишварамон бештар ошно созем.
Файзулло Хушвахтов - Муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ман бо фаъолияти Донишкада шинос гардида, аз кӯшишҳои мутахассисон хеле шод гардидам. Муассиса дар тайёр кардани мутахассисон ва такмили тахассуси омӯзгорон қадамҳои устувор мегузорад. Кӯшишу ҷустуҷӯ, эҷодкорӣ ва навовариҳо дар фаъолияти мутахассисони Донишкада хеле зиёданд. Донишкада дастурҳои ҷолиби таваҷҷӯҳро таҳия ва нашр карда, дастраси омӯзгорон гардондааст. Дар машварати августии омӯзгорони вилоят дар ҳаққи кормандони Донишкада бисёр суханони нек гуфтанд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки Донишкада ҳадаф ва вазифаҳояшро пурра дарк намудааст ва таҷрибаи пешқадамро дастраси омӯзгорон мегардонад. Ҷорӣ намудани он ба худи омӯзгорон вобаста аст. Вале он ҳамкорие, ки ман байни Идораи маориф, Донишкада ва мактабҳо мушоҳида намудам, фаъолияти онҳоро хеле натиҷабахш мегардонад ва ман умедворам, ки минбаъд дастовардҳо бештар мегарданд.

***

Академик Маҳмадулло Лутфуллоев - Президенти Академияи Илмҳои Педагогӣ

Аз 21 то 30 июли соли 2004 дар Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ ҳузур доштам. Таасуроти банда аз фаъолияти Донишкада ва кормандони он басо хуб аст.
Донишкада баробари ҳаёт қадам мегузорад. Ҳамин тавр бошед, ҳамкасбони арҷманд.
30 апрели соли 2004

***

Ричард Хоугленд - Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон

Ман аз тахассуси баланди кормандон ва фаъолияти мақсадноку натиҷабахши Донишкада хеле хушҳолам. Месазад, ки аз ин таҷрибаи пешқадам тамоми омӯзгорони ҷумҳурӣ баҳрабардорӣ намоянд.
Ноябри соли 2004

***

 

Ганс Олссон - Сафири Шветсия дар Тоҷикистон

Маро кордонӣ ва дониши aз забони англисӣ доштаи кормандони ДТМК бисёр ба ҳайрат овард. Фаъолиятҳои онҳо аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудаанд ва дар шинос намудани омӯзгорон бо методҳои нави ҳозиразамон, ки такя ба усули кӯдак марказ дорад, роҳҳои истифодабарии технологияи нав ва таъсис додани мактабҳои такягоҳӣ барои паҳн намудани таҷрибаи пешқадам қадамҳои устуворро гузошта истодаанд.
Хурсандиовар аст, ки на фақат дар марказ, балкидар чунин минтақаи дурдаст таъғиротҳои куллӣ дар соҳаи маориф арзи вуҷуд доранд.
Ба замми ин, Донишкада ба мақсади иҷрои барномаҳои гуногун ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ёрии амалӣ-методии худро ба мактабҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт расонида истодааст. Таҷрибаи донишкада дар таҳия ва интишори китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ бояд боиси омӯзиш ва паҳншавӣ қарор гирад.
Июни соли 2005

***

Ҷон Эванс - Мушовири мустақил

Ташаккури зиёд барои тарафдорӣ, дастгирӣ ва меҳмоннавозии шумо. Ман муддати тӯлонии вақтро дар донишгоҳҳои гуногун мегузаронам, ки дар он ҷо сабабҳои зиёди тараққӣ накарданро ҳама вақт таъкид мекарданд. Аммо навовариеро, ки ман аз Донишкада интизор будам, Шумо онро аз будаш зиёдтар нишон додед.
Каролина ва ман аз сифати кордонии Донишкада ва инчунин ӯҳдадориҳои ҳар яки онҳо дар мактаб ва маъмурияти ноҳияҳо бениҳоят дар тааҷуб мондем. Ман аз ташрифи худ ба ин ҷо бисёр қаноатмандам ва кӯшиш ба харҷ медиҳам, то дар давоми сол боз як бори дигар биёям.
9 июли соли 2005

***

Том Киссинҷер- Хазинаи Оғохон

Бисёр хурсандам, ки билохира ба ин Донишкада ташриф овардам. Гарчанде ки вақти ҷудокардашуда бисёр кӯтоҳ буд, аммо раванди кор дар Донишкада, идоракунии он ва кордонии худи кормандон баръало намоёнанд. Муборак бошад ва ҳамин кори хубро давом додан гиред.
29 октябри соли 2005

***

Абдуназар Соибов - Номзади илм, мутахассиси Институти "Ҷомеаи кушода" Бунёди Мадади Тоҷикистон (Хазинаи Сорос)

Дар ин ҷода, таҷрибаи кори Донишкадаи такмили маҳорати касбии ш. Хоруғ (директораш Булбулов Ҷумъа) қобили қайд аст. Бо дастгирии ХАзинаи Оғохон онҳо тавонистанд ба донишкада ҷавонони лаёқатмандро ҷалб созанд ва дар як муддати кӯтоҳ аксари онҳо технологияҳою усулҳои навтарину замонавии тахлимро Омӯхта, дар рафти курсу семинарҳо истифодаи ин усулҳоро ба роҳ монданд. Илова бар ин, онҳо ҳемаш дар талоши такмил донишу малакаи касбии худ буд, дар ичрои корҳои илмӣ фаъолона ширкат меварзанд, дар аспирантура ва курсҳои Омӯзиши забонҳои хориҷӣ таҳсилро идома медиҳанд.

2005 © Copyright ДТМК Хоруғ. Ҳама ҳуқуқҳо дар зери амният.  Ороиш ва дастгирӣ аз тариқи  Sarez Design Laroratory