 | Фонди Оғохон Аз соли 1996 Фонди Оғохон дар Тоҷикистон барои эҳёи Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ тавассути кумаки маблағӣ дар тули чандин сол мусоҳидат намуд. Дар Айни замони Фонди Оғохон яке аз донорони Донишкада Буда ҳамчунин дар таҳлили фаъолият ба он ёрӣ мерасонад. |
 | Агентии ШМА оид ба Инкишофи Байналмилалӣ Тавассути барномаи беҳбудии таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон Агентии ШМА оид ба Инкишофи Байналмилалӣ ба Донишкадаи такмили маълумоти касбӣ барои ба ҳайёт татбиқ намудани барномаҳои Омӯзишӣ кумаки васеи молиявӣ расонд. Маҳз бо кумаки ин агентӣ Донишкада барномаи васеи инкишофи ҳаматарафаи мактабҳои Тоҷикистон ва дастурҳои гуногуни таълимиро таҳия намуд. Инчунин тавассути ин маблағгузорӣ ДТМК-и ВМКБ имконият пайдо намуд, ки ба дигар донишкадаҳо ва донишгоҳои мамлакат кумаки касбӣ расонад. |
 | Агентии Канада оид ба Рушд Агентии байналмилалии Канада оид ба Рушд саховатмандона чандин барномаҳои инкишофии донишкадаро маблағгузори намуда, дар барқароркунии фаъолияти самараноки ДТМК-и ВМКБ кумаки амалӣ расонд. Ба наздики агентии мазкур ба маблағгузории тренингҳои ДТМК оид ба сарварӣ дар мамлакат шуруъ намуда барои ҷалб кардани волидон ва аҳли ҷомеа ба кумаки мактаб ёрии амалии молиявӣ мерасонад. |
 | Созмон оид ба инкишофи байналмилалӣ ва ҳамкории Нидерландия Ин ташкилоти Нидерландия дар амалӣ гардидани барномаҳои ДТМК оид ба маориф нақши калон дорад. Аз ҷумла ни ташкилот дар таҳияи барномаҳо ва тренингҳо оид ба таҳсилоти ҳамагони дар ВМКБ ва таҳияи дастурҳои методӣ оид ба ҳамаи фанҳо кумаки калон расонд. |
 | Барномаи маорифи Фонди Оғохон оид ба маориф. ДТМК бо барномаи Фонди Оғохон дар бораи такмили тахассуси кормандони Донишкада бо барномаҳои гуногун ҳамкори мекунад. Дар баробари ин ду ташкилот дар ҳамкори барои омӯзгорони мактабҳои ВМКБ тренингҳои муштарак мегузаронанд. |
 | Барномаи имдод ва инкишофи манотиқи кӯҳистон Ин барнома асосан ба таҳияи лоҳияҳои инкишофи иқтисодӣ ва кишоварзии минтақаҳои кӯҳистон ҷалб гардидааст. Вале дар баробари ин дар инкишофи барномаҳои Омӯзиши низ саҳми муносиб дорад. Дар ҳамкори бо Донишкада MSDSP ба лоиҳаи беҳбудии базавии маориф дар тоҷикистон ҷалб гардидааст. Тавассути ин лоиҳа барнома тавонист теъдоди зиёди кумитаҳои падару модаронро барои кумак ба мактабҳои кишвар сафарбар намояд. Илова ба ин бо маблағгузории ширкати шведӣ оид ба Рушд MSDSP ба амалӣ гардонидани барномаи Омӯзишии таҷрибавӣ барои волидайн шуруъ намудааст |
 | Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ДТМК бо ин Донишгоҳ дар асоси барномаҳои Омӯзиши давомдор ҳамкори мекунад. Дар ин самт ДТМК доир ба сарварии ва идоракунӣ барои ташкилотҳои маҳалли чандин тренингҳоро доир намуд. |
| | Ширкати шведи оид ба Рушд Ширкати шведӣ оид ба Рушд ба ДТМК бо роҳи маблағгузории инкишоф ва мустаҳкамкунии Донишкада, шӯбаҳои минтақавии маориф, мактабҳо ва ҷамъиятҳои назди мактабӣ дар гузаронидани тренинг бо Омӯзгорон таҳияи асбобҳои айёнӣ ва китобҳои дарсӣ, инчунин таҳияи барномаи Инкишофи ҳаматарафаи мактабҳо дар Тоҷикистон кумаки амалӣ мерасонад. |