Бахши мактабшиносии ДТМК барномаи Менторингро барои роҳбарони мактабҳо ва муаллимон тайёр намудааст, ки баҳри сайқал додани маҳорати педагогии онҳо кӯмак хоҳад расонд.
Ибтидо
Барнома барои роҳбарони мактабҳо ва муаллимон дар амалӣ гардонидани фикру
ақидаҳои онҳо кӯмак расонда, муаллимонро водор мекунад, ки дар мутафаккири кори
худашон бошанд, рафти кори мактабро зери назорат гирифта, ахборотро ҷамъ намоянд.
Менторон ба корҳои зерин машцул мешаванд:
Омӯзондан, Омӯхтан ва меъёр, таҳлили
дарс ва баҳодиҳӣ ба сифати таълим, барқарор намудани алоқаи баръакс ва корҳои
дукаса, ташкил додани дарсҳо вобаста ба талабот ва инчунин бо муаллимони синфҳои
ибтидоӣ кор мекунанд. Менторон инчунин бо маъмурияти мактаб дар амалӣ гардонидани нақшаи мактаб
ёрӣ мерасонанд ва ба Комитетҳои падару модарон дар
гузаронидани "Рузи волидайн" кӯмак мерасонанд.
Агар шумо майли иштирок кардан дар ин барнома дошта бошед, бо мо бо тамос бошед. Мо омодаи гузаронидани тренинг барои мудирони шумо ҳастем. Ба корҳоатон муваффақият мехоҳем!
Давомдории барнома
Менторон аз тренинги 2-руза гузашта, бо мавзӯъҳои зайл шинос мегарданд: "Менторинг
ва кори дукаса", "Рушди ҳаматарафаи мактаб", "ҳуҷатгузории мактаб". Баъди
гирифтани тренинг менторон дар муддати 10 руз дар мактаб ёрии менторӣ мерасонанд.
Барнома барои муаллимоне тайёр карда шудааст, ки ҳақиқатан рушди ҳаматарафаи
мактабро дидан мехоҳанд.