Бахши синфҳои болоӣ

<font face='Arial Unicode MS'>New Page 6

Барномаи Омӯзиши Сайёр

Барномаи Омӯзиши Сайёр барои омӯзгорон ва хонандагони синфҳои ибтидоии маҳалҳои дур воқеъгардида семинарҳоро пешкаш менамояд.
Мақсади асосии ин барнома шинос намудани омӯзгорон бо тарзи гузаронидани дарсҳои ҳамгиро ва як рӯзи шавқовар бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад. Барнома дар асоси як ҳикоя тартиб дода шуда, таълими фанҳои забон, математика, табиатшиносӣ, санъат ва меҳнатро дар синфҳои ибтидоӣ дар ҳамгироӣ меомӯзонад.
Омӯзгорон дар ҷараёни дарсҳои тайёрӣ барномаро тартиб медиҳанд, истифодаи методҳои интерактивӣ ва инчунин тайёркунии маводҳои арзон ва табииро ба таври амалӣ машқ мекунанд.
Шунавандагони ин барннома омӯзгорон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ,сарварони мактабҳо ва мушовирон шӯъбаҳои маориф мебошанд.