Имрӯз

Интишорот

Мутахассисони Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ дар баробари гузаронидани курсу семинарҳо дар таҳияи китобхои дарсӣ, дастурҳои методӣ нишондоду тавсия ва мақолаҳои методӣ, омӯзишу паҳнкунии таҷрибаи пешқадами педагогӣ низ саҳмгузор мебошанд. Дар тули панҷ соли охир бо кӯшиши мутахассисони Донишкада чунин китобхои дарсӣ, дастурхои методӣ, тавсияву мақолот ба чоп расидаанд:

Китобҳо
А. Додихудоев, Ф. Комилов, Н. Меҳмонов. Китоби дарсии 'Таълими асосҳои техникаи компютерӣ' дар синфи 10. Китоби мазкур дар асоси барномаи таълим барои синфи 10 тайёр карда шудааст. Он дар озмуни умумиҷумхуриявӣ ғолиб дониста шуда, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон барои чоп тавсия дода шудааст.
Хушназарова М., Имомёров О., Хосабеков А., Абдолбеков Г., Ҷоншоев И. Китоби дарсии 'Химия' барои синфи 10. Ин китоб ҳамчун китоби алтернативии дарсӣ таҳия шудааст;
Ҷонммирзоев Э., Пиров Х., Иматшоев Х., Қарабозов А., Саркоров С., Заргаров Ч. Китоби дарсии 'Алгебра' барои синфи 11. Ин китоби дарсӣ ҳамчун китоби алтернативӣ таҳия шудааст;
Дастурҳои методӣ доир ба барномаи таълимӣ барои тамоми фанҳо ва синфҳо. Дастурҳо бо ибтикори омӯзгорони эҷодкори мактабҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо бахши барномасозии ДТМК-и ВМКБ таҳия гардидаанд.  
Барномаи Менеҷмент ва Сарварӣ дар сохаи маориф. Дастур доир ба усулу роҳҳои гуногуну самарабахши идоракунӣ маълумот дода, барои сарварони мактабҳо ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Идоракунии молиявӣ. Ин дастур дар бораи роҳҳои гуногуни ғанӣ гардондани буҷаи мактаб ва дарёфти сарчашмаҳои ворид намудани маблағҳои иловагӣ маълумотҳоро дар бар гирифтааст;
Бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. Дар ин дастур қонун ва ҳуҷҷатхои зарурӣ барои бақайдгирӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон  гирд оварда шудаанд.
Ҷалб намудани ҷамоати маҳал ба шабакаи маориф. Дастури мазкур доир ба роҳу усулҳои ҷалби аҳли ҷомеа ба пешрафти корҳои мактаб ва ба маркази ҷомеа табдил додани мактаб маълумот медиҳад.
Луғати сезабона(англисӣ,русӣ,тоҷикӣ). Луғат барои омӯзгорон, мактаббачагон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Афсонаҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ. Дар китоб афсонаҳои халқӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ оварда шудаанд. Ин китобҳо ба кӯдакон имкон мебахшанд, ки аз синни хурдсолӣ забонҳоро дар муқоиса аз худ кунанд. Илова ба ин барои тадриси ин афсонаҳо барои омӯзгорон раҳнамо тайёр карда шудааст.
Рӯзномаи "Мӯнис"
Рӯзномаи 'Мӯнис' нашрияи ДТМК-и ВМКБ буда, аз моҳи маи соли 2004 баъди расман дар идораи адлияи ВМКБ аз қайд гузаштан моҳе як маротиба интишор мешавад. Аз моҳи сентябри соли 1997 то моҳи апрели соли 2004 дар Донишкада Варақаи ахборотӣ фаъолият дошт, ки бо кӯшиши ҳайати таҳририя маводҳои методиро дар саҳифахои худ ҷо медод. Бо ба рӯзномаи 'Мӯнис' табдил ёфтани варақаи ахборотӣ, теъдод, сафи муаллифон ва муштариёни он хеле афзуда, сифати он беҳтар ва доираи фарогириаш  хеле  васеъ гардид. Рӯзнома минбари озоду эҷодии омӯзгорон аст, ки дар саҳифаҳояш онҳо табодули таҷриба мекунанд, бо методҳои нави таълиму тарбия ва дастовардхои маорифчиёни ҷаҳон шинос мегарданд. Рӯзномаи 'Мӯнис' ба ҷуз мактабҳои ВМКБ ба мактабҳои такягоҳии водиҳои Рашту Хатлон дастрас карда мешавад. Рӯзнома бо дастгирии молиявии Бахши маорифи Фонди Огохон ва Очонсии Амрико оид ба рушд интишор мегардад.
Мақолаҳои илмӣ
Акобиршоева А. А., Наврузшоев Д. Растаниҳои шифобахши ноҳияи Рушон, ки дар тибби халқӣ истифода бурда мешаванд. Маводҳои     конференсияи байналхалқии 'Проблемаҳои    актуалии баландкӯҳҳои Осиёи Марказӣ'. 4-5 сентябр.Хоруғ. 2000. С.66-68.
Акобиршоева А.А. Барги зуф ва истифодаи он дар тибби халкии ноҳияи Рушон. Маводҳои конференғияи байналхалкии 'Проблемаҳои актуалии баландкуҳҳои Осиёи Марказӣ'. 4-5 сентябр. Хоруғ. 2000. С. 68-69.
Акобиршоева А. А. Ширинбияи уралӣ ва паҳншавии он дар ноҳияи Рӯшон. Маводҳои конференсияи байналхалқии  'Проблемаҳои актуалии баландкуҳҳои Осиёи Марказӣ'. 4-5 сентябр. Хоруғ. 2000. С. 69-80.
Мусоев С.М., Имомназаров Б. А., Акобиршоева А.А. Хусусиятҳои биоэкологиии баъзе намояндагони растаниҳои шифобахши водии  Шохдара ва захираи онҳо. Маводҳои конференсияи байналхалқии 'Инкишофи манотиқи кӯҳистони  Осиёи Марказӣ дар асри XXI' 24-26 август. Хоруғ. 2001. С.145-146.
Акобиршоева А.А., Наврузшоев Д. Натиҷаҳои аввалини интродуксияи растаниҳо дар шароити боғи набототи Помир. Маводҳои конференсияи байналхалқиии 'Инкишофи манотиқи кӯҳистони Осиёи Марказӣ дар асри XXI'. Хоруғ. 24-26 август. 2001. С. 105.
Акобиршоева А. А Таркиби намудии растаниҳои шифобахши ноҳияи Рӯшони ВМКБ. Маводҳои конференсияи дуюми байналхалқии   'Асосҳои экологии гуногунии биологӣ'. Душанбе. 24-25 июн. 2002. С. 16-17.
Акобиршоева А. А., Наврузшоев Д. Баъзе натиҷаҳои омӯзиши растаниҳои шифобахши ноҳияи Рӯшони ВМКБ   Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар маҷмӯаи: Захираҳои биологии Помир. Душанбе 2002. С.187-190.
Акобиршоева А. Наврузшоев Д. Қоидахои инкишофи сунбул дар шароити боғи набототи Помир. Ахбороти Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ. 2002,Серия 1,? 5 С. 167-170.
Акобиршоева А. А. Хусусиятҳои интродуксионии ширинбияи уралӣ дар шароити боғи набототи Помир. Маводҳои конференсияи III  байналхалқии 'Растанихо дар шароити муссон'. Владивосток. 22-25 октябр. 2003.
А. А. Акобиршоева, С. Мусоев. Истифодабарии пудина дар тибби халқии Бадахшон ва интродуксияи он дар шароити боғи набототи Помир. Маводҳои конференсияи илмӣ- амалии умумиросиявӣ: 'Ноҳияҳои кӯҳии Россия: дурнамои  инкишоф  дар асри XXI- рӯномаи асри 21' Махачкалъа. 2003 С192-194.
Акобиршоева А. Растанихои оилаи Rosaceae Juss , ки дар таҷрибаи тибби халкии ноҳияи Рӯшон барои табобати фишори  баланди хун истифода бурда мешаванд. Маърӯзаҳои Cимпозиуми ҷумҳуриявии 'Иқтисодиёт ва илми Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон: дирӯз, имрӯз ва фардо'. 25-27 майи соли 2005.
Булбулов Ҷ. Асосҳои назариявии тарбияи меҳнатӣ-техникии хонандагон. Маводҳои конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявии 'Асосҳои илмии тайёркунии кадрҳои педагогӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ'.25-26 октябр. 2000.
Булбулов Ҷ.. Муайян намудани асосҳои муҳимтарини фаъолияти маҳфилҳои техникӣ. Ахбори Донишгоҳи давлатии Хоруғ. Серияи 2 ? 1. 1999.
Булбулов Ҷ., Кодиров С. Элементхои тарбиявии фаъолияти кружокхои худфаъолияти. Aхбори Донишгохи давлатии Хоруғ. Серия 2 ? 1. 1999.
Ғуломнабиев Д. Помир -сарчашмаи беинтиҳои обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ. Маҷмӯаи тезисҳои конференсияи байналхалқии илмӣ-амали 'Помир - сарчашмаи обҳои тозаи Осиёи Марказӣ'. Хоруғ. 28-29 июн. 2003. С. 19.
Ғуломнабиев Д. Омӯзиши 'Харитаи сиёсии ҷаҳон'. (Барои синфи 9). Маърифат, ? 9-10. 2004. С44-47.
Парпишоев К. Нақши корҳои беруназсинфӣ дар ташаккули қобилияти маърифатии хонандагони синфҳои болои. Дар маҷмӯаи: Проблемаҳои рузмарраи беҳдошти таълиму тарбияи хонандагон дар шароити кунунӣ. Душанбе 2004.
Дастурҳо ва нишондодҳои методӣ
Аҳмадбекова Аъло. Истифодаи маводхои махал дар дарси санъат ва касбу хунар. Дар дастур тарзи тайёр кардани асбобҳои аёнӣ аз маводҳои махал ва истифодаи онҳо дар дарс нишон дода шудааст. Дастур инчунин корҳои педагогҳои бузургро оиди истифодаи ашҷёҳо дар дарс дар бар гирифтааст.
Бодуренова Мавчигул. Ташкили корхои касбинтихобкуни дар мактаб. Нишондод тарзи ташкили корҳои касбинтихобкуниро дар бар гирифтааст. Дар он нақши волидайн ва роҳбарони синфҳо дар ташкили корҳои касбинтихобкунӣ нишон дода шудааст.  
Ғуломнабиев Дилдор, Имомназаров - Табиат ва сарватҳои табии Бадахшон. Дар дастури мазкур оиди мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ, иқлим, обҳои дохилӣ,  олами наботот ва ҳайвоноти Бадахшон маълумоти пурра дода шудааст
Ғуломнабиев Дилдор. Таълимдихии фанни чугрофияи иктисодии малакатхои хоричи дар синфи 9. Дастур маълумотҳоро оиди харитаи сиесии ҷаҳон, масъалаҳои демографӣ, инкилоби илмӣ- техникӣ, проблемаҳои глобалии инсоният дар бар гирифтааст.  Дар дастур инчунин маълумотҳои иловагӣ ва таблисаҳо гирд оварда шудаанд
Додихудоев Анваршо. Microsoft Windows барои хонандагон, донишчуён ва шуруъкунандагони омузиш. Дастури мазкур барои макотиб, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳо, ки  дар фаъолияташон аз компютер истифода мебаранд, пешбинӣ шудааст. Вазифаи асосии ин дастур аз он иборат аст, ки он ба саволи чӣ хел ин ё он вазифаро дар компютер ҳал карда,     натиҷаи мушаххасро гирифтан мумкин аст, ҷавоб медиҳад.
Парпишоев Карам. Баъзе сахифахои таълими фанни таърих дар дабистонхо. Дар дастур баъзе саҳифаҳои фанни таърихи умумӣ нишон дода шудаанд. Дастури мазкур мавзуъҳоеро дар бар гирифтааст,  ки мувофиқи барномаи нави таълимӣ бояд дар макотиб таълим дода шаванд, вале   дар китобҳои дарсӣ мавҷуд   нестанд.
Хоников Шатут. Роҳҳои банақшагирӣ ва таҳлили дарсҳо дар баланд бардоштани сифати таълим. Дар дастурнамунаи таҳлили дарсҳо ва  накши он дар баланд бардоштани сифати таълим нишон дода шудааст.
Хушназарова Мавчуда. Пайвастагихои комплексӣ. Дар дастур маълумоти умумӣ доир ба пайвастагиҳои комплексӣ мафҳум, таърихи пайдоиш, номенклатура, хосиятҳои   физикавӣ ва химиявӣ, истеҳсол ва истеъмол оварда шудааст. Дар он инчунин методикаи таълими мавзӯъ, корҳои лабораторӣ ва намунаи ҳалли масъалаҳо нишон дода шудааст.
Ширинхонова Мохбиби. Барномаи таълим ва тарбия дар богчаи бачагон. Дастур маълумотҳоро оиди ҳифзи саломатии кӯдак, ҳамкории оилахо ва муассисаҳои томактабӣ, тарзи таълим дар кӯдакистонҳо дар бар мегирад.
Ҷонмирзоев Эраҷ. Материалҳои дидактикӣ аз алгебра барои синфи.
Дар дастури мазкур асосан намунаи корҳои мустақилона ҷамъ оварда  шудаанд. Доир ба ҳар як мавзӯъ на кам аз 5 - 6 мисол дода шудааст, ки он ба китобии дарсии 'Алгебра' барои синфи 7 мувофиқ аст.
Ҷонмирзоев Эраҷ. Материалхои дидактики аз алгебра барои синфи 8. Дар дастури мазкур асосан намунаи корҳои мустақилона барои синфи 8 ҷамъ оварда шудаанд.
Китобхона

Бо таъсис ёфтани Донишкада соли 2000-ум китобхона ба фаъолият шурӯъ намуд. Вай ҳамаги 518 адад номгӯи китобҳо дошт. Имрӯз китобхона дорои бештар аз 4200 китобҳои гуногун ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ мебошад. Ҳадафи асосии китобхона таъмин ва дастрас намудани китобҳо, даструҳои методӣ ва тавсияномаҳо барои омӯзгорон ва шунавандагони мактабҳои ВМКБ ва берун аз он мебошад. Теъдоди хонандагони китобхона бештар аз 1438 нафарро ташкил медиҳад.


2005 © Copyright ДТМК Хоруғ. Ҳама ҳуқуқҳо дар зери амният.  Ороиш ва дастгирӣ аз тариқи  Sarez Design Laroratory