Бахши мактабшиносии ДТМК барномаи трейнингро барои роҳбарони соҳаи маориф ва сардорони дигар идораҳо тайёр намудааст, ки баҳри сайқал додани маҳорати мудирият ва сарварии маъмурон равона карда шудааст.
Ибтидо
Ин барномаи Менеьменту Сарварӣ ҳамчун роҳнамо барои роҳбарони муассисаҳо
хизмат расонида, баҳри банақшагирию такмил додани кори муассиса ба онҳо кӯмак
мекунад. Инчунин, қобилияти сарварии онҳоро баҳри идоракунии муассиса дар
шароити ҳозира сайқал медиҳад. Ин намуди тренинг ба маъмурон хеле заруру
бамаврид буда, ба онҳо дар кор кардан бо фардиятҳою вазъиятҳои гуногун кӯмак
мерасонад. Инчунин, барои мустаҳкаму пойдор гардонидани муассиса ба мудирон ёрӣ
мерасонад.
Барнома аз 2 курс иборат мебошад: зинаи аввал (EMLTP 1), ки шунавандагонро бо
малакаҳои асосии илми идоракунии муассиса дар шароити имрӯза ошно месозад ва
зинаи дуввум (EMLTP 2), ки оиди малакаҳои илми идоракунӣ маълумоти чуқуртарро
медиҳад.
Давомдории барнома
Курси тайёр намудани тренерон то 15 рӯз давом меёбад. Лекин имконияти ташкил
додани курсҳои кӯтоҳмуддати 3 ё 5 рӯзаро низ вуьуд дорад.
Агар хоҳед, ки муассисаатон пурсамар кор кунад, бо мо бо тамос бошед. Мо
омодаи гузаронидани тренинг барои мудирони шумо ҳастем. Ба корҳоатон муваффақият
мехоҳем!
|
Курс дар мавзуи Идоракунӣ ва сарварӣ дар соҳаи маориф |
|
| Фарқият байни менеьеру сарвар | Динамикаи кори гуруҳ |
| Идоракунии муассиса | Ташкил ва равнақ додани коллективи пурсамар |
| Назарияи Х ва Y-и МакГрегор | Идоракунии таъғирот дар муассисаҳо |
| Мотиватсия | Раванди таъғирот |
| Идоракунии лаҳзаина | Гузаронидани тадқиқот |
| Сарварӣ мувофиқи вазъият | Модели тадқиқот дар рафти кор |
| Шаклҳои сарварӣ | Методҳои ьамъ намудани ахборот |
| Қабулу истифодаи ҳокимият | Модели ҳалли муноқишаҳо дар муассиса |
| Маданияти муассиса ва гуруҳ | Симои сарварӣ |
| Интиқоли ҳокимият | Маънои аслии назорат |
| Ташкили муносибатҳои босамар | Интизом ва идоракунӣ |
| Тарзи қабул намудани қарор | Стресс ва идоракунии муассиса |
| Идоракунии вақт | Фасилитатсия |
| Таҳаммулпазирӣ | Банақшагирии стратегӣ |
| Муомилот | Банақшагирии барномаҳо |