Барномаи трейнинг барои Идоракунии молиявӣ, буҷа ва омор дар мактабҳо
Бахши мактабшиносии ДТМК барномаи трейнингро барои маъмурони соҳаи маориф,
директорони мактабҳо ва муҳосибони мактабҳо тайёр намудааст, ки баҳри сайқал
додани маҳорати идоракунии молиявӣ, буьа ва омор равона карда шудааст.
Ибтидо
Курси Идоракунии молия ба директорони мактабҳо дар идора намудани молияи
мактабҳо, назорат аз болои рафти молияи мактаб ва тарзи навиштани ҳисоботҳои
оморӣ, инчунин ташкил намудани Иттиҳодияҳои Ҷамъиятӣ дар мактабҳо, бақайдгирии
ИҶ , тарзи навиштани бизнес-планҳо ва ба воситаи он ба даст даровардани пул ба
мақсади рушди маориф кӯмак мерасонад. Дар ин гуна тренингҳо иштирок намуда,
директорони мактабҳо ва дигар роҳбарон метавонанд молияи муассисаҳои худро боз
ҳам беҳтар идора намоянд.
Барнома аз 2 зина иборат мебошад: Идоракунии молиявӣ, буҷа ва омор дар мактабҳо
ва Идоракунии молиявӣ. Бақайдгирии
иттиҳодияҳои
ҷамъиятӣ.
Агар хоҳед малакаҳои нав оид ба идоракунии молиявиро пайдо кунед, бо мо тамос
гиред. Курси Идоракунии молиявӣ доимо барои хоҳишмандон омода аст. Барои иштирок
ба курсҳои мо шитобед! Ба шумо барори кор мехоҳем!
Давомдории барнома
Курси тайёр намудани тренерон то 15 рӯз давом меёбад. Лекин имконияти ташкил
додани курсҳои кӯтоҳмуддати 3 ё 5 рӯзаро низ вуҷуд дорад.
Барномаи курс барои маъмурони мактабҳо, муҳосибон, роҳбарони бахшҳо, иқтисодчиён
барои сайқал додани малакаи идоракунии молиявӣ тартиб дода шудааст.
|
Идоракунии молиявӣ, буҷа ва омор дар мактабҳо |
| Сарчашмаҳои асосии маблацгузории мактабҳо |
Идоракунии молияи мактаб |
| Банақшагирии буҷа дар мактабҳои таълимоти
ҳамагонӣ |
Таъмини менеҷменти молиявӣ
аз ахборот |
| Буҷаи мактаб |
Мувозинат ҳамчун ҳуҷати асосии молиявӣ |
| Рафти молиягуорӣ
дар мактабҳо |
Омор дар мактабҳо, шаклу ҳисоботҳои оморӣ |
| Тарзи ҳисобкунӣ
бо усули меъёрӣ |
Шаклу ҳисоботҳои молиявӣ |
| Музди меҳнати кормандони мактаб ва ташкили он |
Банақшагирии
стратегӣ |
| |
|
Идоракунии молиявӣ.
Бақайдгирии иттиҳодияҳои
ҷамъиятӣ |
| Сарқонун ва қонун дар бораи
ИҶ |
Фандрайзинг |
| Шаклҳои Иттиҳодияҳои
Ҷамъиятӣ |
Намуди фондҳо ва шаклҳои қарзҳои бебозгашт
(грант) |
| Оинномаи Иттиҳодияҳои
Ҷамъиятӣ Бақайдгирии
давлатии ИҶ ва пардохтҳои давлатӣ |
Тартиб додани лоиҳа ва принсипҳои навиштани
дархост |
|
|