Ҷалби ҷамоати маҳал ба шабаки маориф дар партави ба маркази ҷамоати маҳал табдил додани мактаб.
Бахши мактабшиносии ДТМК барномаи трейнингро дар мавзӯъи "ҷалби ҷамоати маҳал ба
шабакаи маориф дар партави ба маркази ҷамоати маҳал табдил додани мактаб" тайёр
намудааст.
Ибтидо
Курс ба боз ҳам зиёдтар ҷалб намудани ҷамоати маҳал ба соҳаи маориф, табдил
додани мактаб ба маркази ҷамоат, ҷалб намудани ҷамоати маҳал дар гузаронидани
мониторинги Фондҳои Ғайрибуҷавии мактабҳо, ҳамкории байни мактабу ташкилотҳои
гуногуни давлатию ғайридавлатӣ, инчунин тайёр намудани тренерон аз ҳисоби
одамони маҳал, ки дар оянда метавонанд дар маҳалҳо чунин семинару курсҳоро
гузаронанд, равона карда шудааст.
Тренинг инчунин ба шунавандагон дар такмил додани донишу маҳорат баҳри равнақ
додани муасисаашон ба воситаи дастгирии аҳли ҷомеа кӯмак хоҳад расонд.
Барои гирифтани маълумоти пурратар бо суроғаи зерин бо мо тамос гиред.
Ба шумо барори кор мехоҳем!
Давомдории барнома
Курси тайёр намудани тренерон то 15 рӯз давом меёбад. Лекин имконияти ташкил
додани курсҳои кӯтоҳмуддати 3 ё 5 рӯзаро низ вуҷуд дорад.
Барномаи курс барои директорони мактабҳо, ҷонишинони директорон, раисони
комитети падару модарон, лидерону намояндагони ҷамоати маҳал тартиб дода шудааст.
| Нақш ва вазифаҳои комитетҳои падару модар |
Роҳҳои самараноки омӯзиш |
| Чиро ҷамоат меноманд? |
Фарқияти байни пул ва фонд. Зарурияти пул
(фонд). Фонди ғайрибуҷавӣ чист? |
| Ба маркази ҷамоат табдил додани мактаб |
Ташкили фонди ғайрибуҷавӣ.Стратегияи ташкили
фонди ғайрибуҷавӣ |
| Барномаи омӯзиши ҷамоати маҳал. Омӯзиши
муттасили калонсолон |
Тақсимоти фонди
ғайрибуҷавӣ барои амалӣ намудани тадбирҳои таълимии мактаб |
| Иштироки аҳли ҷамоат дар қабул намудани қарорҳо |
Истифодабарии маблағи фонди ғайрибуҷавӣ. Тақсимоти фонди
ғайрибуҷавӣ барои амалӣ намудани тадбирҳои таълимии мактаб |
|
Ташаккул додани ҳисси масъулиятнокӣ ва худэҳтиромкунӣ дар кудакон |
Системаи оддии ба ҳисобгирии маблағи
ғайрибуҷави.
ҳисоботҳои фонди
ғайрибуҷавӣ(молиявӣ, инвентарӣ ва
ғайра) |
|
Оинномаи Ташкилоти деҳотӣ |
Машқҳои амалӣ оид ба ҳисобу китоби фонди
ғайрибуҷаӣ |
|
Инкишофи маҳорати фикронӣ |
Банақшагирии стратегӣ. Тартиб додани бизнес
планҳо |
|