Тренинг барои омузгорони соҳибмаълумот ва навкор

Ибтидо

Бахши синфхои ибтидоии ДТМК курс тренингро барои омузгорони сохибмаълумот ва навкор тайёр намудаст, ки максади он баланд бардоштани махорати педагогӣ ва методии омузгорон ва шинос намудани онхо бо усулхои навтарини таълиму тарбия аз тачрибаи педагогу равоншиносони мамолики шарк ва гарб иборат мебошад. Барномаи курсу семинархо асосан мавзухои гуногуни сохаи таълиму тарбия дар синфхои ибтидои, таълими забони точики, англиси, олмони, руси ва форси, риёзи ва табиатшиноси, санъат ва касбу хунар, инчунин сохахои равоншиносӣ, педагогика ва методикаи таълимро халу фасл менамояд. Дар курсхо имконияти кор бо барномаи таълими, гани гардондани барномаи таълими ба воситаи тайер намудани китобхои бачагона, тайер намудани асбобхои айни (никобхо, тайер намудан ва истифодаи лухтакчахо дар дарс) ва дигар намуди маводхои камарзиш, хакикии дар табиат мавчудбуда доир ба забон, математика, табиатшиноси ва санъат ва касбу хунарро пешкаш менамояд. Мазмуну максадхои барномаи курсхо ба модулхои зерин чудо шудаанд:

Cеминархои 3-руза ва 6-рузабарои мудирони кабинети методи, мушовирон ва рохбарони иттиходияи методи (тренерон) ва курсхои 12-руза ва 18 руза доир фаннхои дар боло зикр шуда ташкил мешаванд. Дар барномаи курсхо саехатхои максаднок ба чойхои таърихи чой дода шудаанд.

Агар хохед махорати касби хешро баланд бардоштан ба сурогаи мо мурочихат кунед. Мо хамеша омодаи хизмати хохишмандон хастем. Пируз бошед!

Курс барои омузгорони синфхои ибтидои оид ба усулхои фаъоли таълим.

Мазмун ва мундаричаи курсхо

1. Педагогика

Инъикоси омӯзиш

2. Психология

Инкишофи психиологии кӯдак

Намудҳои гуногуни дарккунӣ
Тайер кардан ва истифодаи самараноки асбобҳои аёнӣ
Методика
Ахамияти гурухбанди
Саволгузорӣ
Аҳамияти саволгузорӣ
Ба нақшагирии дарс
Таҳлили дарсҳо
Методикаи таълими забон
Фаъолиятҳои амалӣ оид ба хониш
Фаъолиятҳои амалӣ оид ба имло
Таълими овоз, ҳарф, садонок ва ҳамсадо
Лугатомузи
Мавқеи бозиҳои таълими дар дарс
Зарурияти таълими ҳамгирои забон
Баҳогузорӣ ва санҷиш
Тарзи баҳогузорӣ ва санҷиш
Сохтани китобчахои бачагона
Хикоя ва афсонагуи
Курс оиди таълими математика
Методикаи таълими математика
Нумератсия
Методикаи таълими чор амали арифметикӣ
Методикаи таълими масъалаҳои математикӣ
Методикаи таълими бузургиҳо
Методикаи таълими муодилаҳо дар синфҳои ибтидоӣ
Методикаи таълими разрядҳо
Усули таълими шаклхои геометри (чоркунҷа, росткунҷа, квадрат, секунҷа вабисёркунҷа)
Таълими хисса
Бозиҳои дидактикӣ дар таълими математика ва аҳамияти онҳо
Рохои фаъолгардонии хонандагон дар таълими фанни математика
Баҳогузорӣ ва санҷиш
Тарзи баҳогузорӣ ва санҷиш
Cеминар барои рохбарони иттиходи методи
Пурсамар гузарондани чамъомадхои иттиходияи методи
Тартиб додани накшаи чамъомадхои иттиходияи методи
Ташкили шаклхои коллективонаи корхои методи
Банакшагири ва гузарондани семинар
Роху усули фасилитасия
Мотиватсия
Мушохида ва тахлили дарс
Навиштани хисобот