Бахши синфҳои болоӣ курсҳои зеринро мегузаронад:
Курсҳои модулӣ - курсҳои кутоҳмуддати 4- рӯза буда, дар тули 3 сол давом
мекунанд. Дар ҷараёни курс ҳар як шунаванда мавзӯи муайянро интихоб наиуда, аз
рӯи он тадқиқот мегузаронад.
Курсҳои кутоҳмуддати 3-6 рӯза барои роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, ки асосан
такмили маҳорати банақшадарорӣ, фасилитатсия ва гузаронидани тренингро дар бар
мегиранд
Курсхои 15 - руза ва 18- руза барои омӯзгорони фаннӣ оиди методика, педагогика
ва психологияи муосири таълими фан, дониши фаннӣ ва меъёрхои ҳуқуқии соҳаи
маориф, ки дар асоси талабот ва ниёзи омӯзгорон ташкил карда мешаванд
Курсҳои ғоибона - ин курсҳо шартномавӣ буда, дар асоси дархости хоҳишмандон
ташкил карда мешаванд.
Барномаи курсу семинарҳо аз чунин қисмхо иборатанд:
1. Аснодхои меъёрии соҳаи маориф:
Қонуни Чумхурии Тоҷикистон 'Дар бораи маориф';
Консепсияи миллӣ ва стандарти давлатии маълумоти мактабҳои таҳcилоти умумии
Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Таҳлили нақша, барномаҳои таълимӣ ва китобхои дарсӣ барои синфхои 5-11.
2. Педагогика, методика ва равоншиносӣ
Бахши мазкур шунавандагонро бомасъалаҳои педагогика, психология ва методикаи
таълими интерактивии ҳар як фан шинос менамояд. Ба шунавандагон чунин мавзӯъҳо
пешкаш мегарданд:
Моҳияти асосии фанни педагогика;
Мафҳуми асосии равандҳои таълиму тарбия;
Шаклҳои коллективонаи корҳои методӣ, нақшаи худомузӣ, маҳфилҳои фаннӣ,
кабинетҳо, таҷҳизонидан ва ғайраҳо;
Дарс ва шаклҳои фаъоли он;
Усулҳои тайёр ва оқилона истифода намудани воситаҳои аёнӣ;
Хусусиятҳои психологии наврасон;
Фаъолияти таълимии наврасон;
Малакаи муаррификунӣ ё баромад;
Методи таълими интерактивӣ;
Шарҳи мухтасари роҳҳои интихоб намудани шакл, усул ва методҳои таълим;
Намунаи тавсияҳои методӣ барои таҳия намудани нақшаи дарсӣ;
Дарсхои гайристандартӣ;
Асосхои дидактикӣ ва методикаи дарси муосир;
Усулҳо, методҳо ва роҳҳои таълим;
Гуруҳбандӣ ва кори гуруҳӣ;
Нақши шаклҳои коллективонаи корҳои методӣ дар баланд бардоштани маҳорати
касбии омӯзгорон;
Истифодаи бозиҳо дар дарс;
Роҳҳои ҳавасмандкунии хонандагон;
Роҳҳои саволгузорӣ;
Инъикоскунӣ;
Санчиш ва баҳодиҳӣ;
Идора намудани синф;
Баҳои коструктивӣ ва қабули он;
Шаклҳои коллективонаи корҳои методӣ, нақшаи худомузӣ, нақшаи маҳфил, нақшаи
кабинети фаннӣ , таҷҳизонидани он ва ғайраҳо;
Мушоҳидаи дарс ва таҳлили он
Таълими ҳамгиро дар омӯзиши забон ва адабиёт;
Корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ.
Илова ба ин ба барномаи курсҳо методикаи таълимӣ мавзӯъхое, ки дар барномаи
таълимии ҳар як фан дода шудааст, дар асоси ниёз ва талаботи омӯзгорон дохил
карда мешаванд. Инҳо асосан мавзӯъҳое мебошанд, ки омӯзгорон барои гузаронидани
онҳо мушкилӣ мекашанд, ё ки дар бораи онҳо ахбороти пурра надоранд.