<font face='Arial Unicode MS'>New Page 6

Барномаи Таълиму Тарбияи Тандурустӣ (БТТТ)
Барномаи мазкур мактабҳо ва дигар муассисаҳои маорифро бо роҳҳои асосии муҳофизати саломатӣ шинос менамояд.
Дар гузаронидани семинарҳо духтурон, ҳамшираҳои тиббӣ ва дигар коркунони тиб саҳм мегузоранд. Онҳо ба шунавандагон ахбори муҳимро оид ба муҳофизати саломатӣ ва пешгирии касалиҳои сирояткунанда, гигиена, расондании ёрии аввалини тиббӣ, ғизои солим, балоғат, ВИЧ/СПИД , зарари тамокукашӣ, нашъамандӣ ва арақхӯрӣ ба саломатии инсон пешкаш мекунанд.
Баъди гузаронидани як қатор семинарҳо барнома тренеронро тайёр менамояд, ки онҳо минбаъд дар маҳалҳо бо омӯзгорон, хонандагон ва аҳли ҷомеа оид ба паҳнкунии ахборот кор мекунанд.

Клуби тандурустӣ
Ташкил намудани клуби тандурустӣ давоми барнома маҳсуб ёфта, он ба ҷалбкунии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ ба барномаи ҳифзи саломатӣ равона карда шудааст. Клуби тандурустӣ чунин чорабиниҳоро ба монанди ташкил намудани саҳнача/драма, полезкорӣ, навиштани мақолаҳо, расмкашӣ, шинондани дарахт, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ғайра барои мактаб ва аҳли ҷомеа ташкил менамояд. Клуб 7 нафар аъзо дошта, дар давоми 10 моҳ фаъолият мекунад.

Гигиенаи мактаб
Шӯъбаи мазкури барномаи БТТТ азнавсозӣ ва таъмири ҳоҷатхонаҳоро дар ҷойҳои эҳтиёҷманд, таъмини мактабҳо бо воситаҳои дастшӯӣ дар бар мегирад. Ҳоҷатхонаҳои мактаб бо ҳамкорӣ ва ёрии бевоситаи аҳли ҷамоат сохта ё таъмир карда шуданд.